Нахустин нишони Бозиҳои 16-уми осиёӣ дар Гуанҷоуи Чин барои тими Тоҷикистонро паҳлавони тоҷик Расул Боқиев ба даст овард. Паҳлавони тоҷик дар вазни 73 кило дар гуштии дзюдо сазовори нишони биринҷии Бозиҳои осиёӣ шуд.
Дар ин вазн Ҳироюки Акимото (Ҷопон) ғолиб омад. Ванг Ки Чун (Куриёи Ҷанубӣ) мақоми дуввумро соҳиб шуд. Наврӯз Ҷӯрақобилови узбакистонӣ ва Расул Боқиев ҷойҳои саввумро азони худ карданд.
Воқеъан, чаҳор сол муқаддам, дар Бозиҳои XV осиёӣ дар Қатар низ Расул Боқиев барандаи медали биринҷӣ шуда буд.
Бозиҳои XVI осиёӣ дар шаҳри Гуанҷоуи Чин, ки 12-уми ноябр шурӯъ шуд, бо ширкати беш аз 10 ҳазор варзишгар аз 45 кишвари қора дар 42 навъи варзиш то рӯзи 27-уми ноябр идома хоҳад кард. Дар ин мусобиқоти бузурги қитъавӣ 61 варзишгари тоҷик дар 16 навъи варзиш ширкат меварзанд.
16-уми ноябр муштзанҳо вориди рақобат мешаванд. Дар риштаи бокс Тоҷикистонро дар сабқати мардон ду нафар - Ҷаҳон Қурбонов ва Анвар Юнусов, дар сабқати занон Мавзуна Чориева намояндагӣ хоҳанд кард.
Инчунин, варзишгарони тоҷик дар мусобиқот дар риштаҳои вазнабардорӣ (Низом Сангов), шиноварӣ (Алишер Чингизов), тирандозӣ (Владимир Манзюк, Каримхон Бобоев, Георгий Багдасаров, Сергей Бабиков), софт-теннис (Раҳматулло Раҷабалиев, Шабнам Юсуфҷонова), теннис (Аҳмадҷони Муҳаммад) ва ушу (Фотеҳ Табаров) ширкат доранд.
Варзишгарони тоҷик, ҳамчунин, дар камонварӣ (Фотима ва Зӯҳро Тағоеваҳо, Фирӯза Зубайдова), варзиши сабук (Дилшод Назаров, Алишер Эшбеков, Фарҳод Қуралов, Аҷмал Амиров), қаиқронӣ (Зокирҷон Набиев, Маҳаммадулло Нодиров, Нодирхон Сафаров, Нурмуҳаммади Тоҳир), каратэ (Бадриддин Умедов), таэквон-до WTF (Шокирҷон Раҷабов, Кристина Коробко, Хусрав Ғиёсов, Шаҳриёр Каримов, Давлатмурод Каримов, Таҳмина Хоҷаева, Фарҳод Неъматов, Алишер Гулов), гуштии озод ва юнониву румӣ ( Фарҳод Анақулов, Мурод Тӯйчиев, Аҳмад Қодиров, Ҳабибулло Абдуллоев) ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.