Имрӯз, 24-уми ноябр, бо ибтикори раёсати ҷавонон, варзиш ва саёҳии шаҳри Душанбе, бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон веломарафон ё пойгаи дучархасаворӣ баргузор шуд. Ин чорабинии оммавии варзишӣ дар ҳамкорӣ бо барномаи рушди СММ сурат гирифт.
Дилшод Қурбонов, сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе, ба радиои Озодӣ гуфт: «Чорабинии мазкур дар ҳамкорӣ бо барномаи рушди Созмони Миллали Муттаҳид бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни ҷавонон, оммавӣ гардидани навъи варзиши велосипедронӣ ба хотири кам кардани партовҳои гози гулхонаӣ ва истифодаи воситаҳои нақлиётии аз лиҳози экологӣ безарар, гузаронида шуд».
Веломарафон масофаи 21 километрро дар бар гирифт. Хатсайри пойга аз хиёбони Ҳофизи Шерозӣ (назди Корхонаи воҳиди давлатии «Ипподром») шурӯъ шуда, то постгоҳи Бозрасии давлатии автомобилии «Чорбоғ» идома кард. Самти бозгашт - хиёбони Рӯдакӣ - хиёбони Исмоилӣ Сомонӣ - Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ буд.
Иштирокдорони веломарафон, ки синнашон аз 16-сола болост, бо либосҳои варзишӣ нишонаҳои рамзи Парчами миллиро таҷассум карданд.
Сокинони шаҳри Душанбе Ринат Ботершин ҷои аввал, Баҳром Шодиев ҷои дуввум ва Дмитрий Сангинов ҷои савумро касб намуданд.
Кумитаи тадорукоти веломарафон ғолибони пойгаро бо тӯҳфаҳо сарфароз гардонд.