Русия ба хариди силоҳ аз хориҷа идома медиҳад

Анатолий Сердюков, вазири дифоъи Русия гуфтааст, воридоти ҷангафзорҳои хориҷӣ ба ин кишвар зарур аст, зеро вазорат аз ҷангафзорҳои сохти худӣ қаноатманд нест. Ӯ дар сӯҳбате бо хабарнигорони рус гуфтааст, вазорати дифоъ аз қасди худ барои харидани киштиҳои ҷангии Мистрали фаронсавӣ даст накашидааст. Анатолий Сердюков афзудааст, ӯ аз тонкҳои сохти русӣ ҳам чандон қаноатманд нест ва тавлиди навъҳои тонкҳои хориҷӣ дар дохили худи Русия номумкин будааст.