Абдумалик Баҳорӣ шоири саршинос ва намоишноманависи барҷастаи тоҷик аз олам даргузашт. Ҷанозаи ӯ имрӯз дар шаҳри Душанбе доир шуд. Баҳорӣ барандаи ҷоизаи Рӯдакӣ ва Шоири халқии Тоҷикистон аввалин нависандаи асарҳои афсонавӣ - тахайюлӣ дар адабиёти тоҷикӣ буд.
Абдумалик Баҳорӣ, соли 1927 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи бофанда ба дунё омада ва соли 1946 факултаи адабии Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинободро хатм намудааст.
Ӯ аз соли 1951 дар рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» ба сифати муҳаррир, сипас мудири шӯъбаи адабиёт ва муовини муҳаррири рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ», баъдан дар вазифаи муҳаррири маҷаллаи «Садои Шарқ» кор намудааст.
Асарҳои илмӣ - тахайюлии «Хавфи духтур Мансур», «Занбӯри айнакдор», «Ғароиботи Нодар», «Бозгашт», «Санбул», «Савораҳои навҷавон», «Фирори ассистент» мухлисони зиёде пайдо карда буданд ва ба чандин забони дунё тарҷума шудаанд.
Вай нависандае буд, ки пеш аз зуҳурашон телефонҳои ҳамроҳ ва эҳтимоли "клон" кардани инсонро пешгӯӣ кард.
Абдумалик Баҳорӣ унвони Шоири Халқии Тоҷикистонро ва ҳамчунин ҷоизаи ба номи Рӯдакиро дошт.
Гулназар, шоири тоҷик мегӯяд, ки Баҳорӣ аз бунёдгузорони жанри фантастика адар адабиёт буд ва ҷойгоҳи хосе дар адабиёти муосири тоҷик дорад.