Агар дар замони шӯравӣ дидани ҷавони ришдор тақрибан ғайриимумкин ва гузоштани мӯйлаб ба қавле муд буд, дар чанд соли ахир дар миёни ҷавонони тоҷик баръакс, доштани риш дар шаклҳои мухталиф маъмул шудааст.
Доштани риш барои як гурӯҳ ҷанбаи динӣ дорад ва аммо барои гурӯҳи дигар ин як навъ тарғибу пайравӣ ба афроди саршиноси ҷаҳонӣ ва дӯстдоштаи онҳо аст. Ба ҳар ҳол, боз ҳам миёни ин 2 гурӯҳ фарқ гузоштан мушкил нест. Чун онҳое, ки риш монданро суннат медонанд, аксаран риши расида ва ними рухсораро ниҳон карда доранд, аммо ҷавонони ба қавле замонавӣ, бештар бо риши борику паст ва дар шаклҳои мухталиф ороишдодашуда, фарқ мекунанд.
Навъҳои "мухталиф"-и риш
Навъҳои риш миёни ин гурӯҳи ҷавонон бо номҳои мухталиф, мисли риши Сами Юсуф, риш дар шакли занҷир, риши итолиёвӣ, фаронсавӣ, туркӣ ва ғайра маъруф аст. Риши Парвиз, як мусоҳиби мо ҳам аз чунин ришҳои ба истилоҳ мудерн аст. Ӯ мегӯяд, ҳарчанд дар донишгоҳ барои доштани риш гапи зиёд мешунавад, вале боз ҳам намехоҳад аз ришаш ҷудо шавад.
«Гурӯҳҳои маъруфи брекдансӣ ҳаст, ки аъзоёни он ин навъи ришро доранд ва ман онҳоро дида хеле хостам чунин риш дошта бошам, 2-3 сол аст аслан худам нигоҳубин мекунам, вале ба ҳар ҳол боз дар як ҳафта, як-ду бор барои дуруст тарошидану тамиз кардани ришам ба сартарошҳои мардона муроҷиат мекунам.»
Абдуқодир, мусоҳиби дигари мо ҳам чанд сол аст, риши бо фарқ аз Парвиз, зиёдтару расидатар дорад. Вай мегӯяд на ба пайравии касе ва ё ҷараёни мазҳабие, балки танҳо ба хотири зебогӣ риш мондааст ва чеҳраи худро бо риш меписандад, ҳарчанд аксарият мегӯянд, ки риш ӯро аз синни худаш чанд сол бузургтар нишон медиҳад. Абдуқодир мегӯяд, кӯшиш мекунад ришашро мисли мӯи сараш хубу тоза нигоҳ кунад ва барои ин шонаву атриёти махсус низ харидааст.
Риш мондан дардисарҳое ҳам дорад
Аммо Барно Азизова, ороишгари яке аз кошонаҳои ҳусни шаҳр мегӯяд, доштани ришҳои гуногуншакл дар миёни ҷавонон дар 4 соли ахир маъмул шудааст ва ба онҳо бештар ҷавонон барои гузоштани ришҳои итолиёвӣ ва фаронсавӣ муроҷиат мекунанд. Барно меафзояд.
« Рише, ки ба мошинка паст мекунему аз пӯсти одам камтар баромада меистад ин риши итолиёвӣ аст. Риши фаронсавӣ каме баландтар, тақрибан ним сантиметр аст. Ҷавонон ҳар намуди ришро интихоб мекунанд. Аммо, ҳоло бештар риши итолиёвӣ мегузоранд, чун вай пасттар ва қулайтар аст»
Аммо вақтҳои ахир баробари нооромиҳо дар шарқу шимоли кишвар ва тағйири муносибати мақомот бо афроди ришдор, махсусан онҳое, ки риши дарози қайчинозада доранд, гурӯҳи ҷавононе ҳам, ки аз рӯйи ҳавову ҳавас ва муд мехоҳанд риш дошта бошанд, то ҷое ба мушкил мувоҷеҳ мешаванд. Аз ҷумла Абдуқодир мегӯяд, баъди ҳодисаҳои Рашт, волидону наздикон ӯро маҷбур мекунанд, то ришашро пок битарошад ва худро ба қавли онҳо дар «бало» намонад.
«Ростӣ, ман тақрибан аз чанд нафар дӯсту хешҳоям буридаам, чунки онҳо низ маро талқин мекунанд, ки ришамро гирам чун мегӯянд «ту низ рӯзе ба доми мақомот хоҳӣ афтод.» Ба он хотир, ки ман ҳам риш дорам ва гӯё ришдорон боиси нооромӣ дар шарқи Тоҷикистон будаанд.»
Ҳарчанд мақомоти интизомӣ дар сӯҳбатҳо танҳо ба хотири риш боздошти шаҳрвандонро рад мекунанд, аммо вақтҳои ахир хабарҳо роҷеъ ба боздошт шудани афроде, ки риши нисбатан дарозу намоён доранд, зиёд шунида мешавад ва тавре мушоҳида мешавад акнун ҷавонон ва афроди калонсоле, ки риши расида доранд, онро кӯтоҳтар мекунанд.
Оё риш мондан вақту соат дорад?
Муҳаммадалӣ, як ронандаи таксӣ, ки ҳудудан 35 - 40 сола ба чашм мерасид мегӯяд, ки ӯро барои доштани риш ду бор боздошт ва бозпурсӣ кардаанд.
«Ба мо мегӯянд, ки ҳоло вақти ришмонии шумо нест, ҳол он, ки риш вақту соат надорад. Ришро мардуми мусалмон ба хотире мемонанд, ки ин суннати пайғамбар аст ва аз сӯи дигар синну солам ҳам ба ҷое расидааст, бояд риш монам.»
Аксари афроди ба қавле ришдор, ки борҳо тафтишу бозпурсӣ шудаанд, ин амали мақомоти интизомиро қонуншиканӣ ва таҳқир ба шахсияти худ унвон мекунанд, аммо Фаррух Умаров, таҳлилгари тоҷик, ин равандро на таҳқир ба ақидаи мазҳабӣ ва ё шахсияти як нафар, балки танҳо таъмини бехатарӣ ва зери назар доштани тамоюлҳои динӣ арзёбӣ мекунад.
«Албатта мо медонем, ки барои баъзе ҷараёнҳои динӣ дарозии риш символ аст, яъне аз рӯи дарозӣ ва кӯтоҳии риш намояндагони ин ҷараёнҳо якдигарро мешиносанд ва яке аз ин гуна ҷарраёнҳои ин Салафия аст, ки онҳо ба таври табии дароз кардани ришро ҳамчун як фарзи динӣ медонанд. Ҳамин тавр, ҳоло нисбат ба риши дароз як шубҳа ба вуҷуд омадааст.»
Аммо гуфта мешавад, дар маҷмӯъ риш дар ҳар шакле, ки набошад, хоҳ риши замонавӣ, мисли риши итолиёвӣ ё фаронсавӣ ва ё риши суннатӣ, он бояд нигоҳубини хосе дошта бошад. Ва афроде, ки риш доранд, ҳатман бояд аз фарҳангӣ ришдорӣ огоҳ бошанд.