Таваҷҷӯҳи сокинони Душанбе ба намоишгоҳи молҳои Эрон

Аз намоишгоҳи колоҳои Эрон, ки рӯзи дуввум аст дар кохи Борбади пойтахт идома дорад, садҳо сокинони Душанбе ва маҳалҳои атрофи он дидан карданд. Ин севвумин намоишгоҳи тавлидоти санъатии Эрон дар соли равон аст.
Аз замони соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон ба ин сӯ Эрон бори даҳум аст, ки чунин намоишгоҳи колоҳои худро дар шаҳри Душанбе баргузор мекунад.

Намоишгоҳи мазкур аз намоишгоҳҳои қаблӣ бо он фарқ мекунад, ки дар он теъдоди бештари корхонаҳову ширкатҳои тавлидотии Эрон ширкат доранд. Ин ширкатҳо, ки беш аз 70 адад мебошанд, молу колои худ, аз қабили шириниҳову дигар намуди ғизоҳо, масолеҳи сохтмонӣ ва рӯзгорӣ, техникаву фанновариҳои муосирро дар ихтиёри мардуми Тоҷикистон гузоштаанд.

Ин намоишгоҳ, ки дар арафаи иди Қурбон доир мегардад, издиҳоми мардум бештар дар назди дӯконҳои ширинифурӯшӣ, равғану ҳалво ва қанду шоколад ба назар мерасид.

Тафовути нархҳо аз бозор

Аз як гурӯҳ заноне, ки бо борхалтаҳои пур аз ин намоишгоҳ берун омада буданд, пурсидем, ки аслан аз ин намоишгоҳ чиҳо харидорӣ кардаанд ва дар ин намоишгоҳ нархи маҳсулоти хурданӣ то чӣ ҳад аз бозор фарқ мекунад?

  • Фарқ мекунад. Масалан, як кило шоколади хубро дар бозори худамон наметавонӣ ду рӯз пеш аз ид бо нархи 10—11 сомонӣ бихарӣ. Дар ин ҷо шоколади аз ҳама гаронқиммат 15-18 сомонӣ аст.
  • Ман бисёртар маводи шустушӯӣ, собуну айнаву маводи зарфшӯӣ харидам. Чунки нисбат ба бозорҳои худамон инҷо арзонтар будааст.
  • Нархҳо хубанд, лекин маводи қаннодӣ, аз ҷумла ҳалвову шоколадро камтар овардаанд.

Харидорон дар назди дӯконҳои маводи шустушӯӣ, маводи сохтмону таъмири манзил ва ашёи рӯзгор низ кам набуданд. Як сокини Душанбе, ки худро Раҳматулло муаррифӣ кард ва дастгоҳи обтозакунӣ харида буд гуфт, ҳарчанд барои харидани қанду шоколад барои дастурхони идона омада буд, вале дастгоҳи обтозакуниро низ барои сиҳатии хонаводааш, дар шароити Тоҷикистон, ки дастрасӣ ба оби соф мушкил аст, зарур медонад ва нархи чунин дасгоҳ дар ин намоишгоҳ ба ҷайбаш
чандон зарбаи сахт назадааст.

Ӯ гуфт: «Аввал хариданӣ набудам, лекин дидам, ки пулам мерасад. Он қадар қиммат набудааст, харидам. Қанду ҳалво лозиманд, лекин ин дасгоҳ ҳам барои рӯзгор зарур аст».

Шириниҳои арзон ва ... хеле кам

Яке аз масъулини намоишгоҳи колоҳои Эрон оқои Дониш дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ӯву ҳамтоёнаш, ки солҳост ба Тоҷикистон рафтуомад доранд ва аз вазъи иқтисодии ин кишвар ва сатҳи зиндагии мардуми тоҷик огаҳанд, кӯшиш кардаанд, ҳадалимкон ашёву маводи ғизоӣ ва дигар анвои зарурии рӯзгорро бо нархи нисбатан арзон дар ихтиёри мардуми ин кишвари дӯсту бародари худ гузоранд.

Оқои Дониш афзуд: «Харидорон ин бор бештар маводи қаннодӣ ва шириниро барои иди Қурбон харидорӣ мекунанд ва мо, мутаассифона, инҳоро камтар овардем, вале маҳсулотеро аз қабили биринҷу макарон равған ва чой, ки барои дарозмуддат лозиманд, бештар овардем. Дар оянда мо талаботи мардуми хуби тоҷикро дар назар хоҳем дошт ва табқи он амал хоҳем кард».

Афзоиши талабот ба молҳои эронӣ

Дар маросими кушоиши намоишгоҳи молу колои Эрон дар Душанбе масъулини утоқи бозаргонии Тоҷикистон, ки аз созмондиҳандагони ин намоишгоҳанд, таъкид карданд, ки баргузории чунин намоишгоҳҳо аз як сӯ метавонад ниёзҳои мардумро бароварда созад, аз ҷониби дигар барои ҷалби сармояи хориҷӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак бо Эрон ва инчунин рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон мусоидат кунад.

Ба гуфтаи дастандаркорони намоишгоҳи колоҳои Эрон, бо назардошти талаботи мардуми Тоҷикистон ба тавлидоти корхонаҳои Эрон, мехоҳанд дар оянда домани ин намоишгоҳро густардатар сохта дар маркази вилоёти Тоҷикистон низ соле як ё ду маротиба чунин намошгоҳҳоро баргузор кунанд.

Ба ин тартиб Эрон - яке аз шарикони фаъоли иқтисодии Тоҷикистон талош дорад дар тарҳҳои муҳими он сармоягузорӣ кунад ва дар зимн кӯшиш дорад барои молу колои худ дар ин кишвари ҳамзабон бозор пайдо кунад. Диду боздидҳои расмии Тоҷикистону Эрон дар чанд соли ахир ҳокист, ки ҳарду ҷониб бештар хостори рушд бахшидани мизони тиҷорат миёни кишварҳояшон мебошанд.

Бино ба омори расмӣ, дар ним соли гузашта табодул миёни Эрону Тоҷикистон нисбат ба як соли пеш 60 дарсад афзоиш ёфтааст.