Мусобиқоти Лигаи олии футболи Тоҷикистон анҷом ёфт

Мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ ба анҷом расид. Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони нави Тоҷикистон дар бозии охирини мусобиқот бар тими «Вахш»-и Қӯрғонтеппа, барандаи медалҳои биринҷӣ, бо ҳисоби 1- 0 ғалаба кард.
Ин бозии мавқуфмондаи даври 24-уми мусобиқот 27-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуд. Голро Дилшод Восиев, нимҳимоятгари “Истиқлол”, дар дақиқаи 21-ум аз ҷаримаи 11-метра ба ҳадаф расонд.

Ба ин тартиб дастаи “Истиқлол”, ки дар 26 бозӣ пирӯз шуда, 6 бозиро бо натиҷаи мусовӣ анҷом дод, бо 84 имтиёз мақоми аввалро касб кард ва соҳиби медалҳои тиллои мусобиқот шуд.

Воқеъан,“Истиқлол” (сармураббиаш Олимҷон Рафиков) ягона дастаест, ки бохт надорад. Бояд тазаккур дод, пас аз 10 сол (соли 2000-ум дастаи “Варзоб”-и Душанбе ғолиби сабқати Лигаи олӣ шуда буд) ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон боз тими шаҳри Душанбе даст ёфт.

Дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода (сармураббиаш Маҳмадҷон Ҳабибуллоев), ки аз рақиби аслиаш 13 имтиёз камтар гирифт, мисли мусобиқоти соли гузашта бо медалҳои нуқраи мусобиқот мукофотонида хоҳад шуд.

Дастаи “Вахш”-и Қӯрғонтеппа (сармураббиаш Аслиддин Ҳабибуллоев), қаҳрамони порсолаи Тоҷикистон, дар мусобиқоти имсола ҷои саввумро соҳиб шуд ва дар соли ҷашни 50-солагиаш бо медалҳои биринҷӣ сарфароз мешавад.

Пас аз анҷоми бозии “Истиқлол” – “Вахш” Сӯҳроб Қосимов, раиси Федеросиюни футболи Тоҷикистон, Ҷоми қаҳрамониро ба Юсуф Рабиев, капитани дастаи “Истиқлол” супурд. Дар воқеъ, Юсуф Рабиев, беҳтарин голзани мусобиқоти имсола (вай ҳамагӣ 30 гол задааст) гардид. Инчунин, Юсуф Рабиев ва Рустам Хоҷаев , капитани “Вахш”, ки беҳтарин бозигарони қувваозмоии охирин дониста шуданд, бо тӯҳфаҳои бошгоҳи футболи “Истиқлол” (телевизор) сарфароз шуданд.

Дар охири маросим Юсуф Рабиев ва Рустам Хоҷаев таҳти садои Суруди миллӣ Парчами Тоҷикистонро, ки дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе 7 моҳ пеш, дар маросими ифтитоҳи мусобиқоти имсола, барафрохта шуда буд, фароварданд. Бо ҳамин 19-умин давраи мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ ба анҷом расид.

Мавсими футболи соли 2010 бо мусобиқоти байнулмилалӣ барои дарёфти Ҷоми Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки нимаи дуввуми моҳи январ дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия доир хоҳад шуд, оғоз мешавад. Тоҷикистонро ин дафъа дар ин мусобиқоти анъанавӣ дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони ҷадиди кишвар, барои аввалин бор намояндагӣ хоҳад кард.

ҶАДВАЛИ ҶАМЪБАСТИИ МУСОБИҚОТ

Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1.

«Истиқлол»

32

26

6

0

76-17

84

2.

«Регар-ТадАЗ»

32

22

5

5

81-24

71

3.

«Вахш»

32

16

8

8

42-27

56

4.

«Хайр»

32

16

6

10

59-42

54

5.

«Энергетик»

32

12

4

16

41-44

40

6.

ССКА «Помир»

32

9

10

13

35-51

37

7.

«Хуҷанд»

32

8

8

16

42-58

32

8.

«Парвоз»

32

6

6

20

35-73

24

9.

«Равшан»

32

1

3

28

18-95

6



Голзанҳои беҳтарин: Юсуф РАБИЕВ («Истиқлол») – 30 гол, Давронҷон ТУХТАСУНОВ (ССКА «Помир»/«Регар-ТадАЗ») – 18, Обидҷон ИСМОИЛОВ («Хайр») – 17.