Раиси КАМ-и Тоҷикистон дар нишасти раҳбарони хадамоти амниятии кишварҳои ИДМ гуфт, амалиёт алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳ дар шарқи Тоҷикистон ба марҳалаи ниҳоӣ расидааст ва давлат назорати комил дар ин минтақаро дар даст дорад.
Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, ки дар ҷараёни натиҷагирӣ аз нишасти 29-уми Шӯрои раҳбарони хадамоти амниятии кишварҳои Муштаракулманофеъ дар шаҳри Душанбе сӯҳбат мекард, гуфт, дар ҷараёни амалиёт алайҳи ин гурӯҳҳо бархе аз аъзои он кушта, бархе дастгиру таслими давлат шудаанд ва шумори андаке аз онҳо, ки шояд 5-6 нафар беш набошанд, зери таъқиби мақомот қарор доранд.
Баррасии вазъи Рашт дар ҳамоиши Душанбе
Ӯ таъйид кард, ки авзоъ дар шарқи Тоҷикистон дар ҷаласаи имрӯз мавриди арзёбӣ қарор гирифтааст. Ҷаноби Ятимов гуфт: «Ман бо масъулияти тамом изҳор медорам, ки авзоъ дар шарқи кишвар, яъне Рашт, ба ҳадди кофӣ ором аст. Он гурӯҳҳое, ки таҳти роҳбарии Мулло Абдулло талош доштанд, авзоъро бесубот кунанд, комилан саркӯб ва нобуд шуданд. Авзоъ дар шарқи Тоҷикистон дигар ҷое барои нигаронӣ надорад».
Ба гуфтаи масъули идораи амниятии Тоҷикистон, давлат барои хунсо ва безарар гардонидани ин гурӯҳҳои мусаллаҳ ҳамаи имконот ва тавоноиро дорад.
Амалиёти густардаи нирӯҳои қудратии Тоҷикистон алайҳи гурӯҳҳои Мулло Абдулло ва Алии Бедакӣ, аз фармондеҳони собиқи Иттиҳоди мухолифини тоҷик, баъди ҳамлаи маргбор ба корвони мошинҳои вазорати дифоъ дар дараи Камароб шурӯъ шуда буд. Ҳукумати Тоҷикистон гурӯҳҳои Мулло Абдулло ва Алии Бедакиро масъули ин ҳамла мехонад ва мегӯяд, онҳо бо Ҳаракати исломии Ӯзбакистон ва Толибон робита доранд.
Таҳдидҳои воқеӣ ва ҷиддӣ аз Афғонистон
Бо ин ҳол нооромиҳои ахир дар Афғонистони ҳамҷавор бо Тоҷикистон ва вуҷуди таҳдидҳои эҳтимолӣ ба амнияти минтақа аз он кишварро сарони ниҳодҳои амниятии кишварҳои Муштаракулманофеъ дар ҳамоиши Душанбе воқеӣ ва ҷиддӣ унвон кардаанд.
Александр Бортников, раиси Хадамоти федералии амниятии Русия, гуфт, ки тағйирот ва дигаргуниҳои кишвари Афғонистон ҳамеша дар ҳоли омӯзиши ниҳодҳои вижа қарор дорад ва дар ҳоли ҳозир вазифаи ин ниҳодҳо ташхиси табиат ва идеологияи гурӯҳҳои террористӣ дар ин кишвар ва эҳтимоли таҳдиди онҳо ба амнияти кишварҳои Муштаракулманофеъ аст.
Ҳамзамон бо ин ҷаноби Бортников гуфт, дар кишварҳои ҷомеаи Муштаркулманфое тамоюли ифротӣ шудани ҷавонон ва зери таъсири гурӯҳҳои бунёдгаро ва тундрави мазҳабӣ рӯ ба афзоиш аст:
«Инҷо зарур аст, ки мо ҷараён ва равандҳои ифротӣ шудани ҷомеа, таҳти таъсири кадом гурӯҳҳои мазҳабӣ ва исломӣ қарор гирифтани ҷавононро мавриди омӯзиш қарор бидиҳем ва зери назар дошта бошем».
Нигаронии Раҳмон аз бархӯрди духӯра ба терроризм
Зимнан дар оғози нишасти мазкур Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳурии Тоҷикистон, ширкат ва суханронӣ кард. Эмомалӣ Раҳмон, аз нақши Тоҷикистон чун кишвари пешгирикунандаи густариши терроризму экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аз Афғонистон ёдовар шуда, аз ҷумла гуфт, дар зарфи 10 сол дар Тоҷикистон зиёда аз 68 тонна маводи мухаддир мусодира шудааст, ки 28,5 тоннаи онро героин ташкил медиҳад.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон афзуд , ки пайомадҳои бўҳрони иқтисодӣ, ки ба сиёсати давлатҳо низ таъсир расондааст, терроризмро “ба яке аз воситаҳои асосии бозиҳои геополитикии баъзе нерўҳои сиёсӣ табдил додааст”.
Раисиҷумҳурии Тоҷикистон таъкид кард, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ҳеҷ як давлат наметавонад амнияти худро ба танҳоӣ таъмин карда, аз таъсири аъмоли террористиву экстремистӣ дар дигар нуқоти олам эмин бошад.
Ба ин тартиб нишасти сарони хадамоти амниятии кишварҳои Муштаркулманофеъ бо имзои чанд санади ҳамкорӣ ба поён расида ва қарор шудааст, ки ҷаласаи баъдӣ дар Украина доир шавад.