Ба бозор даромадани “Лаҳзаҳои ҳаллкунанда”, китоби ёддоштҳои раисиҷумҳури пешини Амрико Ҷорҷ Буш исми ӯро дубора вирди забонҳо кард.
Бо он, ки Буш дар ин китоб аз муҳимтарин тасмимҳои даврони раҳбарии худ, аз ҷумла дар мавриди шурӯъи ҷангҳои таҳти раҳбарии Амрико дар Афғонистону Ироқ дифоъ мекунад, бо нашри ёддоштҳои ӯ мавҷи нави интиқодҳо аз сиёсатҳои даврони Буш ва ҳатто талаби ба муҷозот кашидани ӯ низ дигарбора баланд шудааст. Вале бархеи дигар дар мероси он даврон паҳлӯҳои мусбатеро ҳам мушоҳида мекунанд, ки як намунааш дар саҳнаи Осиёи Марказӣ ва гӯшаҳои дигари пасошӯравӣ ҷойи по кардани кишварҳои Ғарбист.
Буши хилватнишин
“Decision points”, ё худ “Лаҳзаҳои ҳаллкунанда”, китоби ёддоштҳои раисиҷумҳури 43-юм ва ҳамакнун собиқи Амрико Ҷорҷ Буш рӯзи 9 ноябр дар 477 саҳифа ва бо теъдоди 1,5 миллион нусха ба бозор даромад. Дуруст бо ҳамон теъдоде, ки нахустнашри “Ҳаёти ман”, китоби хотироти пешгузаштаи ӯ Билл Клинтон аз дасти чоп берун шуда буд.
Буш, ки феълан 64 сол дорад, дар пайи тарки мақом дар январи соли гузашта инак қариб 2 сол боз як гӯшаи узлатро ихтиёр карда, дар мазҳари омм хеле кам зоҳир мешуд. Ва дар маъракаи ҷамъоварии кӯмакҳо ба мардуми осебдидаи Ҳаитӣ ҳам, ки ӯву Клинтон раҳбарӣ мекарданд, Буш кӯшиш намекард, ки зиёд ба назар бирасад.
Дар рӯзи ба бозор даромадани “Лаҳзаҳои ҳаллкунанда”, Ҷорҷ Буш якбора дар пуртамошобинтарин шабакаҳои телевизионии Амрико, аз ҷумла дар барномаи маликаи ток-шоу Опра Винфрӣ ва ҳам дар барномаи Ларрӣ Лоер дар шабакаи NBC зоҳир шуд. Аммо ӯ гуфта, ки ин ҳама танҳо ба хотири таблиғи фурӯши ёддоштҳояш буда, ба муҷарради анҷоми ин кор дубора ба ҳамон узлати ихтиёриаш бар хоҳад гашт.
Дар сӯҳбатҳои ахири худ Буш гуфт, бо ин китоб эътиқоди онҳоеро ҳам ботил мекунад, ки “фикр мекарданд, ман ҳатто хонда наметавонам, чӣ ҷои навиштан.”
Муқарризон аммо, ба сурати умум, забони китоби ёддоштҳои Ҷорҷ Бушро хеле хушк, ҳазлу шӯхиҳояшро беобуранг ва моломоли талоши ҳимоят аз мероси 8 соли раҳбарии ӯ хондаанд.
Аз Афғонистон то Ироқ
Ҷорҷ Буш аз январи соли 2001 то январи 2009, тайи 8 сол, дар як давраи хеле ҳассосе зимоми раёсати бузургтарин қудрати ҷаҳони муосирро дар даст дошт. Даврае, ки аз ҳамлаҳои террористии 11 сентябр ба Вошингтону Ню-Йорк ва амалиёти ҷаҳонии зидди террор дар Афғонистон оғоз шуда, бо ҷанги таҳти раҳбарии Амрико дар Ироқу тӯфони пурқурбониву пурхисораи Катрин дар Ню-Орлин идома кард ва бо бӯҳрони саросарии молӣ ва шикасти номзади ҳизби ҷумҳурихоҳи ӯ Ҷон МакКейн аз Барак Обамаи демократ дар интихоботи поёни соли 2008 анҷом ёфт.
Таҳлилгари тоҷик Абдуғанӣ Муҳаммадазимов мегӯяд, даврони раҳбарии Ҷорҷ Буш асосан бо ҳамин ду ҷанги Ироқу Афғонистон дар ёдҳо мондааст: “Мо, ки ба сиёсати берунии Амрико бештар аз зовияи ҷангҳои Ироқу Афғонистон баҳо медиҳем, аз ин рӯ, ба назари мо, даврони Буш назар ба бурд бохти бештар дошт. Чункӣ Буш як давлати хеле абарқудратро ба ду ҷанге ворид кард, ки натиҷааш то ҳол маълум нест. Ҳатто метавон гуфт, ки ӯ сутунмӯҳраи ин давлати пурқудратро шикаст.”
Тавсифи Блейр ва танқиди Мушарраф
Бахши аъзами “Лаҳзаҳои ҳаллкунанда”-и Буш ҳам ба таърихчаи ду ҷанги ахири таҳти раҳбарии Амрико ихтисос ёфта, ӯ аз наздиктарин муттафиқи худ ҳам дар ҷанги Афғонистон ва ҳам дар ҷанги Ироқ сарвазири вақти Бритониё Тонӣ Блейер хеле ба некӣ ёд карда, ӯро ҳатто бо Уинстон Черчилл, сарвазири он кишвар дар солҳои ҷанги дуввуми ҷаҳон монанд мекунад.
Буш баръакс раҳбари вақти Покистон генерал Парвиз Мушаррафро санг мезанад, ки ба ҳама ваъдаҳояш амал намекард ва дар Афғонистон бештар нигарони амалкардҳои Ҳинд буд, ки барои мисол, чаро дар манотиқи ҳаммарз бо Тоҷикистону Узбакистон дар шимоли Афғонистон консулхона боз намекунаду ин корро дар Қандаҳор, дар наздикии марзи Покистон кардааст?
Санге ба полизи Шрёдер
Ҷорҷ Буш ҳамин тавр, раҳбарони вақти Фаронсаву Олмон Жак Ширак ва Герҳард Шрёдерро барои мухолифати онҳо ба ҷанги таҳти раҳбарии Амрико алайҳи Саддом Ҳусейн зери борони танқид кашида, аз ҷумла ба полези Шрёдер санг меандозад, ки бар хилофи ваъдаи қаблиаш аз ин ҷанг ҳимоят накард ва баъди тарки раҳбарӣ дар ширкати русии “Газпром” мансаб гирифт.
Аммо Шрёдер билофосила ба Буш посух додааст, ки ӯ дар соли 2002 танҳо дар сурати пайдо шудани далоили даст доштани Саддом Ҳусайн дар ҳамлаҳои 11 сентябр розӣ буд, ба ҷанги зидди ӯ биравад, дар ҳоле ки дар ниҳоят ҳеҷ яке аз тавҷеҳоти Амрико барои шурӯъи ин ҷанг собит нашуд.
Ҳақиқати "То ҳол дардовар"-и Буш
Ҷорҷ Буш дар “Лаҳзаҳои ҳаллкунанда” ҳарчанд дар ниҳоят пайдо нашудани силоҳҳои куштори ҷамъӣ дар Ироқ, далели аслии ба ҷанги алайҳи давлати Саддом Ҳусайн рафтани Амрикову муттаҳидинашро ҳақиқате барои худ “то ҳол дардовар” эътироф мекунад, вале мегӯяд, “барканории Саддом тасмими дуруст буд ва ҷаҳони бидуни Саддом Ҳусайн, бидуни шубҳа, ҷаҳоне хеле беҳтар шуда”, ин ҷанг, ба бовари ӯ, барои 25 миллион мардуми Ироқ озодӣ овард.
Дар посух ба ин суол, ки барои ҷанги Ироқ узр хостанист ё хайр, Буш гуфт: “Ба назари ман, узр пурсидан усулан ба маънои эътироф кардан аст, ки тасмим тасмими нодуруст буд. Вале ман бовар надорам, ки ин тасмим нодуруст буд.”
Wатerboarding
Як мояи интиқодот аз давлати Ҷорҷ Буш истифодаи шеваҳои номашрӯъи бозпурсии афроди гумонбар ба терроризм ва бадрафторӣ нисбат ба боздоштшудагон, аз ҷумла дар зиндонҳо бадномшудаи Гуантанамо ва Абуғариби Бағдод буд.
Аммо Буш аз корбурди шеваҳои шадиди бозҷӯӣ, аз ҷумла “waterboarding”, ки маҳбусро гӯё ғарқ мекунанд, дар қиболи Шайх Холид Муҳаммад, гумонбари аслӣ ба ташкили ҳамлаҳои 11 сентябр, дифоъ кард ва гуфт, ин шева аз чандин ҳамлаи террористӣ, аз ҷумла дар Бритониё, ҷилавгирӣ кардаву одамонро аз куштан наҷот додааст: “Ман аз тимамон пурсидам, ки ин шеваҳо оё қонунист? Ҳуқуқдонҳо гуфтанд, ки “бале, қонунист.” Ва ман ҳам амр додам, ки аз он истифода кунед. Ман ба шумо мегӯям: Истифодаи ин шеваҳо ҳаёти одамонро наҷот дод.”
Вале ҳомиёни ҳуқуқи башар назари баръакс доранд. Ба дунболи ба бозор даромадани “Лаҳзаҳои ҳаллкунанда”, Amnesty International, ё Афви Байналмилалӣ, аз созмонҳои мӯътабари дифоъ аз ҳуқуқи инсон бори дигар ба таҳқиқи ҷиноии амалҳои Ҷорҷ Буш даъват кард. Клаудио Кордоне, намояндаи ин созмон гуфт, эътирофоти Буш кофист, ки Амрико ба таҳқиқи ин аъмол ва дар сурати собит шуданаш, ба муҷозоти ӯ ӯҳдадор шавад.
Мероси Буш дар Афғонистон
Ба эътиқоди Наҷиби Маҳфуз, устоди донишгоҳи Кобул, мероси чӣ мусбат ва чӣ манфии аҳди раҳбарии Ҷорҷ Буш бахусус дар Афғонистон маҳсусу барҷаста ба назар менамояд. Наҷиби Маҳфуз мегӯяд, ҷанги таҳти раҳбарии Амрико давлати Толибон, як манбаъи ноамнӣ ва таҳдид дар минтақаро суқут дод ва ваҳдати ҷаҳон дар муқобили даҳшатафканиро ба намоиш гузошт. Вале, меафзояд ӯ, аз Буш барои раҳбари кунунии Амроико Барак Обама ҳам дар Ироқ ва ҳам дар Афғонистон ва ҳам дар худи Амрико корҳои нотамом бештар боқӣ монда, ки ҳалли он ҳама дигар дар гардани Обама уфтодааст.
Наҷиби Маҳфуз мегӯяд: “Бо ба қудрат расидани Буш, Амрико дучори чанд мушкил шуд. Аввал ин,ки натавонист масъалаи Исроилу Фаластинро ҳалл бикунад. Мушкили дуввумаш бӯҳрони иқтисодист, ки ҳанӯз ҳам асароти манфие ба ҷо гузоштааст. Ва севвум, эъзоми асокираш ба Афғонистон ва Ироқ буд. Дуруст аст, ки инҳо барои ҳифзи сулҳ ва амнияти ҷаҳонӣ сарбоз фиристоданд, вале дар паҳлуи инки дар мубориза бо даҳшатафканӣ гом бардоранд, бояд дар бахши бозсозӣ ва эъмори муҷаддад ҷиддитар иқдом мекарданд, то имрӯз зарурати сарфи пулу нирӯи бештар пеш намеомад.
Эътирофи чанд иштибоҳ
Бо инҳол, раҳбари пешини Амрико бархе иштибоҳҳои даврони раёсати худ, аз ҷумла расидагии кунд ба бозори мисли пуфак дамкардаи манзилро, ки дар ниҳоят мунҷар ба бӯҳрони саросарии молӣ шуд, иқрор мекунад. Вале мегӯяд, мухолифати Конгресс буд, ки тарҳи ислоҳоти низоми молиётро танҳо ба маҳзи аз сӯи ӯ ироа шуданаш сарсахтона намепазируфт.
Буш ҳамчунин мегӯяд, танҳо аз оинаи ҳавопаймо тамошо кардани манотиқи аз тӯфони 5 сол пеши Катрин осебдида ҳам коре дуруст набуд. Он замон аз сафари мустақим ба шаҳри харобшудаи Ню-Орлин худдорӣ кардани Буш мояи интиқодоти тунде шуда, Канйе Вест, як хонандаи рэп ҳатто бо ишора ба аксаран сиёҳпӯст будани мардуми ин минтақа Бушро айбдор кард, ки “зиёд дар фикри мардуми сиёҳпӯст нест.”
Буш вале ин иддаоро радд карда, мегӯяд, ҳеҷ гоҳ нажодпараст набуд: “Ӯ маро нажодпараст номид. Ман аз ин озурда шудам. Ин дуруст нест. Ва ин яке аз лаҳзаҳои мутанаффиркунандаи даврони раёсати ман буд.”
“На Владимир, Шумо хунсардед!”
Дар ҷои дигаре аз китоби ёддоштҳояш, Ҷорҷ Буш ба ҳаводиси атрофи ҷанги Русияву Гурҷистон бар сари вилояти ҷудоиталаби Осетияи ҷанубӣ дар августи соли 2008 мурур мекунад.
Буш сарвазири Русия Владимир Путинро нафаре “маккор” ва рақибе билқувва таъриф мекунад ва менависад: “Ман ба ӯ гуфтам, ки ба иштибоҳи ҷиддӣ роҳ додааст ва Русия, агар аз Гурҷистон хориҷ нашавад, метавонад худро дар инзивоъ қарор диҳад. Ӯ бо айни таъбире, ки Медведев кор бурда буд, Саакашвилиро ҷинояткори ҷанг номид. Ман ба Путин гуфтам: “Ман шуморо ҳушдор дода будам, ки Саакашвилӣ марде хунгарм аст.” Путин гап гардонд, ки “Ман ҳам хунгармам.” Аммо ман гуфтам: “На, Владимир, шумо хунсардед, на хунгарм.”
Амрико дар Осияи Марказӣ
Вуруди фаъолонаи Амрико ба паҳнои пасошӯравӣ, аз ҷумла дар Қафқозу Осиёи Марказӣ, ки дар гузашта майдони яккатозии Маскав шинохта мешуд, низ меросест, ки аз даврони Ҷорҷ Буш ба ҷо монда, ба дунболи амалиёти ҷаҳонии зиддитеррор дар Афғонистон кишварҳои Ғарб барои нахустин бор дар Осиёи Марказӣ ҳатто ҳузури низомӣ пайдо карданд.
Таҳлилгари тоҷик Абдуғанӣ Муҳаммадазимов мегӯяд, чунин фаъол шудани Амрико дар қаламрави шӯравии собиқ ба сӯди Душанбе буд, ки тавонист дар сиёсати хориҷиаш нафақат рӯи Русия, балкӣ акнун ба Ғарб ҳам ҳисоб кунад: “Ман инро ба гунаи дигар талқин мекунам. Инро метавон ҳатто бурди Тоҷикистон аз сиёсати Буш ҳам номид. Ин асосан на бурди Амрико, балки маҳз бурди стротегии Тоҷикистон буд. Чункӣ агар ҳаводиси 11 сентябр намебуд, Душанбе аз сиёсати якқутбӣ ба бисёрсамтӣ гузашта наметавонист. Инро метавон истифода аз вазъи нави геополитикӣ номид, ки Тоҷикистон тавонист ба сиёсати дарҳои боз гузашта, ҳаракаташ аз ин роҳро то ҳол ҳифз кунад.”
Чатри Буш барои ҳокимони худкома
Ба назари ҳомиёни ҳуқуқи башар, Амрико даврони Буш ба хотири касби ҳимояти кишварҳои пасошӯравӣ аз амалиёташ алайҳи Толибон ва Ал-Қоида дар Афғонистон аз масоили муҳиме, чун ҳуқуқи инсон ва демократия дар ин кишварҳо, аз ҷумла дар Осиёи Марказӣ чашм пӯшид ва ба ҳокимони худкомаи ин минтақа карт-бланш дода буд, то битавонанд дар зери чатри мубориза бо тундгароиву терроризм мухолифини сиёсии худро саркӯб кунанд.
Ба назари бархе нозирони умур, ин чашмпӯшиҳо ба умри ин низомҳои худкома афзуд ва гурӯҳҳои ихлосманд ба арзишҳои демократиро дар ин сарзаминҳо аз Ғарб хеле дилсард кард.
Вале коршиноси тоҷик Абдуғанӣ Муҳаммадазимов мегӯяд, дар ҳар сурат, ҷои по ёфтани Амрико ва кишварҳои дигари Ғарб дар Осиёи Марказӣ оғози ҳаракатҳое ба сӯи ҷомиаи шаҳрвандӣ дар ин минтақа шуд, ки як намунаи барҷастааш Қирғизистон аст: ”Аз ин ҳалқа Қирғизистон мавқеъи хос дорад. Мо мехоҳем, ё намехоҳем, дар он кишвар як фарҳанги нав – фарҳанги ҷомиаи шаҳрвандӣ пайдо шуд. Ҳамин тавр, ворид шудани Амрико, албатта, на ба таври мустақим, вале ғайримустақим ба ҳамаи кишварҳо таъсире гузошт. Дар Тоҷикистон низ ҳарчанд низоми чандҳизбӣ буд, вале он боз ҳам инкишоф ёфт. Албатта, давлатҳои тоталитарӣ боқӣ монданд, вале равандҳои бунёди ҷомиаи шаҳрвандӣ ва демократикунонӣ каме ҳам бошад, устувортар шуд.”
“Ман кори худамро анҷом медодам”
“Лаҳзаҳои ҳаллкунанда”-и Ҷорҷ Буш танҳо баъд аз интихоботи миёндавраии Конгресс, ки дар он ҷумҳурихоҳон бар демократҳо бартарӣ доштанд, вориди бозор шуд. Расонаҳо мегӯянд, зоҳиран ҳатто ҳизби ҷумҳурихоҳи Буш намехост корзори интихоботиаш бо номи ӯ пайванд бигирад.
Аммо бо вуҷуди мавҷи интиқодҳо аз сиёсати давлати Буш, ки бо нашри ёддоштҳояш бо қувваи наве баланд шудааст, ӯ мегӯяд, ба фарқ аз ҳамсараш Лаура ва духтаронаш Барбара ва Ҷенна, ки хеле ғам мехӯрданд, ӯ худ ҳеҷ гоҳ парвои танқиди фаъолиятҳояш надошт.
“Кори ман дифоъ аз Амрико буд ва ман кори худамро анҷом медодам”, навиштааст Буш дар хулосаи “Лаҳзаҳои ҳаллкунанда.