Бино ба иттилои Оҷонси омори назди президенти Тоҷикистон, мизони таваррум дар даҳ моҳи соли ҷорӣ ба 8,7 дарсадро ташкил кардааст ва тахмин зада мешавад, дар тӯли 11 моҳ ба 8,6 дарсад бирасад. Бонки миллии Тоҷикистон тасмим дорад, мизони таваррумро дар ҳудуди 9 дарсад нигоҳ дорад
Вале ин пешгӯиҳои Бонки миллӣ пеш аз он буд, ки ахиран масъалаи тавозуни арз дар равобити кишварҳо дар ҷаласаи гурӯҳи G-20 дар Сеул - пойтахти Кореяи Ҷанубӣ баррасӣ шуд.
Коҳиши қурби евро
Дар ҳоли ҳозир ба илова масъалаи қарзи кишварҳои минтақаи евро ва имкони поин шудани қурби евро матраҳ аст. Ба ин далел дар як рӯзи ахир қурби евро дар Тоҷикистон нисбат ба сомонӣ аз 600 сомонӣ ва 10 дирам ба 600 сомонӣ поин омад.
Аммо қурби сомонӣ дар муқобили доллари амрикоӣ аз 4 сомонӣ ва 45 дирам ба 4 сомонӣ ва 47 дирам расидааст.
Бино ба иттилои Оҷсони омори Тоҷикистон, дар замоне, ки мизони таваррум ба ҳудуди 8 дарсад расидааст, қимати колоҳо дар бозорҳои дохилӣ 10, 2 дарсад боло рафтааст.
Осебпазирии Тоҷикистон аз таваррум
Бархе аз коршиносон далели аслии осебпазир будани Тоҷикистон ба шиддати таваррумро ба тағйирот дар бозори арз мебинанд, ки ба гуфтаи онҳо, Тоҷикистон истеҳсолот ё тавлидоти воқеии мусовӣ бо арзи хориҷии дар ихтиёрдоштаро надорад. Ба ин далел дар пайи ҳар навъ тағйирот дар бозори арз ба мушкил рӯбарӯ хоҳад шуд.
Раҳматулло Валиев, коршиноси умури митақа, дар ин бора мегӯяд: «Дар сурати набудани истеҳсолоти воқеӣ қурби пули миллӣ поин мешавад. Ман аслан ба омори ироакардаи давлат дар робита ба рушди саноату кишварзӣ эътимод надорам. То агар истеҳсолоти дохилии саноати сабуку вазнин ба роҳ монда нашавад, дар бораи устувории қурби пули миллӣ ҳарф задан бефоида аст.»
Ба бовари ҷаноби Валиев, дигар далели осебпазирри Тоҷикистон ба ҳар навъ бӯҳрон ин тавозуни манфии савдои хориҷӣ ва зиёд будани воридот нисбат ба содирот аст.
Ӯ афзуд: «Асосаш ҳамин аст, ки дар Тоҷикистон воридот зиёд аст ва ҳар колое, ки мо ворид мекунем, бо арзи хориҷӣ мехарем ва қариб, ки пули миллии мо кор намекунад».
Пули муҳоҷирон - такягоҳи сомонӣ
Дар тӯли даҳ моҳ савдои хориҷии Тоҷикистон болиғ ба 3 миллиард доллар буд, ки аз он воридот 2, 2 миллиард доларро ташкил додааст. Тоҷикистон дар ин муддат ба миқдори 546 миллион алюминиюм ва 90 миллион пахта содир кардааст.
Ба гуфтаи Ҳоҷимуҳаммад Умаров, коршиноси умури иқтисодӣ, ягона воситае, ки сомониро аз беқурбшавии шадид нигоҳ медорад, ин воридоти арзи хориҷӣ аз сӯи муҳоҷирони корист, ки дар сол аз буҷаи давлат бештар аст ва ҳаҷми маҷмаъи умумии маҳсулоти нохолиси дохилиро меафзояд.
Ӯ афзуд: «Пуле, ки муҳоҷирон мефиристанд, танҳо барои нигоҳ доштани қурби сомонӣ мусоидат мекунад, вале ба ҳар сурат имкони боло шудани таваррум дар Тоҷикистон вуҷуд дорад ва ин ҳам метавонад ба ҳаҷми воридоти пули муҳоҷирон бастагии ҷиддие надошат бошад».
Ба гуфтаи Умаров, агар қурби юан поин бошад, ба фоидаи Тоҷикистон аст, вале дар баробари ин метавонад қурби доллар боло равад, ки барои Тоҷикистон нигаронкунанда хоҳад буд. Ин дар ҳолест, ки Бонки миллӣ аз ҳисоби ба фурӯш гузоштани сомонӣ дар саррофӣ ва бонкҳо барои пардохтҳои дохилӣ аз сӯи мардум, имкон дорад то андозае ба болоравии қурби доллар дахолат кунад.