Масъули латтукӯби рӯзноманигори рус кист?

Олег Кашин

Дар изҳороти САҲА ва вазорати хориҷаи Амрико дар робита ба латтукӯби Олег Кашин, хабарнигори рӯзномаи "Комерсант"-и чопи Маскав, омадааст, латтукӯби хабарнигор собит месозад, ки вақтҳои ахир азияту озори кормандони матбуот дар Русия ба тамоюл табдил мешавад.
Ҳамчунин созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар, аз ҷумла Созмони афви байналмилал ё Амнести Интернешнл ва Фридом Ҳаус, аз муроҷиатномаи рӯзноманигорони Русия ҷонибдорӣ кардаанд.

Нигаронӣ аз вазъи рӯзноманигорон дар Русия

Дар ин муроҷиатнома аз мақомоти Русия дархост мешавад, ки созмондиҳандагон ва омилони латукӯби Олег Кашин боздошт ва ба муҷозот кашонда шаванд.

Олег Кашин шаби 5-ум ба 6-уми ноябр дар наздикии хонаи худ аз тарафи афроди то ҳол номаълум мавриди латтукӯб қарор гирифт ва ба бемористон интиқол дода шуд. Рӯзи сешанбе дар расонаҳои Русия навори видеои латтукӯби рӯзноманигор ва блогнавис Олег Кашин пайдо шуд. Камераи дохили ҳавлӣ ҳамла ва латтукӯби Кашин аз тарафи ду фарди то ҳанӯз ношиносро сабт кардааст, ки субҳи барвақти шанбеи шашуми ноябр ба вуқӯъ пайваста буд.

Рӯзноманигори 30-сола бо дасту пои шикаставу сари захмӣ дар ҳоли беҳушии сунъӣ қарор дорад.

Тақозои рӯзноманигорони рус аз мақомот

Президенти Русия Дмитрий Медведев ваъда дод, ки сарфи назар аз вазифа, мақоми ҷамъиятӣ ва ё дастовардҳо масъули латтукӯби Кашин дарёфт ва ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

Рӯзи шанбе гурӯҳе аз рӯзноманигорони расонаҳои мухталифи Русия дар қатъномаи дастаҷамъӣ имзо гузашта, аз таҳдид ба рӯзноманигорон ва озодии баён дар Русия изҳори ташвиш карда буданд. Сомонаҳои интернетӣ бо ишора ба гузоришҳои созмонҳои байналмиалӣ ёдовар шуданд, ки Русия яке аз гӯшаҳои серхатар барои рӯзноманигорон номбар шудааст. Ин сомонаҳо аз президенти кишвар Дмитрий Медведев тақозо кардаанд, ки ба ҳимояи рӯзноманигорон иқдом намояд.

Муҳаррири сомонаи openspace.ru Мария Степанова ба беҳбуди вазъи рӯзноманигорон зиёд бовар надорад: "Умед зиёд нест, ки Медведев кореро анҷом медиҳад. Вале рӯзноманигорон бояд имкон дошта бошанд, ки дар бораи нигарониҳояшон ҳарф зананд."
Дар Русия рӯзноманигорон борҳо мавриди ҳамла қарор гирифтаанд, вале масъулони ин ҳамлаҳо одатан кашфу муҷозот намешаванд.
Николай Петров ходими маркази Карнегии шаҳри Маскав мегӯяд, новобаста ба ваъдаи президент Медведев аз эҳтимол дур аст, ки ин дафъа ҳам чизе тағйир ёбад.

" Таҷриба аз он гувоҳ аст, ки аз тақрибан 200 ҳамлае, ки дар 15 соли ахир бар зидди рӯзноманигорон ба қайд гирифта шудааст, ҳамагӣ ду ва ё се ҳодиса истисноӣ мавҷуд аст, ки масъулони ҳамла кашф ва муҷозот шудаанд. Дар ҳамин ҳол ягон дафъа фарди фармоишгари ҳамла дастгир нашудааст."

Фарзияҳои ҳамла ба Кашин

Муҳаррири рӯзномаи Комерсант Михаил Михайлин се фарзияи ҳамла болои Кашинро матраҳ намудааст:

"Аввалан, Олег бо волии вилояти Псков Андрей Турчак ихтилоф дошт, ки аз он ҷмоеа низ огаҳ аст. Сониян, сабаби эҳтимолии ҳамла болои Кашин гузоришҳои ӯ дар бораи барномаи сохтмони роҳи мошин дар ҷангали шаҳри Химки мебошад. Ва саввум ин, ки Кашин фаъолиятҳои созмонҳои эҳтремитстиро таҳқиқ мекард."

Ба суханони Михайлин шореҳ Петров ҳам мувофиқ аст, вале илова мекунад, ки шояд латтукӯби Кашин ишора ғайримустақим ба маъракаҳои интихоботии Русия бошад. Декабри соли 2011 интихоботи Думаи Давлатӣ- палатаи поёнии Парламенти Русия ва баҳори соли 2012-ум интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар баргузор хоҳад гашт.

Ҷои ёдоварист, ки баъди латтукӯби Кашин боз ду рӯзноманигори дигари рус яке дар шаҳри Жуковскии канори Маскав ва дигаре дар минтақаи соҳили рӯди Волга латтукӯб шуданд.