Ин дар ҳолест, ки муассисони "Имрӯз News" зимни тайиди аз кор рафтани Раҷаби Мирзо аз ҳар гуна шарҳи сабабҳои ин иқдом худдорӣ кардаанд.
Чопи «Имрӯз News» - танҳо нашрияе, ки ба гуфтаи ноширонаш, ба сурати рӯзнома ба теъдоди 3000 нусха мунташир мешуд, аз ҳафтаи гузашта ба ин сӯ, мутаваққиф шуда буда буд.
Муассисони ин «Имрӯз News» сабаби нашр нашудани рӯзномаро вобаста ба мушкилоти молӣ унвон кардаанд. Аммо дар айни ҳол бархе аз соҳибназарон вуҷуди фишорҳои сиёсиро низ дар пеш омадани ин ҳол сарфи назар намекунанд. «Имрӯз News» аз аввали моҳи сентябр ба фаъолияти худ оғоз карда буд.
Рустами Ҷонӣ, яке аз соҳибимтиёзони ин нашрия мегӯяд, ки сабаби нашр нашудани «Имрӯз News» танҳо ба мушкилоти молӣ вобаста аст ва ҳеҷ ангезаи дигаре надорад.
Оқои Ҷонӣ мегӯяд, феълан тадобири барои аз саргирии нашри рӯзномаи рӯи даст гирифта шуда ва ба маҳзи ҳал шудани мушкили молӣ нашри «Имрӯз News» аз сар гирифта хоҳад шуд.
Ҳанӯз се моҳи қабл, дар оғози нашри «Имрӯз News» сардабири он Раҷаби Мирзо гуфта буд, ки барои чопи рӯзнома аз бонк маблағ дарёфт кардаанд. Аммо аз он бонк ном бурда намешуд.
Раҷаби Мирзо, ки дар гузашта сардабири нашрияи "Рӯзи нав" буд ва дар соли 2004 баста шуд, акнун ба думболи қатъи ҳамкорӣ ва робита бо «Имрӯз News» гуфтааст, машғули истироҳат аст.
Ӯ дар соли 2004 ба думболи талошҳои номуваффақ барои аз саргирии рӯзномааш, ба Ҳизби демократии Тоҷикистон пайваст ва ба унвони раиси созмони ҲДТ дар шаҳри Душанбе машғули муборизаҳои ҳизбӣ шуд.
Аммо баъдтар, ба ҳайси муҳаррири радиои "Имрӯз" мансуб, шуд, ки гуфта мешавад, ба гурӯҳи "Ориёно медиа" ва аз афроди наздик ба роҳбарияти "Ориёнбонк" мутааллиқ аст.
Ин дар ҳолест, ки аз ду моҳ ба ин сӯ, чанд ҳафтаномаи дигар ҳамчунон мушкили нашр доштанд. Ва то кунун комкон мушкили нашри яке аз он ҳафтаномаҳо - "Фараж" ҳамчунон боқӣ мондааст.
Раҷаби Мирзо дигар масъулияти сардабирии "Имрӯз News", танҳо рӯзномаи Тоҷикистонро бар ӯҳда надорад. Ӯ мегӯяд, робитаи кории худ бо "Имрӯз News" -ро қатъ кардааст, аммо аз шарҳи бештари ин иқдом худдорӣ мекунад. "Имрӯз News" аз ду моҳ ба ин сӯ, ба сурати ҳаррӯза нашр мешуд.