Чоркӯҳ, як деҳаи кӯҳии Исфара, ки аз чаҳор сӯ онро Қирғизистон печонидааcт, рӯзи панҷшанбе ба саҳнаи даргирӣ миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва як гурӯҳи мусаллаҳи ношинос табдил шуд. Ин афрод, ки мақомоти низомӣ онҳоро террорист хондаанд, дар посух ба талаби нерӯҳои ҳукуматӣ барои ба замин гузоштани силоҳ, сӯи онҳо оташ кушоданд.
Дар ин амалиёт се узви гурӯҳи мусаллаҳ кушта шуданд. Номи Исфара солҳои ахир ҳамрадифи вожаи “тундгароӣ” шудааст - гурӯҳи ифротии “Байат” маҳз дар ҳамин ноҳия арзи вуҷуд карда буд. Ва аммо сару садоҳо дар мавриди афзоиши тундравӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла, дар манотиқе чун Исфараву Рашт то куҷо воқеият доранд? Оё ҷомеъаи Тоҷикистон воқеъан ҳам роҳ сӯи ифротгароӣ гирифтааст?
Падару писар – пушти ду сангар?
...Аҳли як хонаводаи оддии шаҳраки Исфара ним сол боз бо ҳам қаҳриянд. Рӯзгори орому якмароми ин хонавода баъди он аз байн рафт, ки ягона фарзанди хонадон пас аз бозгашт аз пойтахт талоши дар манзили падар ҷорӣ сохтани қойидаҳои навро кард, ба ақидаи ӯ, бояд ҳама, ҳатто хоҳари панҷсолааш намоз гузоранд ва нафаре аз хоҳаронаш берӯсарӣ аз остонаи хона берун наравад ва баробари одамони номаҳрам рӯй пӯшонанду пинҳон шаванд.
Низоми нав ба хусус боиси эътирози падар шуд, ки аз як сӯ мехост духтаронаш соҳибмаълумот шаванд ва аз сӯи дигар, рафтори писараш роҳи дӯстони маҳфилорояшро ба хона мебаст. Акнун модар пуштибони писар асту се духтар – ҳимоятгари падар. Ва ҳамсояҳо маҷбуранд, ки моҷароҳои пайваста ва пурсару садои пушти деворро фурӯ нишонанд.
Ҷӯра Юсуфӣ, муовини сардабири нашрияи “Вароруд”-и Хуҷанд, мегӯяд, ки таниши, ба истилоҳ, мазҳабӣ, яъне мухолифати бобову падар бо писару набера дар бисёр мавзеъҳои вилояти Суғд ҳодисаи нодир нест. Теъдоди ҷавононе, ки дар масоҷид ҳар ҳарфи маъвизаҳои имом-хатибҳоро дар гӯш ҳалқа мекунанд ва онҳоро дар хонадони худ татбиқ карданӣ мешаванд, афзоиш меёбад.
Ба гуфтаи Ҷӯра Юсуфӣ, ин гуна ҷавонон ба осонӣ ба созмонҳои тундрав ҷалб мешаванд. “Хусусан, ҷавононе, ки аз рукнҳои аслии ислом, аз ҷумла, талаботи мазҳаби Имоми Аъзам ғофиланд, ба осонӣ ба доми ҷунбишҳову гурӯҳҳои тундгаро, аз ҷумла, Ҳизбуттаҳрир, Ҷунбиши исломии Ӯзбакистон, “Салафия”, “Ҷамоати таблиғ”, “Байъат” ва дигару дигар меуфтанд”, мутмаин аст мусоҳиби мо.
Пайравони Имом Аъзам тундрав нестанд
Ва аммо, аз нигоҳи коршиноси масоили мазҳабӣ Абдулло Раҳнамо, ҷомеъаи Тоҷикистонро наметавон тундрав хонд. Ӯ мегӯяд, ки “ман дар кишварҳои зиёди исломӣ будам ва бо итминон метавонам бигӯям, ки ҷомеъаи Тоҷикистон як ҷомеъаи хело ҳам мӯътадил аст”.
Ба гуфтаи ӯ, ин, қабл аз ҳама, шарофати он аст, ки ҳама мардуми суннимазҳаби кишвар ба мазҳаби Ҳанафия содиқанд.
Абдулло Раҳнамо меафзояд, “агар ҳамин мазҳаб, ҳамин равия дар Тоҷикистон ҳифз шавад, аз дахолати ақидаву мазоҳиби ғайрисуннатӣ ҳифз шавад, муҳит ором боқӣ мемонад. Ва ҳар падидаи ифротии чӣ динӣ ва чӣ дунявӣ фақат ба бесаводӣ ва каммаърифатии ҳамон шахс марбут буда метавонад. Ман бовар дорам, ки дар Тоҷикистон шахсони ифротгаро ҳастанд, вале раванд, ҷараён ва ҳаракат ё тафаккури ифротгароёна, ки бахши бузурги ҷомеъа ба он моил бошад, нест. Тундгароиро дар шакли оммавӣ, дар шакли гурӯҳӣ дар Тоҷикистон намебинем”.
Абдунабӣ Сатторзода, корманди масъули Пажуҳишгоҳи стратегии назди раёсатҷумҳурии Тоҷикистон бо ақидаи тундрав набудани ҷомеъаи Тоҷикистон мувофиқ аст ва аммо мегӯяд, айни ҳол бархе гурӯҳҳои пинҳонкор зуҳур кардаанд, ки ошкору пинҳон талоши дар мағзи мардум ҷой намудани андешаҳои ғайру таҳмили дигар равияҳои мазҳабӣ ва ба ин васила ноором кардани Тоҷикистонро доранд.
Ӯ бо таассуф меафзояд, ки “дар чанд соли ахир вазъ дар Тоҷикистон назар ба солҳои пешӣ тағйир хӯрдааст, шояд ба сабаби он, ки мо сабақҳои раванди сулҳу оштиро фаромӯш ё сарфи назар кардем, ки дар ҷомеъаи Тоҷикистон аз нав шиддат гирифтани ҳамин падидаи ифротгароӣ ба чашм мерасад”.
Тундгароии исломӣ - вокуниш ба тундгароии дунявист?
Сайидумар Ҳусайнӣ, вакили Маҷлиси намояндагон ва муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон низ бархе аз падидаҳои тундгароёна ва тамоюлҳо сӯи ифротгароӣ дар ҷомеъаро эътироф мекунад. Ва аммо, аз нигоҳи ӯ, ин ифротгароӣ - вокуниш ба ифротгароии дунявист, ки солҳои ахир дар кишвар ривоҷ ёфтааст:
“Бе ягон асоси қонунӣ ва ҳуқуқӣ, риши ҳазорон одамони ришдорро дар кӯчаҳо бо таҳқири шадид тарошидан, аз донишгоҳҳову мактабҳо берун кардани касоне, ки пӯшиши исломӣ ё ҳиҷоб доранд, ё ки аз бозорҳо рондан ва таҳдиди аз ҷойи кор маҳрум сохтани афроди либоси исломӣ дар тан ва талаби он, ки онҳо ришҳои худро тарошанд – ин ҳама сабаб мешавад, ки диндорҳо низ роҳ тундареро барои худ бигиранд ва дар муқобила бо онҳо тундравӣ аз худ нишон диҳанд ва баъдан онҳоро бигӯянд, ки шумо номусалмонед ё кофиред ё дӯзахиед!”
Бо вуҷуди ин, меафзояд Сайидумар Ҳусайнӣ, ҷомеъаи имрӯзии Тоҷикистонро наметавон тундрав номид.
Ифрот хоси кишварҳои фақир аст?
Абдулло Раҳнамо мегӯяд, ки тундравӣ ва ифротгароӣ дар ҳама гуна ҷомеъа - паёмади бемаърифатӣ ва ҷоҳилии мардум аст ва ин бемаърифативу ҷоҳилӣ дар бисёр ҳолатҳо - натиҷаи фақру нодорист.
Коршиноси тоҷик мутмаин аст, ки хуруҷи ифротгароиро дар аксар кишварҳои фақир метавон мушоҳида кард. “Агар огаҳӣ кам бошад, маърифат кам бошад, инсон чӣ дунявӣ бошаду чӣ мазҳабӣ, чӣ исломӣ бошад ё масеҳӣ ё буддоӣ - моҳиятан хашину дағалу ифротгаро мешавад”.
Абдуллои Раҳнамо аз вожаи “тундгароии исломӣ” нороҳат аст ва мегӯяд, “дар бисёр кишварҳои масеҳиву буддоӣ, бигирем дар Шри-ланка ва Перу солҳо боз ҷангҳо идома доранд, ки он ҷо ҳатто шояд номи исломро нашунидаанд”.
Атеизмро барқарор кунем?
Ҳамзамон мусоҳибони мо иқрор мекунанд, ки ҷилавгирӣ аз рушди ифротгароии исломиву дунявӣ дар Тоҷикитстон кори сангин аст. Ба гуфтаи онҳо, ҳукумати шӯравӣ тавассути шиори “Дин барои мардум афъюн аст” талош кард, ки динро дар ҳама қаламрав аз беху бун барканад, тамоми солҳо ҳар қадами афроди диндор таҳти назорати шадиди мақомоти амниятӣ буданд, дар мактабу донишгоҳҳо ба ҷуз дарси атеизм маҳфилҳои атеистӣ ҳам арзи вуҷуд карда буданд.
Ва аммо ҳукумати Тоҷикистон, ки озодии динро эълон кардааст, ҳатто дар баробари гурӯҳҳои ифротгаро наметавонад аз иқдоми шадид кор бигирад, зеро ин шояд боиси эътирозҳо дар дохили кишвар ва дубора ноором шудани ҷомеъа гардад.
Аз Арабистон бо дастури тундгароӣ?
Абдунабӣ Сатторзода бо таассуф мегӯяд, ки дар бораи гурӯҳҳо ва ё кишварҳои сармоягузори паҳнсозии ақоиди тундгароёнаи мазҳабӣ дар Тоҷикистон санаде зери даст нест ва аммо мақомот ангушти иттиҳом сӯи шогирдони мадрасаву донишгоҳҳои исломии кишварҳои хориҷӣ мекунанд, ки гуфта мешавад ин ақоид маҳз тавассути онҳо ба Тоҷикистон интиқол меёбанд.
Ба гуфтаи таҳлилгари тоҷик, “мақомот тахмин мезананд ва ҳадсзанияшон бепоя ҳам нест, ки бар асари бештар шудани теъдоди муҳассилини донишгоҳҳои исломии кишварҳои хориҷӣ ва баъди хатми таҳсил ба Тоҷикистон баргаштани бархеи онҳо, теъдоди пайравони равияҳои тундгаро афзоиш ёфтааст”.
Абдунабӣ Сатторзода, фаъолияти равияҳои “Салафия” ва “Ҷамъияти таблиғ”-ро намунаи паҳн кардани ақоиди тундгароёна дар кишвар тавассути муҳассилини мадрасаву донишгоҳҳои кишварҳои исломӣ мехонад ва мегӯяд, ки агар мақомот сари вақт ба ин қазия расидагӣ намекарданд, сар задани бенизомиҳо бар пояи мухолифати мазҳабӣ аз эҳтимол дур набуд.
Хатар дар камин аст?
Ва аммо афзоиши тундгароӣ барои ҷомеъа ва фардои миллат чӣ хатар дорад?
Абдунабӣ Сатторзода мегӯяд, ки тундгароӣ “бидуни шубҳа, ягонагии диниву мазҳабиро ба ҳам мезанад. Пайдо шудани равияи Салафия боиси низоъҳо шуд, дар масҷидҳо, дар ҷойҳое, ки созмонҳои динӣ дар як шаҳру дар як ноҳия фаъолият мекарданд. Ва маълум аст, ки агар ин гуна равияҳои тундгаро ва ифротгаро бештар шаванд, низоъҳо бештар сар мезананд”.
Ин низоъҳо, ба гуфтаи таҳлилгари тоҷик, шояд кишварро дубора ба гирдоби даргириҳои хунин бикашад. Ҷӯра Юсуфӣ, муовини сардабири нашрияи “Вароруд” ҳам бо ин гуфтаҳо мувофиқ аст ва мегӯяд, “ҷунбишу ҳаракатҳои тундгаро бо ғаразҳои зиёд вориди минтақа, аз ҷумла, шимоли Тоҷикистон шудаанд, ки эҳтимолан ба мухолифати ғоявӣ дар ҷомеъа оварда расонад. Воқеъан, инҳо нерӯҳои басо хатарзо маҳсуб мешаванд ва ҳоло хонаводаҳое ҳастанд, ки ақидаҳои падару бобо бо писару набера рост намеояд”.
Тоҷикистон ба таҳкими эътимод ниёз дорад?
Ба гуфтаи Абдунабӣ Сатторзода, айни ҳол чанд гурӯҳу созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон дар пайи таҳияи санаде бо номи “Таҳкими боварӣ” ҳастанд, ки он, аз ҷумла, чораҳои таҳкими эътимод миёни нерӯҳои мӯътадили мазҳабӣ ва созмонҳои дунявии кишварро дар назар дорад.
Як ҳадаф аз таҳияи ин санад, меафзояд ҳамсӯҳбати мо, ҷилавгирӣ аз хатари тундгароии мазҳабӣ дар Тоҷикистон аст, хатаре, ки дар камин аст ва нодида гирифтани он шояд оташи ҷанги навро дар кишвар фурӯзон кунад.