Бозиҳои XVI осиёӣ: Тоҷикистон - дар ҷои 25-ум

Тими мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои XVI осиёӣ, ки дар шаҳри Гуанҷоуи Чин бо ширкати беш аз 10 ҳазор варзишгар аз 45 кишвари қора ҷараён доранд, бо касби як медали биринҷӣ дар ҳисоби умумидастаӣ дар ҷои 25-ум қарор гирифтааст.
Мизбонон - варзишгарони Чин, ки то рӯзи 18-уми ноябр ҳамагӣ 188 медал (106 тилло, 42 нуқра ва 40 биринҷӣ) ба даст овардаанд, мақоми аввалро касб кардаанд.

Варзишгарони Кореяи Ҷанубӣ бо 95 медал (33 тилло, 25 нуқра ва 37 биринҷӣ) дар ҷои дуввум ва ҷопониҳо бо 98 медал (18+43+37) дар ҷои саввум мебошанд.

Умуман, то ҳоло варзишгарони 25 кишвар соҳиби медалҳои Бозиҳои XVI осиёӣ гардидаанд.

Ёдовар мешавем, ки дар ин мусобиқоти бузурги қитъавӣ 61 варзишгари тоҷик дар 16 навъи варзиш ширкат меварзанд. Ва то ҳоло ягона медалро барои Тоҷикистон дар Бозиҳои 16-уми осиёӣ паҳлавони маъруфи тоҷик Расул Боқиев дар риштаи дзю-до дар вазни то 73 килограмм овардааст.

Натоиҷи сабқати дзю-до байни мардон:

То 60 кг. 1. Ришод Собиров (Узбакистон). 2. Ҳироюки Ҳироака (Ҷопон). 3. А Ламуси (Чин). Мин Хо Чой (Кореяи Ҷанубӣ).
То 66 кг. 1. Ким Ҷу Ҷин (Кореяи Ҷанубӣ). 2. Мирзоҳид Фармонов (Узбакистон). 3. Моришита Ҷунпеи (Ҷопон). Кук Ҳён Ҳонг (Кореяи Шимолӣ).
То 73 кг. 1. Акимото Ҳироюки (Ҷопон). 2. Кин Чун Ванг (Кореяи Ҷанубӣ). 3. РАСУЛ БОҚИЕВ (ТОҶИКИСТОН). Наврӯз Ҷӯрақобилов (Узбакистон).
То 81 кг. 1. Ча Бум Ким (Кореяи Ҷанубӣ). 2. Шокир Мӯъминов (Узбакистон). Ислом Бозбоев (Қазоқистон). Такамаси Масахиро (Ҷопон).
То 90 кг. 1. Оно Такаши (Ҷопон). 2. Дилшод Чориев (Узбакистон). 3. Хан Чиех Тсенг (Тайван). 4. Кю Вон Ли (Кореяи Ҷанубӣ).
То 100 кг. Хи Тай Хвон (Кореяи Ҷанубӣ). 2. Анаи Такамаса (Ҷопон). 3. Максим Раков (Қазоқистон). Рамзиддин Саидов (Узбакистон).
Беш аз 100 кг. Ким Су Вон (Кореяи Ҷанубӣ). 2. Абдулло Тангриев (Узбакистон). 3. Даики Камикава (Ҷопон). Муҳаммадризо Рӯдакӣ (Эрон).
Вазни мутлақ. Казухико Такахаши (Ҷопон). 2. Муҳаммадризо Рӯдакӣ (Эрон). 3. Уткур Қурбонов (Узбакистон). Мунхбаатр Хадбаатар (Муғулистон).

Ҳамаи медалҳои Бозиҳои XVI осиёӣ оид ба дзю-до

Кишвар

Т

Н

Б

Ҳамагӣ

1.

Ҷопон

7

4

4

15

2.

Кореяи Ҷанубӣ

6

3

5

14

3.

Чин

2

1

4

7

4.

Узбакистон

1

4

3

8

5

Муғулистон

0

1

5

6

6

Кореяи Шимолӣ

0

1

3

4

7

Тайван

0

1

2

3

8

Эрон

0

1

1

2

9

Қазоқистон

0

0

4

4

10

Тоҷикистон

0

0

1

1

Медалҳои Бозиҳои XVI осиёӣ то 18-уми ноябр

Т

Н

Б

Ҳамагӣ

1.

Чин

106

42

40

188

2.

Кореяи Ҷанубӣ

33

25

37

95

3.

Ҷопон

18

43

37

98

4.

Кореяи Шимолӣ

5

7

11

23

5.

Эрон

5

4

11

20

6.

Ҳонконг

4

7

5

16

7.

Тайван

4

5

19

28

8.

Узбакистон

2

7

13

22

9.

Малайзия

3

3

4

10

10.

Қазоқистон

2

7

13

22

... 25

Тоҷикистон

0

0

1

1