Як хонандаи доимии сомонаи Радиои Озодӣ - Қурбон Машарипов аз шаҳри Нижний Новгороди Русия ба дафтари Прага занг зада, аз лату кӯб шуданаш аз сӯи кормандони интизомӣ нақл кард ва хоҳиш намуд, ки ба ин мавзӯъ расидагӣ шавад.
Ӯ гуфт, ки мақоми душаҳрвандӣ дорад ва ҳамроҳи ҳамсару се кӯдакаш чанд сол инҷониб дар шаҳри мазкури Русия зиндагӣ мекунад. Ҷаноби Машарипов нақл кард, ки ҷанҷолаш бо кормандони интизомӣ моҳи июни соли гузашта сар шуд. Замоне ки Олеся ном як сокини шаҳри Нижный Новгород аз вай 30 ҳазор рубли русӣ пул қарз гирифт ва ваъда дод, ки охири моҳ бармегардонад.
Бадрафтории пулиси Русия ба муҳоҷири тоҷик
Аммо ҳангоме, ки Қурбон дар муҳлати таингашта назди Олеся рафт, ӯро гурӯҳе аз милисаҳо бо завлона истиқбол гирифтанд: “Онҳо 8 кас буданд ва гуфтанд, ки ман забонхатти қарзро ба онҳо нишон диҳам. Гуфтам, ки бо худ надорам. Онҳо маро зери зарбу лат гирифтанд. Баъди доду фарёдам шаҳодатномаи худро нишон дода гуфтанд, ки милиса ҳастанд ва ба дастонам завлона зада, ба шуъбаи милисаи ноҳияи Сормово бурданд.”
Мусоҳибам афзуд, бар асари лату кӯби милисаҳо ду қабурғааш шикаста, як моҳ дар бемористон табобат гирифтааст ва дар ин бора санади тиббӣ дар даст дорад. Аммо дар варақаи ташхиси додгоҳиву тиббӣ зарари ҷисмонии ӯро “дараҷаи миёна” қайд кардаанд.
Аммо мушкили асосии мусоҳибам замоне сар шудаанд, ки хост милисаҳоеро, ки вайро зарбу лат карда буданд, дар назди қонунҳои Русия ба ҷавобгарӣ бикашад: “Баъд аз он, ки ман дар бораи зарбу лат шуданам аз тарафи милисаҳо ба додситонӣ ва мақомоти дигари шаҳри Нижний Новгород шикоят кардам, баъд аз 1 моҳ ҳамон милисаҳо он зани қарзгирифтаро ариза нависонда, аз болои ман парвандаи ҷиноятӣ кушоданд. Бо айби “тамаъҷӯӣ”, аз рӯи банди 163 – и Асноди ҷиноии Русия. Гӯё ман 5 ҳазор рубли он зани қарзгирифтаро бо роҳи тамаъ аз худ карда бошам. Ҳол он ки ман боз мегӯям, он як қисми қарзаш буд.”
Қурбон Машарифов – шаҳрванди Русия ва Тоҷикистон мегӯяд, натиҷаи баррасии номаи шикоятиаш то ҳол маълум нест, аммо пайомадаш ин шуд, ки идораи корҳои дохилии вилояти Нижегород дар муқобили худи вай парванда боз кард.
Парванда барои ҳақталабӣ
Банди 163 – и асноди ҷиноятии Русия аз 3 то 8 соли зиндон пешбинӣ мекунад ва Қурбон, ки 46 сол дорад, мегӯяд, ба хотири исботи бегуноҳии худ ва ба хотири ҳамсару се кӯдаки хурсолаш, ки ҳамроҳаш дар кишвари бегона ба сар мебаранд ва маҳкум шуданаш онҳоро аз як бурда нон дар мулки ғарибӣ маҳрум хоҳад кард, ҳар кори қонунии аз дасташ меомадаро анҷом хоҳад дод.
Ба гуфтаи додгоҳи ноҳияи Сормовои шаҳри Нишний Новгород, замони оғози бозбинии парванда дар додгоҳи шаҳри Нижний Новгород нахуст рӯзи 28 – уми октябр таъин шуда, ба далели пайдо кардани тарҷумон ба муҳоҷири тоҷик – то нимаи моҳи ноябр ба таваққуф гузошта шудааст. Марина Алексеева – додраси додгоҳи мазкур бо Радиои Озодӣ кӯтоҳ суҳбат кард. Вай гуфт: “Вай аз рӯи банди “тамаъҷӯӣ ” айбдор шудааст. Вале ман намехоҳам бо шумо дар бораи ҳолатҳои аъмоли вай суҳбат кунам. Ин дар додгоҳ муҳокима ва ҳама ҳолатҳо ба назар гирифта хоҳад шуд. ”
Қазияи шаҳрванди Русия ва Тоҷикистон – Қурбон Машарифов танҳо як мисол аз вазъи муҳоҷирони тоҷик дар Русия аст, ки баъди зери мушту лагади милисаи рус мондан дар бисёр мавридҳо арзу додашон дар ин кишвар ба ҷое намерасад. Милиса ё пулиси рус бо муҳоҷирони кории тоҷик дар кишвари худ бисёр бераҳмона ва таҳқиромез муносибат мекунад ва дар сурати садо баланд кардани муҳоҷирон ба сари онҳо даст мебардорад.
Ин дар ҳолест, ки эҳтимол сар аз соли 2011 дар Русия тарҳи нави қонун дар бораи пулиси ин кишвар эътибори қонунӣ пайдо кунад. Ба гуфтаи коршиносон, аз нуктаҳои қавии он ворид шудани банди нав дар бораи сангинтар шудани гуноҳест, ки аз ҷониби пулис вақти хидмат содир карда шудааст.
Додраси муҳоҷири тоҷик кист?
Бархе аз вакилони мудофеъи мустақили тоҷик мегӯянд, ҳуқуқҳои муҳоҷирони тоҷик дар Русия, ҳатто онҳое ҳам, ки мақоми шаҳрвандии ин давлатро дарёфт кардаанд, осебпазир аст. Хусусан, вақте ки милиса онҳоро бо сабабҳои номаълум зери зарбу лат мекашад, доди муҳоҷири тоҷик ба гӯши кам касеву мақоме мерасад.
Файзинисо Воҳидова – ҳуқуқшиноси тоҷик мегӯяд, дар парвандаи Қурбон Машарифов забонхат аз хонуми қарзгирифта ва асноди тиббӣ бар нафъи вай хоҳад буд ва умедвор аст додгоҳ инро ба назар хоҳад гирифт. Вай афзуд : ”Ман фикр мекунам, додгоҳ бояд ба ин қазия баҳои дурусти ҳуқуқӣ диҳад. Дар акси ҳол додгоҳи вилоятӣ ҳаст, додгоҳи олии федеративии Русия ҳаст, дар ниҳояти кор Машарифов метавонад ба додгоҳҳои байнулмилалӣ муроҷиат кунанд.”
Ба гуфтаи вай, аммо қазияи Машарифов баёнгари он аст, ба як муҳоҷири кории тоҷик, он ҳам ки мақоми шаҳрҳандии Русияро дарёфт кардааст, дифоъ аз ҳуқуқи худ дар ин кишвар кори чи гуна сангин аст.
Қурбон Машарифов гуфт, вакили дифоъи аввалаш дар ҷараёни тафтиши пешакии парванда ба мавқеъи милиса майл кард ва ночор ӯро иваз кард.
Хонум – Воҳидова мегӯяд, дифоъ аз ҳуқуқи муҳоҷирини тоҷик дар Русия вазифаи аслии сафорати Тоҷикистон дар ин кишвар низ ҳаст, ки дар ҳолатҳои поймол шудани ҳуқуқҳои онҳо садо баланд кунад ва бо пешниҳоди вакили мудофеъ ба муҳоҷирони нодор дар вазъи барояш басо сангин, ёрии ҳуқуқӣ расонад.