Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон узви маҳбуси худ Муҳаммадрӯзӣ Бурҳоновро, ки баъд аз 7-уним моҳи зиндон, шартан, қабл аз адои мӯҳлати ҷазо, ба озодӣ баромадааст, «маҳбуси сиёсӣ» меномад.
Моҳи июни соли равон додгоҳи ноҳияи Вахши вилояти Хатлон Муҳаммадрӯзӣ Бурҳоновро барои раъй додан аз номи аъзои хонаводааш ва нақзи қонуни интихобот дар интихоботи парлумонии моҳи феврал гунаҳгор дониста, ӯро барои як сол равонаи зиндон карда буд.
Муҳаммадрӯзӣ Бурҳонови 48-сола то ин замон дар зиндони ноҳияи Ёвон нигаҳдорӣ мешуд ва бар асари истифодаи беш аз меъёри доруворӣ, нерӯи шунавоии худро гум кардааст. Аммо феълан вазъи сиҳҳатии Бурҳонов, ки мубтало ба бемории сил мебошад, мӯътадил арзёбӣ шуда, ҳоло вай дар манзили зисташ зери муроқибати пизишкон қарор дорад.
Маҳмадалии Ҳайит, муовини раиси ҲНИТ, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ, гуфт, парвандаи Муҳаммадрӯзӣ Бурҳонов ангезаи сиёсӣ дошта, ин қазия аз қабл фармоишӣ будааст: “Мо яқин дорем, ки ин бародар сирф ба хотири таъмини интихоботи озоду шаффоф ба маҳбас кашида шудааст. Дар ғайри сурат, бубинед, ки дар парвандаи ӯ танҳо ба хотири он ки ба ҷойи модари бемораш ва ҳамсараш овоз додааст дар интихобот, ӯро ба маҳбас кашиданд.”
Муҳаммадрӯзӣ Бурҳонов, узви фаъоли Ҳизби наҳзати исломӣ, ки тоза ба раҳоӣ аз зиндон расидааст, мегӯяд, додситонӣ танҳо пас аз як моҳи баргузории интихоботи парлумонӣ алайҳи ӯ бо иттиҳомоти бофта парвандаи ҷиноӣ боз карда, ки хилофи қонуни интихобот будааст. Вай афзуд, агар ҳам ба ҷойи пайвандонаш баргаҳои раъйро вориди сандуқ кардааст, ин амал бо хоҳиши раиси қитъаи раъйдиҳӣ сурат гирифтааст: “Худи раиси участкаи интихоботӣ гуфт, ки имрӯз ҳаво боронӣ аст, интихобкунандаҳо кам омада истодаанд. Барои ҳамин гуфт, ки шумо ҳам ба ҷойи пайвандонатон овоз диҳед.”
Додрас: Бурҳонов танҳо барои қонуншиканӣ ҳабс шудааст
Ин ҳама дар ҳолест, ки Анвар Қурбонов, додраси мурофиаи додгоҳии Бурҳонов дар мусоҳибае бо радиои Озодӣ гуфта буд, Муҳамадрӯзӣ Бурҳонов бар асоси ду банди кодекси ҷиноятӣ, яъне – “монеъ шудан ба татбиқи ҳуқуқи раъйдиҳӣ ва фаъолияти комиссияи интихоботӣ” ва “сохтакории ҳуҷҷатҳои интихоботӣ ё ҳисоби нодурусти овоз” муттаҳам дониста шудааст:
«Бурҳонов ба ҷойи аъзои оилааш баргаҳои раъйро имзо карда, овоз додааст, инро вай ҳамчун узви комиссияи интихоботӣ, ҳамчун шахси мансабдор кардааст. Дуввум, ошкор гардид, ки Бурҳонов бюллетенҳоро пеш аз додан ба дасти интихобкунандаҳо, онро ба фоидаи номзади ҲНИТ хат зада, баъд ба дасти интихобкунандаҳо додааст.»
Ҳавзае, ки ба ҲНИТ пирӯзӣ овард
Бо ин ҳама, масъулони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯянд, сабаби аслии ифтитоҳи парванда алайҳи узви фаъоли ин ҳизб на он буда, ки вай ба ҷойи модар ва ҳамсараш “овоз додааст”, балки Муҳаммадрӯзӣ Бурҳонов, ба ҳайси узви камиссиюни интихоботӣ, монеъи тақаллуб дар шумориши оро ва натиҷагирии қалбакӣ ба суди номзади ҲХДТ шудааст. Вай гуфт, талош кардааст, ки раъйи мардум ба пуштибонӣ аз номзади Ҳизби наҳзати исломиро ба вакилии маҷлиси ноҳиявӣ ҳифз кунад, аммо бо ин амалаш дучори ба истилоҳ, “хашм”-и мақомот шудааст.
Дар ҳамин ҳол, Эммуҳаммад Тавуров, намояндаи Ҳизби наҳзати исломӣ дар маҷлиси маҳаллии вакилони мардумии ноҳияи Вахш, мегӯяд, маҳз бо мудохила ва истодагарии Муҳаммадрӯзӣ Бурҳонов вай тавонистааст, ки дар муқобили номзади дигар – муовини раиси ноҳия, пирӯзӣ ва курсии вакилиро ба даст орад.
Муҳаммадрӯзӣ Бурҳонов 28-уми феврал, дар рӯзи интихоботи вакилони порлумони Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони мардумӣ, узви қитъаи раъйдиҳии рақами 22-и ҷамоати Оқгазаи ноҳияи Вахш будааст, ҳамон қитъае, ки дар он номзади Ҳизби наҳзати исломӣ бар рақибони худ аз Ҳизби халқии демократӣ дастболо шуда, вакили маҷлиси ноҳиявӣ интихоб гардидааст.
Нахустин парвандаи интихоботӣ
Ҷаноби Бурҳонов мегӯяд, мехоҳад дар интихоботи ояндаи парлумонӣ низ ширкат кунад ва барои пирӯзии ҳизбаш дар ин маъракаи сиёсӣ саҳм гузорад. То он замон Муҳаммадрӯзӣ ният дорад, ба табобати худ ва умури кишоварзӣ машғул шавад.
Парвандаи Бурҳонов шояд якумин ва ягона парвандаи ҷиноятӣ дар чанд соли ахир дар Хатлон аст, ки ба интихоботи парлумонӣ рабт дошта, як масъули комиссияи интихоботӣ равонаи зиндон мешавад. Ва он ҳам намояндаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, аз аҳзоби мухолифи ҳукумати кишвар.
Аммо масъулони ҲНИТ мегӯянд, дар пайи интихоботи парлумонии соли 2005-ум ҳам алайҳи як узви фаъоли ин ҳизб дар ноҳияи Бохтар парванда боз шуда буд. Он замон Сайфиддин Файзов, ки узви камиссиюни қитъаи раъйдиҳие дар ноҳияи Бохтар буд, бар асоси чанд банди кодекси ҷиноятӣ мутаҳам шинохта шуда, барои чаҳор сол аз озодӣ маҳрум гардида буд.