Неъмат Олимов, сарвари хоҷагии Чоркӯҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, кормандони хоҷагӣ манзилеро, ки дар он ҷангиён рӯзи 28-уми октябр паноҳ бурда буданд, мавриди кофтукоб қарор додаанд.
Вай афзуд, аз ин хона, ки ҷангиён паноҳ бурда буданд ва ҳадафи нерӯҳои амниятӣ қарор дошт, далелҳои шайъӣ пайдо шуданд:
«Чор телефоне ёфтем, ки террористон истифода мекардаанд ва ба дастӣ монанд нест, як телефони дастӣ, арматурамайдаро пайдо кардем, ки барои амали террористӣ истифода мешудааст. Дирӯз, ки торик буд, гуфтем, ки се кас кушта шудаанд. Аммо имрӯз ҳангоми кофтукоб маълум шуд, ки як нафар одам будаасту дутаи дигар мурдаи гӯсфанд».
Ҳамзамон як масъули додситонии ноҳияи Исфара, ки нахост номаш зикр шавад, ба Радиои Озодӣ иттилоъ дод, ки чаҳор нафар ҷангҷӯён ҳангоми даргирии рӯзи 28-уми октябр аз маҳалли ҳодиса фирор кардаанд. Ба гуфтаи ин сарчашма, ҳоло барои таҳқиқи ин ҳодиса аз сӯи додситонии ноҳия парванди ҷиноӣ боз шудааст.
Қаблан мақомоти амниятии Тоҷикистон эълом дошта буданд, ки дар амалиёти ҷангии Исфара Сӯҳроб Ваҳҳобов, як узви фаъоли созмони Ҳаракати исломии Ӯзбакистон дар вилояти Суғд кушта шудааст. Ба иттилоъи ин манбаъ, кушташуда ва ду шарики ӯ дар қатли Саидумар Саидов, сарвари шӯъбаи кофтукоби ҷиноии шӯъбаи корҳои дохилии Исфара даст доштаанд.
Оқои Олимов гуфт, як билети Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон низ пайдо шудааст, ки ба соҳиби манзил ва яке аз ду фирорӣ - Насимҷон Баҳоваддинов тааллуқ дорад.
ҲНИТ: Баҳоваддинов аз сафи ҳизб хориҷ аст
Қаблан Ҳикматулло Сайфуллозода, сарвари маркази таҳлилии ин ҳизб ба радиои Озодӣ узвияти ин нафарро таъйид кард, аммо гуфт, дар замони расмӣ кардани масҷидҳо аз сафи ҳизб хориҷ шудааст:
«Узвияти дар Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон кафолати он нест, ки як узви ҳизб ҷиноят содир намекунад. Ӯ ҳам шаҳрванд аст ва бояд худ ба ҷинояташ посух гӯяд. Мо аз қабл мегуфтем ва мегӯем, ки ҳар гуна амали марбут ба терроризмро маҳкум мекунем».
Аммо сарвари хоҷагии Чоркӯҳ мегӯяд, ду сол пеш ӯ аз имомхатибии масҷиди маҳаллаи Қуруқи Болои гузари Таги садаи Чоркӯҳ ба далели узвияташ дар Ҳизби наҳзати исломӣ хориҷ шудааст: «Билеташ имрӯз пайдо шуд ва ӯ яке аз фаъолони Ҳизби наҳзати исломӣ аст».
Оқои Олимов гуфт, дар деҳаи Чоркӯҳ шӯъбаи Бонки Эсхата фаъол мекунад ва кормандони он гуфтаанд, ки ба номи Насимҷон Баҳоваддинов аз номи бародараш аз Русия дар ду ҳафта ду маротиба 60-ҳазоррублӣ ворид шудааст: «Ӯву бародараш он қадар муносибатҳои хуб надоранд. Зиндагии худи бародараш вазнин аст. Ин пул аз куҷо омадагӣ ҳоло номуайян аст».
Нақли шоҳидони ҳодиса
Дар ҳамин ҳол, сокинони Чоркӯҳ мегӯянд, ин деҳа пас аз даргирии шашсоатаи 28 октябр ҳоло сокиту ором аст ва нерӯҳои ҳукуматӣ маҳалли ҳодисаро зӯҳри имрӯз тарк карданд.
Набиюллоҳ, як сокини Чоркӯҳ мегӯяд, бо он вуҷуд ки даргирӣ мардуми деҳаро парешон кард, аммо ҳоло гилзаҳои силоҳҳо бозичаи дасти кӯдакон шудааст: «Бачаҳо бо гилзаҳо бозӣ карда гаштаанд. Кӯча пур-пури гилза. Худаш ҳам шаш соат тирпаронӣ шуд».
Қаблан хабаргузориҳо дар бораи сӯхтани 10 манзили маскунӣ ҳангоми даргирӣ иттилоъ дода буданд. Аммо раиси хоҷагӣ ва шоҳидони ҳол ин хабарро такзиб карданд.
Бахтиёр Сиддиқов, яке аз ҳамсояҳои Насимҷон Баҳоваддинов гуфт, ба ҷуз манзили ахирӣ танҳо як манзили дигар андак тахриб ёфтааст:
«Як хонаи ҳамсоя дар он ҷо дар нагирифтааст. Худи соҳибони хона вақти ҷанг мегурезанд. Фақат шиферҳояш аз тир сӯрох шудааст. Дигар ягон зиёни назаррас нарасидааст».
Дуввумин даргирӣ дар Исфара
Даргирӣ дар Чоркӯҳ дуввумин задухӯрд нерӯҳои ҳукумати Тоҷикистон бо ҷангиён дар ноҳияи Исфара тайи 10 рӯзи ахир аст. 21 октябр дигар дар минтақаи Чилдухтарони ин ноҳия 2 нафари гумонбар ба ҳамкорӣ бо Ҳаракати исломии Узбакистон, аз ҷумла як зан кушта шуданд.
Ҳамчунин 3 сентябр дар шаҳри Хуҷанд бар асари таркиш, ки низ кори дасти як интиҳорӣ аз ҲИӮ унвон шуд, 4 нафар кушта ва 27 нафар захмӣ шуданд. Дар робита ба ин ҳодиса мақомот се нафарро ҳамчун ҳамдаст дар Хуҷанд ва ҳамчун ҳаммаслак 14 нафари дигарро дар Истаравшан боздошт намуданд. Ҳамчунин аз 19 сентябр ба ин сӯ дар шарқи Тоҷикистон низ як амалиёти густардаи ҷангие алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳи, ба қавли мақомот ҳамкор бо Ҳаракати исломии Ӯзбакистон идома дорад.
Неъматулло Мирсаидов, коршиноси сиёсӣ дар Хуҷанд мегӯяд, ин ҳама ҳалқаҳои як занҷиранд, ки барои ноамн ва барҷаста вонамуд кардани нақши ҳаракатҳои террористӣ дар Тоҷикистон ба ҷаҳониён пешбинӣ шудаанд:
«Агар ҳадаф ислом аст, пас кори онҳоро «ислом алайҳи ислом» мешавад маънидод кард. Акнун бубинед, вақте сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ҳуқуқи инсон, озодии виҷдонро маҳдуд мекунанд, ин хизмати ҳамин гурӯҳҳои террористӣ аст. Дуруст, бар зарари ислом кор мекунанд».
"Секунҷаи исломӣ" дар Фарғона
Коршиносон мегӯянд, дар таҳлилҳои хориҷӣ шимоли Тоҷикистон дар баробари ҷануби Қирғизистон ва вилоятҳои Намангону Фарғонаи Ӯзбакистон «секунҷаи исломӣ» унвон мешавад, дуруст он ҷое, ки таваҷҷӯҳи қудратҳоро барои роҳандозии пойгоҳҳои низомӣ ҷалб кардааст.
Саймуддин Дӯстов, коршинос дар умури минтақа мегӯяд, гурӯҳҳои мусаллаҳе, ки имрӯз дар минтақа пайдо шудаанд, ҳарфи гуфтание ба мардум надоранд, аз ин хотир мешавад хулоса кард, ки паи иҷрои супорише ворид шудаанд. Оқои Дӯстов шартан ҳайати ин гурӯҳҳоро ба ду қисм ҷудо мекунад:
«Аввал, исломиҳое ҳастанд, ки ақидатиянд ва бо роҳи зӯр мехоҳанд ба қудрат расанд. Аммо теъдоди онҳо хеле кам аст. Дуввум гурӯҳ, ки теъдодашон зиёд аст, аз хадамоти махсуси кишварҳои хориҷӣ пуштибонӣ мебинанд ва пайи иҷрои супоришҳои мушаххас ҳастанд. Воқеан, ба давлати хурде ба монанди Тоҷикистон бо онҳо сарукор гирифтан хеле мушкил аст, бахусус дар вазъе, ки бо кишвари ҳамсояаш мушкилоти бениҳоят калон дорем».
Коршиносон мегӯянд, ба гумони ғолиб, задухурдҳои Рашт, ҳодисаи Чоркӯҳ ошкор шудани пинҳонгоҳҳои силоҳу лавозимоти ҷангӣ дар ҷануби Тоҷикистон поёни ин силсила буда наметавонад, зеро бозиҳое геополитикӣ, ки дар минтақа ва махсусан дар Тоҷикистон роҳандозӣ мешаванд, эҳтимолан барои дарозмуддат пешбинӣ шудаанд.