Ширкати “Матбуот-пресса” ё почтаи алтернативӣ, ки ҳанӯз моҳи сентябри соли ҷорӣ аз тарафи гурӯҳе аз раҳбарони пуртиражтарин нашрияҳо ташкил ёфта буд, ба баҳси муассисонаш рӯ ба рӯ омада, то ҳол ба фаъолият шурӯъ накардааст.
Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, мегӯяд, дар ҳоле ки дар ҳайъати муассисони ин ширкат худи медиа-магнатҳои тоҷик ҳузур доранд ва ҳар кадоме инҳо бо ҳамдигар рақобат дошта манфиатҳои мухталифро дунбол мекунанд, ин ширкат муваффақ нахоҳад буд.
Талошҳои номуваффақи муассисони ширкат
Ҷаноби Қаршибоев гуфт: «Гап сари он аст, ки ба ин кор бояд сохторе машғул бошад, ки дар бизнеси нашрияву маҷалла манфиати худро надошта бошад. Онҳое, ки ин ширкатро созмон додаанд, манфиати худро доранд. Имрӯз рақобати миёни онҳо бо ташкили як кооператив аз байн намеравад»
Дар ҳамин ҳол, Хуршеди Атовулло, сардабири ҳафтаномаи «Фараж» ва яке аз муассисони «Матбуот-пресса» мегӯяд, дар ҷаласаи ахири ин муассиса, ташкилкунадагонаш вориди баҳсҳо шуда, сӯйи тафоҳум рӯ задааст.
Талош барои доштани тамос бо Шарифи Ҳамдампур, сардабири ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ва муассиси чопхонаи «Оила-принт», ки ҳоло раҳбари дастгоҳи муассисаи «Матбуот-пресса» мебошад, бидуни натиҷа буд.
Вале Акбаралӣ Сатторов, раиси Иттиҳоди журналистон ва яке аз муассиони «Матбуот-пресса» гуфт, ки онҳо барои фаъолияти ин муассисаи муштарак талош доранд: «Ҳар чизи нав нофаҳмиҳо дорад. Лекин дар маҷмӯъ кор рафта истодааст.»
Аксаран ҳафтаномаҳои Тоҷикистон аз тариқи Почтаи Тоҷикистон тавзеъ мешаванд, ки фаъолияти ин муассиса чандон қаноатбахш набудааст. Барои ҳамин, солҳои ахир соҳибрӯзномаҳо талош кардаанд, ки тавассути намояндагонашон дар маҳалҳо, нашрияашонро ба дасти хонандагон бирасонанд.
Ин кор барои медиа-магнатҳои тоҷик, ки соҳиби чандин нашрияву радио ва сомонаи интернетӣ ҳастанд ва солҳои тӯлонист, ки дар бозори матбуот ҳузур доранд, ба осонӣ даст дод.
Ки ҷонибдори почтаи алтернативист?
Аммо онҳое, ки соҳиби як рӯзномаанду тоза вориди бозори матбуот шудаанд, дар тавзеъи нашрияҳои худ ба мушкил рӯ ба рӯ омаданд ва аз ҷонибдорони ташкили муассисаи «Матбуот-пресса» мебошанд.
Дар Тоҷикистон аз муассисони ҳафтаномаи «Азия-плюс», ки ҳам радиову сомонаи интернетии хабарӣ дорад, муассиси нашрияҳои «Чархи гардун», «Зан ва мард», «Дайджест-пресс» ва чопхонаи «Интишор» ва муассиси ҳафтаномаи «Тоҷикистон», «Оила», «Крим-инфо» ва «Рекламная газета» ва муассиси чопхонаи «Оила-принт» ба унвони медиа-магнатҳои тоҷик ном мебаранд. Гуфта мешавад, онҳо дар ҳалли масоили марбут ба тиҷорати матбуот низ нақши муҳим доранд, ки ин нақши онҳо дар баҳсҳои ахири рӯзада дар мавриди фаъолияти «Матбуот-пресса» мушоҳида шудааст.
Бо ин вуҷуд, муассисони «Матбуот-пресса» то ҳанӯз барои ин муассиса директори иҷроия пайдо накардаанд. Ин дар ҳолест, ки Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва сафорати ИМА барои сармоягузории ин тарҳ изҳори омодагӣ кардаанд. Вале дар сурати забон наёфтани муассисон, ин тарҳ ва сармоягузории САҲА ва ИМА аз даст хоҳад рафт.
Зафари Сӯфӣ, сардабири ҳафтаномаи «Озодагон» мегӯяд, ба ҳар сурат нашрияи ӯ ҷонибдори ташкили чунин почтаи алтернативӣ аст ва фикр мекунад, ки ин муассиса барои тавзеъ ва ба дасти хонандагон расидани рӯзномааш кӯмак хоҳад кард.
Муассисаи муштараки «Матбуот-пресса», ки аз он ба унвони почтаи алтернативӣ ҳам ном мебаранд, моҳи сентбяри соли ҷорӣ аз тарафи гурӯҳи соҳибрӯзномаҳо ташкил ёфт. Ба ҳайъати муассисони ин кооператив, раҳбарони пуртиражтарин нашрияҳо - "Азия-Плюс", "Чархи гардун", "Оила", "Муҳаббат ва оила", "Фараж ", "Озодагон", "Факты и комментарии", "Варзиш-спорт" ва "Мушфиқӣ" шомиланд.