Интизор меравад, порлумони Тоҷикистон ба зудӣ тарҳи “Қонун оид ба манъи сигоркашӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ” –ро баррасӣ кунад. Ҷумъабой Сангинов, вакили мардумӣ аз Ҳизби ҳокими халқӣ демократӣ гуфтааст, ҳафтаи оянда тарҳи мазкур баррасӣ ва ғолибан тасвиб хоҳад шуд.
Дар Тоҷикистон кашидани сигору нос дар ҷойҳои ҷамъиятӣ то кунун мамнӯъ нашудааст ва масрафи тамоку дар миёни аҳолӣ сол то сол меафзояд.
Як созмони байналмилалии мубориза бо тамокукашӣ пешбинӣ кардааст, ки соли равон аз сигоркашӣ 6 миллион нафар дар саросари ҷаҳон ҳалок мешаванд ва аксарияти онҳо аз кишварҳои камбизоат ва дар ҳоли рушд хоҳанд буд.
Тарҳи қонун барои маҳдудсозии носкашӣ
Бар асоси лоиҳаи қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку», аз аввали соли 2011 барои кашидани нос ва сигор дар ҷойҳои ҷамъятӣ, ҷарима ситонида мешавад.
Мутобиқи лоиҳаи қонун, фурўши сигор, нос ва дигар маҳсулоти тамоку дар ҳудуд ва наздикии муассисаҳои тандурустӣ, маориф, фарҳанг ва варзиш ва ҳам кашидани тамоку дар дохили биноҳои маъмурӣ, ҷои кор, истироҳатгоҳҳо, фурўдгоҳҳову истгоҳҳо, дар дохили нақлиёти ҷамъиятӣ, ба ҷуз ҷойҳои махсуси барои ин кор таъиншуда, манъ хоҳад шуд.
Сӯҳбатулло, як ҷавони носкаш аз ин ғамхории ҳукумат зиёд хушҳол нест. Ӯ мегӯяд, ки нос ба саломатии инсон зарари ҷиддӣ надорад:
«Ман 6 сол мешавад, ки нос мекашам кайфияташ дар он аст, ки агар одам зиқ бошад, ҳолаташро сабук мегардонад. Ман ҳам вақте зиқ мешавам нос мекашам, вақте носро наёбам сигарет мекашам. Як халта нос 50 дирам аст ва як рӯз пас 50 дирамӣ сарф мекунам. Агар марди носкаш бе нос монад, гӯё, ки чизеро гум кардааст ва паи ёфтани он мешавад. Ҳарчанд мусбат нест, вале кашидани нос зиққии онҳоро кам мекунад».
Ҷонибдорони қонуни нав
Аммо иддае аз шаҳрвандон талаботи лоиҳаи қонуни мазкурро мусбат маънидод мекунанд:
- «Дигар ҳама мехарад. Намедонӣ, ки мусбат аст, ё манфӣ. Ҳам зан, мӯйсафед наврасон ва ҷавонон - ҳама мехаранд».
- «Қонунҳо нағз ҷорӣ намешавад. Ман дар маркази шаҳр зиндагӣ мекунам ва то ҳол ягон корманди интизомиро надидам, ки нафареро барои нос туф кардан ҳушдор диҳанд».
Фирӯз Одинаев, раиси созмони ҷавонони Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон мегӯяд, ки чунин як ташаббус ду сол пеш дар соҳаи маориф ба роҳ монда шуд ва натиҷаи хуб ҳам дод:
«Нафари сигоркаш 50 дарсади дудаш ба саломатии худаш зарар дорад ва 50 дарсади дигараш ба атроф ва ба нафари дар бараш истода мегузарад».
Аснои пешниҳоди лоиҳаи қонун ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон, президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошта буд, ки ҳадафи асосии ин қонун пеш аз ҳама тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни аҳли ҷомеа, хусусан миёни ҷавонону наврасон аст .