Дар шароите, ки Беларус ба интихоботи президентии моҳи оянда омодагӣ мебинад, шубҳа ба пирӯзии навбатии Александр Лукашенко бештар мешавад. Пастравиҳои ахири нишондодҳои иқтисодӣ ва сардии равобит бо Маскав боиси коҳиши маъруфияти “падари миллат” шудааст.
Аммо зарурат барои барканории диктатори охирини Аврупо кайҳост пеш омадааст, мегӯянд мухолифон. Яке аз рақибони пештози Лукашенко дар ин интихобот Владимир Николаев аст, ки дар як сафараш ба шаҳри Прага розӣ шуд ба саволҳои хабарнигори Озодӣ посух диҳад.
Владимир Николаев бо шиори “Ҳақиқатро бигӯ” ба майдони рақобатҳои интихоботӣ по гузошта аз ин роҳ ҳоло роҷеъ ба мушкилоти Беларус лаб мекушояд. Вале то куҷо ин танқидҳои ошкоро метавонад муҳити сиёсиро дар остонаи интихобот тағйир диҳад?
Вай мегӯяд: “Мо ин маъракаро махсус бо мақсади дигар кардани муҳити сиёсӣ роҳандозӣ кардем, то ки ба мухолифон имконияти тамос бо доираи фаротар аз 20 дарсади интихобкунандаҳояшонро, ки ҳоло дар ихтиёр доранд, фароҳам оварем. Ва мо ҳам ба ин ҳадаф даст ёфтем. Ин маъракаи шаҳрвандӣ аммо на ба ҳукумат ва на ба мухолифин сахт вобаста нашудааст. Фаъолиятҳои мо ба унвони як маъракаи шаҳрвандӣ ба роҳ монда шуд ва мо аз ин назар муваффақ гардидем”.
Коҳиши нуфузи Лукашенко
Оқои Николаев афзуд, ки вазъи Беларус ҳоло аз шароитҳои интихоботии солҳои 2001 ва 2006 комилан фарқ карда нуфузи Русия дар Беларус торафт афзоиш меёбад. Таниши афзояндаи миёни раҳбари Беларус ва Кремлин, ки бар сари ихтилофҳои иқтисодиву пулӣ сар задаанд, боиси коҳиши нуфузи Лукашенко дар чашми мардум гардид. Аммо айни замон, гуфт ин номзади президентӣ, тамосу ҳамкорӣ бо Русия ва эҷоди равобити ҳасана бо Маскав шарти муҳими идомаи ҳамзистии Минску Маскав боқӣ мемонад, илоҷи дигар нест, гуфт Николаев:
“Ҳоло Русия, ки мо аз он маҳсулоти хом ворид ва моли Беларус ба он содир мешавад, танҳо бозорест, ки моли моро қабул мекунад. Ҳоло Русия танҳо роҳи ҳифзи даромадҳову дарёфти маош, нафақа, пул ва дигар имкониятҳои иҷтимоӣ мебошад. Ва ҳоло ин низом ба ларзиш даромад ҷамъият дигар намехоҳад аз ихтилофҳои Лукашенко бо Кремлин пуштибонӣ кунад, ки ҳоло мавқеаш хеле ларзон шудааст. Ба мо даст дод, ки ҳамин мардуми норозӣ аз бад шудани равобити Лукашенка бо Маскавро ба тарафи худ ҷалб кунем”.
Номзади нави Русия
Ҳамин мавқеъгирии Николаев ба унвони номзади президентӣ сабаб шуд, ки ӯро дар дохили Беларус бархе чун номзади Русия дар интихобот қабул кунанд. Вай дар ин замина гуфт: “Ҳеҷ маблағи сиёсии Русия, ман таъкид мекунам, пулҳои сиёсии Русияро маъракаи “Ҳақиқатро бигӯ” нагирифтааст. Ман гуфта будам, ки мо вуруди сармояи Русияро дар иқтисоди ин кишвар баробар бо сармояи дигар кишварҳо имконпазир медонем. Ва муҳим ин аст, ки мо шаффофияти воридшавии ин пулҳоро бубинем. Агар мо монеи воридшавии сармояи русӣ ба Беларус шавем, пас он бо роҳҳои сиёҳ ё пасипардаӣ вориди иқтисоди мо мешавад. Ва дар асл, он баъд ба мо мансуб нахоҳад шуд”.
Айни замон, оқои Николаев эътироф кард, ки барои маъракаи интихоботии худ аз баъзе “нафарони воқеъ дар Русия, ки баъзеашон аслан беларусӣ мебошанду дар ин кишвар сармояву тиҷорат мекунанд”, кӯмак дарёфт кардааст. Вай гуфт, ин афрод аз бозиҳои ношаффофу ноодилона, фасод ва ҷинояткории ҳукумати Лукашенко фирор кардаанд.
Пуштибонии Литва аз Лукашенко
Ҳафтаи гузашта раисиҷумҳури Литва Далия Грубаускайте гуфт, ки умедвор аст, интихоботи 19 декабрро Лукашенко хоҳад бурд, ба он хотир, ки ӯ метавонад истиқлолияти Беларусро ҳифз карда аз нуфузи афзояндаи Русия ҷилавгирӣ кунад. Николаев гуфт, ин масъаларо дар Прага бо вазири хориҷа Карел Швартсенберг баррасӣ карда баъдан дар Лаҳистон ин масъаларо бо Радек Сикорскӣ, вазири хориҷаи Лаҳистон дар миён хоҳад гузошт.
Ӯ афзуд: “Агар Аврупо саҳнасозии интихоботро чун интихоботи воқеӣ бипазирад, пас дар оянда ҳам ҷараёнҳои сохтакоронаи демократии Беларусро чун ҷараёнҳои воқеӣ қабул хоҳад кард. Аслан Лукашенко ҳам аз ҳоло ҳамин корро мекунад”.
Владимир Николаев, рақиби интихоботии президенти Беларус мегӯяд, ки дар сурати тақаллуб шудани натиҷаҳои интихоботи раёсатҷумҳурӣ ӯ тарафдоронашро ба “эътирози сулҳомез” ба майдон даъват мекунад. Вай гуфт, ки танҳо “бо роҳҳои қонунӣ” ҳақи худро барои тағйироти демократӣ талаб хоҳад кард.