Эҳтимоли боқӣ мондани нерӯҳои НАТО дар Афғонистон баъди 2014

Ҷеф Моррелл

Вазорати дифои ИМА дар вокуниш ба тарҳи Ҳомид Карзай, ки хостори ба даст гирифтани ҳидояти нерӯҳои эътилоф то поёни соли 2014 шудааст, эълом кард, ки эҳтимолан то ин таърих нерӯҳои афғон натавонанд амнияти кишварашонро ба ӯҳда бигиранд.
Ҷеф Моррелл, муовини матбуотии Пентагон дар айни ҳол соли 2014 барои хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистонро «як ҳадафи ормонӣ» тавсиф кард, ки ба гуфтаи ӯ набояд аз он ба унвони зарбулаҷал ёд кард.

Эҳтимоли ҳузури нерӯҳо баъд аз соли 2014

Бо ин ҳол интизор меравад Ҳомид Карзай дар дидор бо Борак Обама ва дигар раҳбарони кишварҳои узви НАТО дар шаҳри Лиссабон, ин хости худро матраҳ кунад.

Бар пояи ин тарҳ, дар тӯли чаҳор соли оянда, 150 ҳазор нерӯи хориҷӣ аз Афғонистон ба тадриҷ хориҷ хоҳанд шуд, ки наздик ба 100 ҳазор тан аз ин нерӯҳоро сарбозони амрикоӣ ташкил медиҳанд.

Муовини матбуотии вазорати дифои ИМА ифои нақши меҳварӣ аз сӯи нерӯҳои афғон дар бештари ҷойҳои ин кишваррро як « ҳадаф»-и матлуб тавсиф кард, аммо баён дошт ин нерӯҳо эҳтимолан натавонанд то поёни соли 2014 нақши меҳвариро дар ҳама нуқоти Афғонистон бар ӯҳда гиранд.

Ҷиф Моррелл тарҳи вогузории амният ба нерӯҳои афғонро як «умед» донист ва гуфт: «ин ба он маъно нест ҳама нерӯҳои ИМ ё эътилоф ба зарурат то он таърих аз Афғонистон хоҳанд рафт.»

Карзай хостори коҳиши амалиётҳои низомӣ аст

Ҳомид Карзай ба тозагӣ дар мусоҳиба бо рӯзномаи "Washington Post" гуфта буд, замони он фаро расидааст, ки нерӯҳои хориҷӣ аз шумори амалиёти низомии худ дар Афғонистон бикоҳанд.

Раиси ҷумҳури Афғонистон дар ин мусоҳиба таъкид мекунад, ҳузури дарозмуддати шумори зиёде аз нерӯҳои хориҷӣ танҳо ба бадтар шудани авзоъ дар ин кишвар меанҷомад.

Ҳомид Карзай ҳамчунин ба таври мушаххас гуфтааст, нерӯҳои амрикоӣ бояд ба ҳамлаҳои шабонаи худ, ки дар ҳоли афзоиш аст, поён бибахшанд.

Вай дар мусоҳиба ба "Washington Post" баён доштааст : «Ман ин ҳамлаҳоро ба ҳеҷ ваҷҳ намеписандам ва мардуми Афғонистон ҳам ин ҳамлаҳоро ба ҳеҷ ваҷҳ дӯст надоранд.»

Ин суханон дар ҳоле гуфта мешавад, ки Амрико 30 ҳазор нерӯи дигар ба ин кишвар эъзом карда ва қарор аст рӯзи имрӯз Ҳомид Карзай дар нишасти сарони НАТО ширкат дошта бошад.

Дар вокуниш ба ин изҳорот, Роберт Гетс, вазири дифои ИМА рӯзи панҷшанбе гуфт, мавзеи Ҳомид Карзай баёнгари «норизояти раҳбари кишваре аст, ки мардумаш барои муддати бисёр тӯлонӣ дар ҷанг ҳастанд.»

Вазири дифои ИМА бо ин ҳол чунин изҳоротеро нишонаи тирагии робитаи Ҳомид Карзай бо НАТО надонист.