Ҳамлаи нерӯҳои Кореяи Шимолӣ ба Кореяи Ҷанубӣ

Муаллиф: Брифни Орурк

Президенти Кореяи Ҷанубӣ Лӣ Мюнг Бак гуфт, ки талош дорад аз тавсеаи як низои марзӣ ҷилавгирӣ кунад, ки баъди гулӯлаандозии шадид болои минтақаи баҳсбарангези марзии миёни ду ҳамсоякишвар дар як маҳалли серҷамъият рӯй дод.

Оқои Лӣ баъди хатми нишасти изтирории ҳукумат дар як ҳуҷраи зеризаминии ҳукуматӣ сӯҳбат мекард. Матбуоти Кореяи Ҷанубӣ мегӯяд, ки Сеул аз Пхенян талаб кардааст, ки аз амалҳои таҳрикомез худдорӣ кунад, вагарна бо вокуниши шадидлаҳне рӯбарӯ хоҳад шуд.

Ҳамлаи ногаҳонӣ ба ҷазираи Ёнпйонг


Рӯзи сешанбе, баъди ҳамлае, ки як соат идома доштааст, мақомот фавран ба кӯчондани сокинони мулкии ҷазираи Ёнпйонг амр доданд. Вале бо ин вуҷуд, дар бораи кушта шудани ду низомии нирӯҳои дарёӣ ва маҷрӯҳ шудани даҳҳо сокинони мулкии Кореяи Ҷанубӣ хабар дода шуд. Даҳҳо сохтмон ба коми оташ рафта ҳамоно дуди ғализи сиёҳ осмони ҷазираро иҳота кардааст. Артиши Кореяи Ҷанубӣ дафъатан ҳавопаймоҳои ҷангии F-16-ро барои назорат аз эҳтимоли убури ҳарими ҳавоиаш аз тарафи муқобили марз сафарбар кард.

Гулӯлаандозии Кореяи Шимолӣ ба эҳтимоли ғолиб баъди он шурӯъ шуд, ки артиши Кореяи Ҷанубӣ саргарми баргузории машқҳои низомӣ дар наздики минтақаи баҳсии марзӣ дар рӯи обҳои баҳри Зард буд. Кореяи Ҷанубӣ дафъатан бо оташ ҷавоб дод ва ин низои хурд якбора тавсеа ёфт. Ин минтақаи баҳсии марзӣ дар гузашта ҳам борҳо мавриди бархӯрдҳои нирӯҳои ду Корея шудааст.

Вокунишҳо ба иқдоми Кореяи Шимолӣ

Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров, ки бо як сафари корӣ дар Мински Беларус ба сар мебарад, аз тавсеаи ин низои мусаллаҳона ҳушдор ва ҳарду ҷонибро ба замин гузоштани силоҳ даъват кард. Вай гуфт: “Он чи ки рӯй дод, бояд маҳкум шавад. Онҳое, ки ба гулӯлаандозии нимҷазираи Кореяи Ҷанубӣ дар минтақаи таҳти унвони Хати тақсимкунандаи шимолӣ роҳ доданд, бидуни шак масъулияти ин ҳодисаро ба ӯҳда доранд. Бояд билофосила ҳама радду бадалҳои низомӣ хотима дода шавад”.

Дар Вашингтон Кохи Сафед бо пахши изҳороте кори Кореяи Шимолиро шадидан маҳкум кард. Нахуствазири Ҷопон Наото Кан дар Токио гуфт, ки ӯ ба ҳукумат ва низомиёни кишвар гуфтааст, ки бояд ба ҳар сенарияи хатарноки эҳтимолӣ омода шаванд.

Ӯ афзуд: “Пеш аз ҳама ман ба мардуми Ҷопон гуфтам, ки дар ҷараёни ҳама хабару гузоришҳои марбут ба ин ҳодиса бошанд. Дар навбати дуюм аз онҳо хостам ба ҳар гуна паёмади дигар омода шаванд. Ин ду амре буд, ки ман ҳоло содир кардам”.

Дар Аврупо вазири умури хориҷаи Олмон Гуйдо Вестервелле аз эҳтимоли тавсеаёбии низои мусаллаҳона ҳушдор дод. Вай ҳарду ҷонибро ба хештандорӣ ва хатми хушунатҳо даъват кард. Вазири хориҷаи Чин Ҳонг Лей низ ба риояи сулҳу субот даъват ба амал овард. Вай гуфт, амри даъвати билофосилаи гурӯҳи шашгона ба хотири хатми барномаи ҳастаии Кореяи Шимолӣ карда шудааст.

Ҳушдор ба Пхенян

Айни замон, Стефан Босворс, фиристодаи ИМА дар Кореяи Шимолӣ гуфт, ки дар сурати идомаи тавсеаёбии барномаи ҳастаии Пхенян музокираи гурӯҳи шашгона идома ёфта наметавонад. Босворс, ки аз Пекин сӯҳбат мекард, ба таъсисоти нави ҳастаии Кореяи Шимолӣ ишора дошт, ки батозагӣ, ҳафтаи гузашта аз ҷониби як донишманди амрикоӣ кашф шуд. Ин донишманд гуфт, аз дидааш ҳайратзада шуд.

Ураниуми ғанишуда қобили истифода дар силоҳҳои ҳастаӣ мебошад. Таҳлилгарон мегӯянд, ки ҳоло Пхенян бо таҳрики ҳамлаи мусаллаҳона ба кишвари ҳамсояаш мехоҳад Вашингтонро дубора сари мизи гуфтушунид нишонад ва ё шояд интизори гузаштҳои бештари ҷомеаи байналмилалист.