Баъд аз яку ним моҳи маҳдудияти чоп нашрияҳои "Фараж" ва "Нигоҳ" имрӯз нашр ва ба дасти хонандагон расид. Нашрияи "Фараж" дар чопхонае бо номи "Ҳоҷӣ Ҳасан" чопхонаи пешини "Санадвора"-и вазорати фарҳанги Тоҷикистон 4 ҳазор нусха чоп шудааст. Нашрияи "Нигоҳ" дар чопхонаи давлатии "Шарқи Озод" ба табъ расидааст. Саймудин Дӯстов-сардабири ин нашрияи "Нигоҳ" ба радиои Озодӣ гуфт:
"Бо назардошти ин ки мо рӯзи чаҳоршанбе, як рӯз дер чоп шудем, мо ин дафъа "Нигоҳ"-ро ба теъдоди 5 ҳазор нусха, яъне камтар аз шмораи ахири он, ки 7 ҳазор нусха чоп мешуд, ба табъ расондем".
"Нигоҳ" дар ҳаҷми 16 сафҳа ва "Фараж" дар ҳаҷми 8 сафҳа чоп шудаанд. "Фараж" то ҳол дар 24 сафҳа ба чоп мерасид.