Порлумони Тоҷикистон тарҳи қонун дар бораи ситонидани молиёти седарсадии аксизӣ аз истифодаи телефонҳои мобилӣ ё ҳамроҳро пас аз баҳси тӯлонии намояндагони мардумӣ ба тасвиб расонд.
Азбаски ин масъала ба бархӯрди шадиди бархе аз намояндагони мардумӣ рӯбарӯ шуд, ин қонун ба ин шарт ба тасвиб расид, ки давлат талош кунад то қимати нархномаҳои хизматрасонӣ барои телефонҳои ҳамроҳ аз сӯи ширкатҳои телефонӣ боло бурда нашавад.
Андозро кӣ мепардозад: муштарӣ ё ширкат?
Дар сурати ғайр, раиси порлумон гуфт, ки пас аз се моҳ ба ин масъала бархоҳанд гашт. Шукурҷон Зуҳуров, раиси парлумон аз фаъолияти раиси кумитаи иқтисод ва молияи парлумон ва Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молия интиқод кард, ки норӯшаниҳо дар ин қонунро рӯшан накарда бо раисони ширкатҳои телефони мобил дар ин бора ба тавофуқ нарасидааанд.
Ҷаноби Зуҳуров афзуд: «Се фоиз зиёд шудани андозбандии аксизӣ ширкатҳои мобилиро водор месозад нархнома ё таруфаҳои худро баланд бардоранд. Агар бо ширкатҳои мобилӣ ба тавофуқ бирасед, ки ин се фоизро аз ҳисоби даромадҳои худ пардохт кунанд хуб мешавад ва дар сурати ғайр, ин се фоизи андози аксизӣ аз ҷайби мардум ба будҷа ворид хоҳад шуд, ки дар сол беш аз 30 миллион сомониро ташкил медиҳад. Агар кор ба ҳамин шакл сурат бигирад, мо се моҳ пас ба ин масъала пас хоҳем гашт»
Раиси парлумон аз вазири молия пурсид, ки ба кадом роҳ онҳо талош хоҳанд кард то ширкатҳои телефонҳои мобилӣ нархномаҳои худро боло набаранд. Сафаралӣ Нажмуддинов дар посух гуфт:
« Ин кор аз ҷониби хадамоти зидди инҳисории давлат бо тасдиқи нархномаҳо анҷом дода хоҳад шуд, зеро ин хадамот ҳаққ дорад воқеъияти нархномаҳоро баррасӣ карда баъд тасдиқ кунад.»
"Андозбандӣ ба будҷаи хонаводаҳо таъсир нахоҳад гузошт"
Дар ҳамин ҳол Ҷумъахон Давлатов, мушовири раиси ҷумҳур ва намояндаи раиси ҷумҳур дар парлумон эҳтимоли болоравии нархномаҳои ширкатҳои телефони мобилро рад накард вале тазмин дод, ки се дар сади андози аксизӣ ба будҷаи хонаводаҳо таъсир нахоҳад гузошт. Ҷаноби Давлатов афзуд:
«Кӯшиш карда мешавад дар минбаъда ин маблағҳо аз ҳисоби даромади худи ширкатҳои мобилӣ ҷуброн карда шавад. Мо ташвиши вакилони мардумиро мерасонем ва ин масъала таҳти назорати қатъии мо қарор мегирад. Зеро эҳтимоли болоравии нархномаҳо вуҷуд дорад. Мо талош хоҳем кард, ки ин ба будҷаи хонаводаҳо таъсир накунад.»
Аммо Ғафур Эркаев, раиси Ассотсиатсияи ширкатҳои телефонии ҳамроҳ ба ин назари намояндаи раиси ҷумҳур ва вазири молия розӣ нест.
Норозигии ширкатҳои мобилӣ аз қонуни ҷадид
Вай гуфт, ки қонун дар бораи роҳандозии аксизи сефоизаро шунида аст, вале ҳеҷ ниҳоди давлатӣ, на вазири молия ва на кумитаи иқтисоду молияи парлумон ин мавзӯъро бо ширкатҳои мобилӣ баррасӣ накардаанд.
Ҷаноби Эркаев таъсири ин андоози аксизӣ ба муштариёнро радд накард ва гуфт : «Ҳеҷ як ширкати хусусӣ бар зарари худ кор намекунад. Дар ҳоле, ки таруфаҳои хизматрасонӣ, барқ, маводи сӯхт, нақлиёт ва ғайра боло рафтааст. Ман дар ҳоли ҳозир гуфта наметавонам, ки қиммати таруфаҳои мобилӣ то чи андоза боло хоҳад рафт, зеро ин кор таҳлилу баррасӣ мехоҳад. Дар Тоҷикистони мо одат шудааст, ки бидуни машварат ва баррасиву таҳлил қонунро тасвиб мекунанд ва баъд машварат карда роҳи ҳалли онро меҷӯянд. Ин қонуни тасвибшуда аз сӯи парлумон ба қонун дар бораи ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунанда мухолифат дорад ва ин воқеӣ нест.»
Ба гуфтаи вазири молия, роҳандозии андози аксизии сефоиза ба давлат имкон медиҳад солана 30 миллиону 400 ҳазор сомонӣ ба будҷа ворид шавад, ки ин маблағҳо ба гуфтаи вазир, барои коҳиши мизони камбизоатӣ равона хоҳад шуд.
Ин дар ҳолест, ки ба ақидаи коршиносон, роҳандозии ин қонун танҳо имкон дорад ин се фоизи андози аксизӣ аз ҷайби дорандагони телефонҳои ҳамроҳ ситонида шавад, зеро талаби қонун ҳамин аст.