Сӯхтор дар бозори "Саховат"-и пойтахт

Шаби 22 ба 23-юми ноябр, дар бозори “Саховат”-и Душанбе, яке аз бузургтарин бозорҳои пойтахти Тоҷикистон оташсӯзӣ ба амал омада, чандин ғурфаи фурӯши мол, хусусан мағозаҳои хӯрокавориро ба хокистар табдил кард. Ба гуфтаи шоҳидон, ҳодисаи оташсӯзӣ тақрибан соати 23:50 рух додааст.

Бар асари сӯхтор чандин растаи бозор, ки умдатан дӯконҳои фурӯши ширинӣ, маводи озуқа ва гӯштфурушӣ буданд ба таври комил сӯхтаанд.


Хабарнигори Озодӣ низ, ки дар ҷои ҳодиса ҳузур дошт мегӯяд, воҳидҳои сӯхторнишонӣ дар 15-20 дақиқа аз оғози ҳодиса ба маҳали сӯхтор расида дар ҳудуди як соат сӯхторрро хомӯш кардаанд.

Хушбахтона ин ҳодиса бидуни кадом қурбонии ҷонӣ тамом шудааст.

Дар ҳоли ҳозир сабабҳои сар задани сӯхтор маълум нест. Сабаби эҳтимолии сар задани сӯхтор беэҳтиётӣ дар мавриди истифода аз шамъ гуфта мешавад. Зеро ба гуфтаи тоҷирони дар маҳали ҳодиса ҳузур дошта, дар се рӯзи ахир бозори "Саховат" аз қувваи барқ маҳрум будааст.

Акнун дар маҳалли ҳодиса гурӯҳи тафтишотӣ ба кор шурӯъ кардааст, ки бояд илали оташсӯзӣ ва ҳаҷми хисороти ворида ба тоҷирони бозор дар асари ин ҳодисаро муайян кунад.

Оташсӯзӣ дар бозори “Саховат” ҳодисаи аввали ба коми оташ фурӯ рафтани бозору фурӯшгоҳҳо дар пойтахт нест. Қаблан бузургтарин бозори молу колои пойтахт - «Корвон» ва бозорҳои “Шоҳмансур» ва маркази тиҷории «Наргис» дар Душанбе, дучори ҳодисаҳои мушобеҳ шуда буданд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Сӯхтор дар бозори "Саховат"-и пойтахт