Ба таъкиди масъулони вазорати умури дохилӣ, ин афрод дар ҷараёни амалиёти вижаи неруҳои давлатӣ дар шарқи Тоҷикистон ба ҳалокат расидаанд.
Ҷалолиддини Садриддин, сухангӯи вазорати умури дохилӣ, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ дар мавриди ҳуввияти шӯришиёни кушташудагуфт: «Дар пайи амалиёти сохторҳои қудратӣ ду тан аз аъзои гурӯҳи мусаллаҳи ғайриқонунӣ - Додарбек Бурунович Каримов, сокини 45-солаи кӯчаи Айнии шаҳри Душанбе ва Машраб Сайдуллоевич Убайдуллоев, зодаи шаҳри Исфараи вилояти Суғд ба ҳалокат расиданд, Додарбек Каримов аз соли 2006 тибқи банди 187-уми қонуни ҷиноии Тоҷикистон, таҳти ҷустуҷӯ қарор доштааст».
Ба гуфтаи ӯ, Додарбек Каримов аз аъзои фаъоли Ҳаракати исломии Узбакистон шинохта шуда ва бо раҳбари вақти ин ҳаракат Ҷумъа Хоҷаев, мулаққаб ба Ҷумъаи Намангонӣ ҳамкорӣ доштааст. Додарбек Каримов ба ҷиноёте, чун анҷоми таркишҳо дар шаҳри Душанбе ва қатли мақоми расмӣ айбдор дониста мешавад. Зимнан дар маҳалли қатли Додарбек Каримов як силоҳи худкори Калашников бо чанд тирдону 281 тир кашф шудааст.
ВКД: Амалиёт дар Рашт идома хоҳад кард
Дар ҳоле, ки дар муддати як моҳи ахир мавориди боздошт ва кушта шуданҳо аз минтақаи шарқии Тоҷикистон камтар ба даст мерасид, ҳамакнун сухангӯи вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, амалиёти муштараки ниҳодҳои интизомиву амниятӣ ҳамчунон идома дорад.
Ӯ афзуд: «Ҳоло ҳеҷ кас гуфта наметавонад, ки боқимондаҳои гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷиноятпеша чӣ теъдод ҳаст. Ба ҳар сурат то боздошти сардорони аъзои гурӯҳи мусаллаҳ дар симои Давлатов Аловуддин ва Абдулло Раҳимов, амалиёти нерӯҳои давлатӣ дар минтақаи Рашт идома мекунад».
Ин дар ҳолест, ки ду ҳафтаи пеш Саймӯъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ зимни нишасти матбуотӣ поёни амалиёти вижа дар шарқи ин кишварро эълом кард ва гуфт, ки вазъ дар ин минтақа ором аст. Аммо бештари коршиносон бар ин назаранд, ки ҳақ бар ҷониби вазорати умури дохилӣ аст ва поёни амалиёт дар минтақаи шарқи Тоҷикистон дар ояндаи наздик гумон аст.
Амнияти Абдуназар, коршиноси тоҷик, дар ин бора гуфт, «амалиёт ба ин зудиҳо поён нахоҳад ёфт. Зеро танҳо бо ду нафар - Мирзохӯҷа Аҳмадов ва Шоҳ Искандаров - сулҳу созиш ба даст намеояд. Шояд он афроде, ки ҷиноятпеша ва терорист хонда мешаванд афроде бошанд, ки ба нишони эътироз ба гурӯҳҳои мусаллаҳ дар минтақаи Рашт пайваста бошанд. Ба назари ман роҳи ҳали қазияи шарқи Тоҷикистон ҷалби тамоми неруҳои сиёсии кишвар аст».
Рашт дар инзивои мухобиротӣ
Дар ҳамин ҳол минтақаи Рашт ҳамчунон дар инзивои мухобиротӣ қарор дорад ва ба истилоҳ «ҷазираи сарбастае» -ро мемонад, ки шаҳрвандон дар дохил ва хориҷ будаи Тоҷикистон наметавонанд бо наздикону пайвандонашон бо телефон ва ё интернет тамос бигиранд ва аз ҳолу аҳволи онҳо бохабар шаванд.
Ғафур Эркаев, раиси Асосиатсияи шабакаҳои телефони мобилии, дар посух ба ин суол, ки чаро то ҳол иртиботи мухобироти бо минтақаи шарқ барқарор нашудааст, гуфт, «ноҳияҳои минтақаи Рашт дар ҳоли ҳозир зери контроли сохторҳои қудратӣ аст ва тасмими қатъи иртибототи телефонӣ низ аз сӯи онҳо гирифта шудааст».
Чунин вазь боиси он шудааст, ки худи ҷомеаи Тоҷикистон дар бораи шарқи кишвар иттилои дақиқу дуруст надорад ва пушиши вазъияти ин минтақа танҳо тавассути овоза ва ё эъломияҳои сохторҳои қудратӣ тариқи пахши наворҳои телевизионӣ сурат мегирад. Аммо ин наворҳо воқеъияти шарқи Тоҷикистонро бозгӯ хоҳанд кард ё хайр суоли матраҳ аст.
Амалиёти нерӯҳои давлатӣ алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолифи давлат дар водии Рашт, ки мақомот амалиёти зидди гурӯҳҳои террористии Алии Бедакӣ ва Мулло Абдулло унвонаш мекунанд, дар миёнаҳои моҳи сентябр шурӯъ шуда буд ва тибқи ҳисобҳо то кунун дар ин минтақа беш аз 60 тан аз нирӯҳои давлатӣ ҷон бохтаанд. Ҳамзамон манобеъи вазорати умури дохилӣ мегӯянд дар ҷараёни амалиёт дар минтақаи Рашт дар ин муддат 20 нафар аз силоҳбадастон низ ба қатл расида ва 30 тани дигар ба неруҳои давлатӣ пайвастанд.