Дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Виҷай Кумар Сингҳ, фармондеҳи артиши Ҳиндустон масъалаи густариши бештари ҳамкориҳои низомии ду кишвар ва муборизаи муштарак бо ифротгароӣ ва терроризм баррасӣ шудааст.
Фармондеҳи артиши Ҳинд, ки ду рӯз ба ин сӯ дар Тоҷикистон ба сар мебарад, бо мақомоти Тоҷикистон ҳамчунин вазъияти амниятии минтақа, авзои Афғонистон ва омодасозии мутахассисон барои артиши Тоҷикистонро низ баррасӣ кардааст.
Виҷай Кумар Сингҳ афзуд, ки кишвараш омодааст, дар муқобили таҳдидҳои муштарак ҳамкориҳои худ бо Тоҷикистонро густариш диҳад.
Ҳинд ва фурудгоҳи Айнӣ
Виҷай Кумар Сингҳ, фармондеҳи кулли артиши Ҳинд баъди мулоқоти худ бо Эмомалӣ Раҳмон дар посух ба суоли хабарнигорон роҷеъ ба имкони истифода аз фурудгоҳи низомии Айнӣ гуфтааст, ки кишвараш бозсосии фурудгоҳи мазкурро бар асоси тавофуқи ду ҷониба анҷом додааст.
Виҷай Кумар Сингҳ гуфтааст, ҷониби Ҳиндустон ба асоси тавофуқ дар мавриди бозсози фурудгоҳи низомии Айниро тааҳҳуди худро иҷро кардаааст ва ин ҳаққи давлати Тоҷикистон аст, ки дар мавриди истифода аз ин фурудгоҳ тасмим бигирад.
Дар ҳамин ҳол, Маъруф Ҳасанов, сардори раёсати равобити байналмилалии вазорати дифоъи Тоҷикистон низ мегӯяд, ки зимни имзои қарордоди бозсозии фурудгоҳи Айнӣ чунин шарте матраҳ набудааст, ки баъди анҷоми он, фурудгоҳ дар ихтиёри ҷониби Ҳинд қарор бигирад.
Фурудгоҳи низомии Айнӣ дар 25-километрии ғарби шаҳри Душанбе воқеъ аст ва тавассути мутахассисони Ҳинд ва бо сармояи бештар аз 20 миллиондолларии он кишвар бозсозӣ шуда буд.
Расонаҳои Тоҷикистон мегӯянд, як рӯзномаи ҳиндӣ навиштааст, дар ҳоли ҳозир ҳудуди 150 нафар мутахассисони артиши Ҳинд ба ҳадафи кӯмаки техникӣ ба ҳамтоёни тоҷики худ мустақар ҳастанд. Аммо мақомоти Тоҷикистон чунин иттилоеъро то кунун тасдиқ накарданд.
Русия ва фурудгоҳи Айнӣ
Русия мехоҳад аз ин фурудгоҳ дар чаҳорчӯби барномаҳои СПАД истифодаи ройгон бикунад. Аммо Тоҷикистон бар асоси хабарҳо хостори пардохт барои истифода аз ин фурудгоҳ шудааст.
Миёни Тоҷикистон ва Русия дар соли 2008 -ум тавофуқи усулие дар бораи истифодаи муштарак аз фурудгоҳи Айнӣ ба имзо расида буд,
аммо то кунун амалӣ нашудааст.
Ахиран Ҳамрохон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон изҳор доштааст, ки Тоҷикистон дар мавриди истифодаи муштарак аз фурудгоҳи Айнӣ бо Русия дар ҳоли гуфтушунид аст.
Фурудгоҳи низомии Айнӣ, ки дар замони ҷанги Шӯравӣ дар Афғонистон низ аз он истифода мешуд, имкони қабули ҳама навъи ҳавопайои низомиеро, ки дар бузургтарин артишҳои дунё мавҷуд аст, дорад.
Тафсилоти бештар нашр мешавад.