Сокинони мавзеи Ҳушёрии ноҳияи Варзоб, воқеъ дар 40 километрии шимоли шаҳри Душанбе, дар назди гузаргоҳи дуввуми ширкати IRS ҷамъ омада, талаб намуданд, ки гузаргоҳи пулчинӣ аз дохили деҳа ба беруни он мунтақил шавад. Музокироти сокинони норозӣ бо масъулини IRS то дери шаб идома кард, аммо натиҷа надод.
Сокинони деҳаи ҳушёрӣ ва атрофи он баъд аз зуҳри рӯзи чоршанбе дар назди гузаргоҳи роҳи пулакӣ дар ин мавзеъ ҷамъ омада, дигарбора хостори додани имтиёз ба сокинони деҳаҳои канори роҳи пулакӣ шуданд. Ин сокинон, ки ду ҳафтаи пеш низ гирдиҳамоӣ ва эътироз намуда буданд, мегӯянд, ҳар навбат масъулин ба онҳо ваъдаи ҳалли ин масъаларо медиҳанд, аммо ҳанӯз ҳам ин масъала ҳалли худро наёфтааст.
Сокинони норозӣ мегӯянд, ки масъулини ширкати пулчинӣ гуфтаанд, аз мавқеъи ҷойгиршуда ба ҷои дигар кӯчонидани гузаргоҳ ва тарозуи он масрафи зиёд дорад ва онҳо наметавонанд ин корро анҷом диҳанд.
Аммо сокинони маҳал мегӯянд онҳо омодаанд, тавассути ҳашар ин корро анҷом диҳанд ва ё нисфе аз маблағеро, ки барои ин кор масраф мешавад, пардохт намоянд. Аммо масъулини ширкати IRS ба ин пешниҳод розӣ нашуданд.
Дар музокира бо садҳо сокинони норозии минтақа ба ҷуз аз масъулини IRS инчунин муовини вазири корҳои дохилӣ, сардори раёсати БДА -и Тоҷикистон, раиси ноҳияи Варзоб ва мақомоти дигари масъул ширкта доштанд.
Аммо эътироз ва музокираи навбатии сокинони Варзоб барои ҳалли мушкили роҳи худ бо намояндагони ширкати IRS ва мақомоти ҳукуматӣ бенатиҷа анҷом ёфт.
Ин дуввумин эътирози сокинони мавзеи Ҳушёрӣ дар як моҳи ахир аст. Аз ин пеш, рӯзи дуввуми ноябр, дар пайи эътирози мардуми ин маҳал, онҳо аз ҷониби мақомоти маҳаллии ноҳияи Варзоб ва ширкати IRS пазируфта шуда буданд.
Намояндагони ҳукумати ноҳия ва масъулони ширкати IRS шикояти сокинони Ҳушёриро аз гаронии роҳпулиҳо баррасӣ карда, ваъда дода буданд, ки дар зарфи як моҳ роҳи ҳалли масъаларо пайдо хоҳанд кард. Ширкати IRS тасмим гирифта буд, ки дар зарфи як моҳ наҳваи рафтуомади ройгонро дар ду гузаргоҳи худ барои мардуми Ҳушёрӣ таҳия кунад.
Нахустин таҷрибаи роҳи пулакӣ
Душанбе – Чаноқ нахустин роҳи пулакӣ дар Тоҷикистон аст, ки пулҷамъкунӣ дар масири он зимни ифтитоҳи расмии он дар аввали моҳи апрел оғоз шуд.
Тибқи нархномаи қаблӣ роҳи Душанбе-Чаноқ, қимати убури ҳар як километри роҳ барои мошинҳои сабукрав ва микроавтобусҳо - 30 дирам, автобусҳо ва мошинҳои боркаши бо вазни то 7 тонна – 60 дирам, мошинҳои боркаши бо вазни то 14 тонна – 1,5 сомонӣ муайян шуда буд.
Истифода аз ин шоҳроҳ барои васоити нақлиёти мақомоти интизомӣ, ёрии таъҷилӣ, сӯхторхомӯшкунӣ ва ниҳодҳои наҷотдиҳӣ бепул хоҳад хоҳад буд. Роҳи Душанбе –Чаноқ пас аз баррасиҳо дар парлумони кишвар ва қабули як қонун пулакӣ эълон шуд.
Шоҳроҳи мазкур 410 километр тӯл дошта, аз Душанбе оғоз мешавад ва дар марзи миёни Тоҷикистон ва Узбакистон дар минтақаи сарҳадии мавсум ба Чаноқ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд поён меёбад.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ҳадаф аз пулакӣ кардани ин роҳ пардохти қарзҳои давлати Чин аст, ки дар навсозии шоҳроҳ масраф шудаанд.
Роҳи Душанбе-Чаноқро ширкатҳои чинӣ бо сармояи 281 миллион доллар навсозӣ кардаанд. Мақомоти Тоҷикистон тасмим доранд, ки дар оянда як қатор шоҳроҳҳои дигари кишварро низ тармим ва пулакӣ кунанд.
Innovative Road Solutions - дар паноҳи кист?
Ширкати Innovative Road Solutions (IRS), ки худро як ширкати Бритониёӣ муаррифӣ мекунад, системаи хидматрасонии толингии роҳи Душанбе – Чаноқро бар ӯҳда дорад. Фаъолияти ин ширкат тибқи созиши он бо ҳукумати Тоҷикистон, ки ба тасвиби порлумон низ расидааст, сурат мегирад.
Ин ширкат ба иддаъои худаш як ширкати бонуфузи хориҷист, ки бо чандин давлати дунё ҳамкорӣ дорад. Аммо мақомоти он аз ифшои шарикони хориҷии худ худдорӣ мекунанд.
Аз сӯи дигар маълумотҳое мавҷуд аст, ки ин ширкат дар соли 2009 дар минтақаи офшори ҷазираҳои Верҷиния номнавис шуда ва таҷрибаи кории собиқа надорад. Ва муассисони он ҳам аслан шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.