Дархости такрории боздошти муассиси "Wikileaks"

Ҷулиан Ассанҷ, муассиси сомонаи интернетии WikiLeaks

Мақомоти Шветсия бораи боздошти муассиси WikiLeaks дастури нав ироа кардаанд. Онҳо ба ин васила мехоҳанд, иштибоҳ дар дастури пешинро ислоҳ кунанд. Полиси Бритониё мегӯяд, ки ба далели иштибоҳ дар дастур, наметавонад муассиси WikiLeaks-ро боздошт намояд.

Иштибоҳе, ки садди роҳи боздошт шуд


Хабаргузориҳо навиштаанд, ки айни ҳол Ҷулиан Ассанҷ, муассиcи сомонаи интернетии WikiLeaks дар қаламрави Бритониё ба сар мебарад ва полиси кишвар дар бораи макони буду боши ӯ иттилоъи дақиқ дорад. Ва аммо бар асари иштибоҳ дар дастури боздошти Ассанҷ, ки мақомоти Шветсия роҳ додаанд, кормандони полис аз имкони боздошти муассиси маъруфтарин сомонаи интернетии имрӯз маҳруманд.

Ба гуфтаи полиси Шветсия, мақомоти Бритониё хостори дақиқ кардани ҳама муҷозот барои ҷиноёте шудаанд, ки Ассанҷ дар онҳо айбдор мешавад. Дар дастури пешин, фақат шадидтарин ҷазо барои сангинтарин ҷинояти содиркардаи Ассанҷ сабт шуда, додситонии Шветсия зикр кардани муҷозот барои дигар ҷиноётеро, ки ӯ муттаҳам мешавад, “фаромӯш карда буд”.

Пойфишории Шветсия барои боздошту истирдоди Ассанҷ

Муассиси WikiLeaks бар пояи аризаи ду хонум дар таҷовуз ба номус ва дастдарозӣ гумонбар мешавад. Ахиран Интерпол бар асоси дархости мақомоти Шветсия, Ҷулиан Ассанҷро мавриди кофтукоби байнулмилалӣ қарор дод. Дар ҳамин ҳол Биерн Ҳюртиг, вакили дифоъи Ассанҷ дар Шветсия хабар дод, ки фарди зери ҳимояаш ба истирдоди эҳтимолӣ аз Бритониё ба Шветсия комилан мухолиф аст. Ҳюртиг аз тасмими Додгоҳи Олии Шветсия, ки дастури боздошти Ассанҷро содир кардааст, изҳори норозигӣ намуд. Ахиран Додгоҳи Олӣ талаби вакили дифоъ барои бознигарии ҳукми боздошти муассиси WikiLeaks-ро рад кард.

Ассанҷ: таъқиб – интиқом барои фошгӯист

Ассанҷ иттиҳоми таҷовуз ба номуси занон ва дастдарозӣ ба онҳоро қатъӣ рад мекунад. Ӯ мегӯяд, ки таъқибу фишор болои ӯ - вокуниш ба нашри асноди сиррӣ дар сомонаи WikiLeaks мебошад.

Ин ҳафта WikiLeaks беш аз 250 ҳазор асноди сиррии дипломатии амрикоиро нашр кард. Вокуниш ба ин мукотибаи дипломатӣ гуногун аст – бештари сиёсатмадорон фошгӯиҳои WikiLeaks-ро нодида мегиранд. Ва аммо ба гуфтаи коршиносон, бархе аз ин номаҳо метавонанд боиси моҷароҳои ҷиддии сиёсӣ шаванд. Онҳо, аз ҷумла, ба номаи сафири ИМА дар Кобул Карл Эйкенберрӣ ишора мекунанд, ки дар он раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай “ҷунунӣ”, “заъиф” ва “басо шармгин” номида шудааст.

Дар яке аз санадҳо, дипломати амрикоӣ Карзайро дар он айбдор кардааст, ки оддитарин принсипҳои давлатдориро намедонад. Дар нома фасоди мақомоти давлатӣ дар Афғонистон чун як ҳодисаи маъмулӣ арзёбӣ шудааст. Дар мукотиба аз вазирони ҳукумати Афғонистон ҳам ёдоварӣ шудааст – ба иттилоъи сафири Амрико дар Кобул, вазири кишоварзии Афғонистон ягона мансабдори воломақом аст, ки дар ришвату фасод даст надорад.