Тайи чанд рӯзи ахир пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе макони пешсафон ва мутахассисони фанновариҳои муосири иттилоотиву иртиботӣ буд.
Ин ҳамоиш 160 ҷавон - навоварҳои фанновариҳои мухобиротӣ, барномасозон ва соҳибони сомонаҳои пурхонандаву корбарони фаъоли шабакаҳои иҷтимоиро аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, Афғонистону Эрон ва Амрико гирди ҳам овард.
Ин анҷуман барои севвум бор доир мешавад ва ҳадафи онро Сафо Сафаров, яке аз масъулини форум, тарғиби фанновариҳои муосири иттилоотию иртиботӣ миёни ҷавонон ва истифодаи технологияҳои ҷадид дар ҳалли масоили иҷтимоиву иқтисодии ҷомеа унвон кард.
Мубтакирони анҷумани ҷавонон, яке аз бартариҳои форумро дар муаррифии барномаҳои мухталифи компютерӣ ва сомонаҳои иҷтимоие медонанд, ки метавонанд барои ҳалли мушкилоти мухталифи иҷтимоиву иқтисодӣ мусоидат намоянд.
Дониши компютерӣ – манбаи даромад барои ҷавонон
Чун дар Тоҷикистон мушкили аслии ҷавонон бекорӣ маҳсуб мешавад, бархе аз ширкатдорони ҳамоиш нишон доданд, ки чи гуна бо истифода аз фанновариҳои ҷадид метавон мизони бекориро дар миёни ҷавонон коҳиш дод.
Аз ҷумла Шодӣ Рашидбеков, ки низ то як соли пеш бекор буд, ҳоло омода аст, бо истифода аз таҷрибаи худ барои ҷавонони бе манбаи даромад роҳи дарёфти маблағро омӯзонад. Як соли пеш пас аз ширкат дар ҳамин форум Шодӣ тарзи таҳияи сомонаҳои мухталифро омӯхт ва ҳоло аксари созмонҳои дохиливу хориҷӣ барои таҳияи торнамо ба ӯ муроҷиат мекунанд.
Ӯ мегӯяд: “Соли гузашта пас аз анҷоми форум масъулини маркази иттилоотӣ ва мухобиротӣ барои мо тарзи сохтани торнамоҳоро омӯзонданд. Вақте ки мо мустақилона ба сохтани сомонаҳо шурӯъ кардем ва корхонаҳову созмонҳои хориҷӣ кори моро баҳо доданд, ҳоло ҳамарӯза мо фармоишҳои зиёде мегирем. Дар Бадахшон, ки аксари ҷавонон бекоранд, мо таҳиягарони сомонаҳо моҳе то 800 доллар даромад мебинем. Ва ҳоло мехоҳем барои дастгирии ҷавонони бекор ва ҳамзамон рушди фанновариҳои муосир дар ин минтақа созмони ҷамъиятии худро таъсис бидиҳем. Ва ба бозори ҷаҳонӣ роҳ ёбем. Мо ҳатто метавонем аз таҷрибаи ҳиндуҳо истифода кунем, ки онҳо аз кишвари худ берун нарафта, барои сохтани торнамо аз сартосари ҷаҳон фармоиш мегиранд.»
Тарҳҳои ҷолиб дар ҳамоиши Душанбе
Яке аз дигар барномаҳои ҷолиб ва ҳамзамон омӯзиширо барои кӯдакони то синни мактабӣ ва синфҳои ибтидоӣ Хуршед Худойбердиев - омӯзгори яке аз донишгоҳҳои Хуҷанд пешниҳод кард. Ин “DVD- Алифбо”-ест, ки тавассути он кӯдакон метавонанд, дар баробари омӯзиш ва тарзи дурусти корбарии ҳарфҳои тоҷикӣ, ҳамчунин рангҳо ва бозиҳои мухталифи омӯзиширо аз худ кунанд.
Ин барномаро на танҳо дар компютер, балки тариқи дастгоҳи DVD низ метавон истифода кард. Ба гуфтаи Хуршед, дар Тоҷикистон аксари хонаводаҳо аз дастгоҳи DVD барои тамошои филмҳои ҳунариву тасвирӣ кор мебаранд, аммо “Алифбои гӯё” хотироти биноӣ ва шунавоии кӯдаконро низ тақвият медиҳад ва барои таҳсил дар мактаб замина мегузорад.
Хуршед интизор дорад, ки вазорати омӯзиши парвариш барои истифодаи ин барнома муҷаввиз медиҳад ва хоҳишмандон ҳаққи истифодабарии “Алифбои гӯё”-ро пайдо мекунанд. Хуршед Худойбердиев бо ин барнома иктифо карданӣ нест ва мехоҳад тавассути ҳамчунин барнома, омӯзиши рақамҳо ва мисолҳои оддии арифметикиро низ ба роҳ монад.
Бояд гуфт, яке аз дигар барномаҳои муаррифӣ шуда, «Онлайн-луғат»-и забонҳои тоҷикӣ-русӣ ва русӣ-тоҷикист, ки феълан дар кишвар ниёз ба чунин луғат хеле зиёд аст.
Рӯзбеҳ Қосимӣ, пажӯҳишгари ҷавони эронӣ мегӯяд, дар аксари кишварҳое ки ӯ будааст, фанновариҳои муосир як ҷузъи ногусастанӣ ва муҳими зиндагии мардум ба вижа ҷавонон аст. То ҳадде, ки дигар онҳо метавонанд аз хона набаромада, таълим бигиранду ҳар чизе барояшон лозим аст харидорӣ намоянд. Аммо ин пажӯҳишгар моҳияти асосии баргузории анҷуманро дар он медонад, ки тавассути он ҷавонони навовар имкон доранд дастовардҳои худро намоиш бидиҳанд ва ҳам табодули назар кунанд.
Анҷумани “Қарни фанновариҳои рақамӣ” бо пуштибонии молии намояндагии Ҷомеаи Бози Бунёди Мадад дар Тоҷикистон тайи 3 рӯз идома кард ва соли оянда низ баргузории ин ҳамоиш дар назар гирифта шудааст.