Радди номзадии Текебоев ба мақоми раиси порлумони Қирғизистон

Вакилони парлумони нави Қирғизистон номзадии раиси ҳизби “Ота-Макон” Омурбек Текебоев ба мақоми раиси Жогорку Кенешро рад карданд. Барои интихоби ӯ се овоз камӣ кард. Мақоми раиси парлумон барои Текебоев яке аз созишҳое буд, ки дар музокироти раҳбарони Эътилофи ҳизбҳои “Ору номус”, “Ота-Макон” ва сотсиал-демократӣ ҳосил шуда буд.
Интихоботи парлумонии Қирғизистон рӯзи 10 октябр баргузор шуда буд. Аз 29 ҳизби сиёсии кишвар фақат панҷ ҳизб раъйҳои заруриро соҳиб ва вориди парлумон шуданд.