Рустами Эмомалӣ, писари калонии раисиҷумҳури Тоҷикистон ва ҳамлагари дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, ки чанд рӯз пеш ба симати ноиби президенти Федеросиюни футболи Тоҷикистон таъин шуда буд, узви Шӯрои олимпии Осиё гардид.
Дар ин бора ба радиои Озодӣ Маликшоҳ Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ва ҳамзамон ноиби аввали президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар, хабар дод.
Ба гуфтаи ҷаноби Неъматов, дар номаи Аҳмад Ал-Фаҳад Ал-Сабоҳ, раиси Шӯрои олимпии Осиё, ба унвони Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон гуфта мешавад, ки Рустами Эмомалӣ ба аъзогии ШОО қабул шуд ва ӯ барои ширкат дар ҷаласаи Шӯрои олимпии Осиё, ки пеш аз маросими кушоиши Бозиҳои осиёӣ дар шаҳри Гуанҷоуи Чин доир хоҳад шуд, даъват мешавад.
Рустами Эмомалӣ, ки 19-уми декабри соли ҷорӣ 23-сола мешавад, хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Вай ҷонишини раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва сардори раёсати соҳибкории Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ буда, моҳи феврали соли равон вакили Маҷлиси намояндагони шаҳри Душанбе интихоб шудааст.
Ёдовар мешавем, ки дастаи ташкилнамудаи Рустами Эмомалӣ - “Истиқлол”-и Душанбе барандаи дукаратаи Ҷоми Тоҷикистон, Суперкубок ё Ҷоми олии Тоҷикистон буда, дар мусобиқоти имсолаи қаҳрамонии Тоҷикистон байни тимҳои лигаи олӣ пешакӣ соҳиби медалҳои тилло шуд.