Сафирони кишварҳои ғарбӣ дар робита ба вазъи расонаҳои мустақили Тоҷикистон ва маҳдудиятҳои ахир дар фаъолияти ҳафтаномаҳои чопи Душанбе изҳори нигаронӣ кардаанд.
Дар номаи сафирони ИМА, Бритониё, Олмон, Фаронса ва Иттиҳоди Аврупо унвонии вазорати умури хориҷии Тоҷикистон як қатор мушкилоти матуботи мустақили кишвар ва фишори ниҳодҳои давлатӣ ба расонаҳо матраҳ шудааст. Аз ҷумла дар ин нома омадааст, ки «нашри ҳафтаномаҳои «Фараж», «Пайкон» ва «Нигоҳ» бо амри мақомот қатъ шудааст».
Бино ба иттилои сафирони хориҷӣ, Бек Зуҳуров, муовини вазири нақлиёт ва мухобироти Тоҷикистон, 29 сентябр ба ширкатҳои интернетӣ дастур додааст, то дастрасии хонандагон ба панҷ торнамои мустақил - Tojnews.tj; Avesta.tj; Tjknews.com, Centrasia.ru ва Ferghana.ru-ро масдуд кунанд.
Ҳамчунин парвандаҳо алайҳи нашрияҳои «Азия-Плюс», «Фараж», «Озодагон», «Миллат» ва «Пайкон» дар пайи интишори матолиби интиқодӣ боиси нигаронии дипломатҳои кишварҳои Ғарб шудааст.
Сафирони хориҷӣ аз ҳукумати Тоҷикистон даъват кардаанд, ки масъулияти худ дар чаҳорчӯби Созмони Амният ва Ҳамкории Аврпуо оиди озодии матбуотро ба ҷо биёрад ва ба кори расонаҳои мустақил дахолат накунад. Онҳо инчунин хостори ҳалли сареъ ва мусолиматомези баҳси додгоҳии ҳафтаномаҳои озод шудаанд.
Маҳдудиятҳо дар кори бархе аз расонаҳои мустақили Тоҷикистон дар ҳафтаҳои аввали амалиёти низомӣ дар Рашт, ба хусус пас аз интиқоди шадиди вазири дифоъ аз баъзе расонаҳо барои инъикоси, ба гуфтаи ӯ, нодурусти рӯйдодҳои шарқи кишвар шурӯъ шуд.
Пас аз ин изҳорот дастрасӣ ба чанд сомонаи интернетии дохиливу хориҷӣ, аз ҷумла avesta.tj, tjknews.com, ferghana.ru ва centrasia.ru масдуд шуд. Ва тайи ду ҳафтаи ахир се нашрияи мустақили чопи Душанбе – “Фараж”, “Пайкон” ва “Нигоҳ” аз нашр бозмондааст.
Агарчи мақомот сабаби баста шудани торнамоҳо ва қатъи нашри ҳафтаномаҳоро мушкилоти техникӣ ва молӣ арзёбӣ мекунанд, вале аксари таҳлилгарон ин вазъро натиҷаи фишорҳои ниҳодҳои давлатӣ ба расонаҳои мустақил меноманд.