Ҳуқуқҳои "коғазӣ"-и расонаҳои хабарии Тоҷикистон

Аксари рӯзноманигорон ва соҳибназарони тоҷик мегӯянд, қонунҳои Тоҷикистон заминаи ҳуқуқӣ барои озодии сухан ва фаъолияти матбуоти мустақилро фароҳам кардаанд, аммо мақомоти ҳукумати ин кишвар дар иҷрои ин бандҳои қонун халал ворид мекунанд.
Банди 30-и Қонуни асосии кишвар дар мавриди ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон мегӯяд, ки ҳар шаҳрванд ҳуқуқи озодонаи дарёфти иттилоъро дорад ва сензура барои интиқод мамнӯъ аст.

Қонун дар рӯи коғаз

Сардабири рӯзномаи «Имрӯзnews” Раҷаби Мирзо ба ин бовар аст, ки ин банди Қонуни асосӣ аз демократитарини арзишҳои башарӣ ба шумор меравад, вале мақомоти ҳукумати Тоҷикистон дар назорату иҷрои он ба гунаи дигар муносибат мекунанд.

Ба қавли Раҷаби Мирзо, вақте мақолае дар бораи камбуди вазорат ё вазире навишта мешавад, намояндаи ин ниҳод аз пайи ислоҳи камбуд намегардад, баръакс бо ба додгоҳ кашидани нашрия мехоҳад, нишон диҳад, ки дар вазорат нуқсоне нест.

Раҷаби Мирзо, сардабири "ИмрӯзNew"
Намунаи рушан бархӯрди вазорати кишоварзӣ ба матолиби ҳафтаномаи мустақили «Миллат», вокуниши Оҷонсии давлатии Тоҷикстандарт ба ҳафтаномаи «Пайкон» ва бархурди Додрасҳои додгоҳи олӣ ба ҳафтаномаҳои мустақил аст. Ба қавли Раҷаби Мирзо, ин бархӯрди мақомот нишон медиҳад, ки нуқоти қонуни асосӣ дар мавриди озодии баён ба таври амалӣ иҷро карда намешавад.

Усули нави фишор ба матбуоти мустақил

Ба қавли Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои озоди Тоҷикистон, барои бастани даҳони нашрияҳо мақомоти ҳукуматӣ аз як роҳи мудшудаи дигар – фишор ба чопхонаҳо кор мегиранд ва худро ба нодонӣ мезананд.

Бархурди баъзе аз мақомоти боис шуда, ки расонаҳоли давлатӣ аз нашру инъикоси воқеоти кишвар худдорӣ мекунанд ва ин боиси норозигии аксари аҳолии кишвар аз пахши барномаҳои радиоӣ ва шабакаҳои телевизонии давлатӣ шудааст.

Наргис Шодиева, хабарнигори расонаи давлатии маҳаллӣ, мегӯяд, дар интихоби мавзӯъ мушкилӣ мекашад, зеро танҳо бояд мавзӯъҳоеро дунбол кунад, ки ба нафси кадоме аз мақомдорони ҳукумат нарасад:

«Корамон қолабӣ аст. Сармуҳаррир мегӯяд, ки барои ин кори ту моро суд мекунанд. Ва аз ин рӯ мақолаҳоямонро кутоҳ мекунанд».

«Ҳеҷ фишоре ҷой надорад»

Аммо Абдуқодири Абдуқаҳҳор, мудири шабакаи радиои Тоҷикистон, мегӯяд, ки ҳеҷ гуна фишор ва ё маҳдудият дар интихоби мавзӯъ ва дар пайгирии масъалаҳо барои хабарнигорони ин расона ҷой надорад. Вай мегӯяд, ки усули кори радиои давлатӣ мутобиқ бо банду фаслҳои қонунҳои кишвар аст:

«Масалан, мо барномае дорем бо номи «Арзи дил» ва дар он шаҳрвандон гоҳ аз фаъолияти ягон сохтори ҳукуматӣ интиқод мекунанд ва ё шахси воҳидро мавриди интиқод қарор медиҳанд. Онҳо назар ва ё андешаи худро нисбати ислоҳоти ҷомеа мегӯянд. Ҳамин тавр чандин барномаҳои таҳлилӣ ва интиқодӣ ҳам дар радиои Тоҷикистон ва ҳам «Садои Душанбе» дорем.»

Ниёз ба қонуни нав

Дар ҳамин ҳол аксари рӯзноманингорон ва хабарнигороне, ки мо ҳамсӯҳбат шудем, ба ин назаранд, ки барои фаъолияти озоди расонаҳои давлативу мустақил бояд як қонуни ягона ва нав таҳия ва пешинҳод шавад. Зеро қонун «Дар бораи матбуот ва васоити ахбораи умум» ва қонун «Дар бораи телевизион ва радиоишунавонӣ» дар баҳсу мушкилҳо бархӯрдҳои духӯраро эҷод мекунанд.

Ба назари онҳо, агар тарҳи қонун дар бораи матбуот ва васоти ахбори умум, ки феълан дар парлумон мавриди баррасӣ қарор дорад, ин ҳама масъала ва шароитро дар бар гирад, он ба беҳбуди озодии баён ва сухан дар кишвар мусоидат хоҳад кард.