Бузургтарин мусобиқоти қора - Бозиҳои XVI осиёӣ дар шаҳри Гуанҷоуи Чин бо ширкати беш аз 10 ҳазор варзишгар аз 45 кишвар ҷараён доранд.
Дар ин бозиҳо 61 варзишгари тоҷик дар 16 навъи варзиш ширкат меварзанд. Ва то ҳоло ягона медалро барои Тоҷикистон паҳлавони маъруфи тоҷик Расул Боқиев дар риштаи дзю-до дар вазни то 73 килограмм овардааст.
Дар ин вазн Ҳироюки Акимото, аз Ҷопон, ғолиб омад. Ванг Кин Чун, аз Куриёи Ҷанубӣ, мақоми дуввумро соҳиб шуд. Расул Боқиев ва Наврӯз Ҷӯрақобилови узбакистонӣ ҷойҳои саввумро азони худ карданд.
Воқеъан, паҳлавони тоҷик пас аз пирӯзӣ бар Алӣ Маломатзодаи эронӣ, дар рақобати дуввумаш аз гуштигири узбак танҳо аз рӯи “хантей” - тасмими гурӯҳи доварон мағлуб шуд. Баъдан Расул Боқиев барои ҷои севум бар Азат Кубакаеви қирғиз ва Ким Чол Су, аз Куриёи Шимолӣ, дастболо шуда, бо медали биринҷӣ сарфароз гашт.
Дар ин барнома Худоназар Боқиев, падар ва нахустин мураббии Расул, рақобатҳои писар ва шогирдашро шарҳ дода, аз беадолатии доварон изҳори нигаронӣ мекунад.
Дар воқеъ, Расул Боқиев чаҳор сол муқаддам, дар Бозиҳои XV осиёӣ дар Қатар низ барандаи медали биринҷӣ шуда буд.
Бозиҳои XVI осиёӣ дар Чин то 27-уми ноябр идома хоҳанд кард.
Тими миллии футболи Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар мунтахаби Афғонистон бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард. Ин бозӣ бахшида ба Рӯзи ФИФА – Федеросиюни байнулмилалии футбол 17-уми ноябр дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бо ҳузури 5 ҳазор тамошобин баргузор шуд. Голи ягонаро ҳимоятгар Фаррух Чориев дар дақиқаи 33-юм ба самар расонд.
Пас аз анҷоми ин бозии дӯстона мо бо Юсуф Коргар, сармураббии тими мунтахаби миллии Афғонистон, ҳамсӯҳбат шудем. Вай гуфт: «Бозие, ки имрӯз буд, бозии дӯстона буд. Бурду бохташ барои мо муҳим набуд. Ҳам бародарҳои тоҷик ва ҳам тими Афғонистон футболи нағз карданд. Тими миллии Тоҷикистон таҷоруби зиёди бозии байнулмилалӣ дорад, вале тими Афғонистон ҷавон ва тозаворид ва таҷрибааш камтар аст. Мо ин бозиро барои баланд рафтани таҷоруби худ анҷом додем. Иншооллоҳ, дар бозии оянда умедвор ҳастем, ки пирӯз шавем. Ин тиме, ки шумо дидед, тими миллии Афғонистон нест. Ин тими мунтахаби ҷавонони то 21-солаи Афғонистон аст. Бозигарони тими миллии кишвари мо, ки дар бошгоҳҳои футболи Олмону Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бозӣ мекунанд, дар ин дидор ширкат надоштанд ва онҳо дар мусобиқоти Ҷоми даъвати Осиё иштирок хоҳанд кард».
Мусоҳибаи хабарнигори радиои Озодӣ бо Юсуф Коргар, сармураббии тими мунтахаби миллии Афғонистон, ба шунавандагони барнома пешкаш мешавад.
Футболбозону мураббиёни Афғонистон то рӯзи 24-уми ноябр дар шаҳри Душанбе таҳти раҳбарии мутахассиси олмонӣ Клаус Штарк машғулиятҳои таълимию тамринӣ анҷом медиҳанд. Ва дар доираи ҷамъомади даҳрӯза баргузории боз як бозии дӯстонаи футболбозони Афғонистон бо тими мунтахаби олимпии Тоҷикистон 23-юми ноябр дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода дар назар аст.
Воқеъан, ин бозӣ барои тими олимпии Тоҷикистон як марҳалаи омодагиҳо ба сабқати интихобии Бозиҳои олимпии соли 2012 маҳсуб мешавад.
Ёдовар мешавем, ки дар даври аввали ин сабқат мунтахаби Тоҷикистон бо тими олимпии Уммон рақобат хоҳад кард. Бозии аввал 23-юми феврали соли 2011 дар шаҳри Масқат ва бозии ҷавобӣ 9-уми март дар Душанбе баргузор хоҳанд шуд.
То анҷоми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ ду даври дигар мондааст. Ва аммо барандагони медалҳои тиллову нуқраи мусобиқот пешакӣ муайян гаштанд.
Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, ки дар садри ҷадвали мусобиқот қарор гирифтааст, ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон мушарраф шуд. Дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, ки дар ҷои дуввум аст, медалҳои нуқраи мусобиқотро азони худ кард.
Дастаҳои «Вахш»-и Қӯрғонтеппа ва "Хайр"-и Ваҳдат, ки мутаносибан дар ҷойҳои севуму чаҳорум қарор доранд, муборизаро барои медалҳои биринҷии мусобиқот идома медиҳанд. Воқеъан, бозии дастаҳои “Хайр” ва “Вахш”, ки дар шаҳри Ваҳдат баргузор шуд, бо пирӯзии мизбонон бо ҳисоби 2:1 ба анҷом расид.
Ин бозии пуршидату шавқангезро, инчунин, Юсуф Рабиев, капитани дастаи “Истиқлол”-и Душанбе ва тими миллии Тоҷикистон, беҳтарин голзани мусобиқоти имсола, тамошо кард. Баъди анҷоми ин дидор мо бо ӯ ҳамсӯҳбат шудем. Ва ин мусоҳиба ба таваҷҷӯҳи шунавандагон пешкаш мешавад.