Сафари раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Афғонистон, санҷиши молии нашрияҳо аз сӯи мақомоти Кумитаи андоз ва баррасии масоили дигари муҳими сиёсиву иҷтимоъии кишвар, аз мавзӯъҳои меҳварии ҳафтаномаҳои ин ҳафтаи чопи Душанбе будааст.
Рӯзномаи «Имрӯз нюс» зери унвони «400 толиб, Тоҷикистон, муҳобот ва Афғонистон» матлаби муфассалеро дар бораи сафари раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба нашр расонидааст. Нигоранда ин сафарро дар таҳкими равобити ҳарду кишвар муҳим мехонад, вале аз қавли бархе аз масъулин ва коршиносон менависад, ки сатҳи ҳамкориҳо бо ин кишвари ҳамсоя пойин аст.
Барои мисол Алиҷон Шоев намояндаи Утоқи тиҷорату саноати Тоиҷикистон дар Афғонистон гуфтааст афроде, ки метавонанд дар тиҷорат саҳм бигиранд ба Тоҷикистон омада наметавонанд. Аммо нафарҳое, ки ба қавле «пойлучанд» дар Тоҷикистон пур шудаанд. Намояндаи тиҷоратии Тоҷикистон гуфтааст, ки иллати аслӣ, мушкили дарёфти раводид ва нокифоятии кори сафоратхона аст. Аммо коршиносои дигар Нуралӣ Давлат гуфтааст, ки сафарҳои президенти Тоҷикистон ба Афғонистон дар муқоиса бо бақия кишварҳои минтақа хеле зиёд сурат гирифтааст вале бозори Афғонистонро ҳоло Қазоқистону Ӯзбакистон ва Туркманистон ишғол кардаанд.
Аммо нашрияи «Миллат» аз раиси Кумитаи андози Тоҷикистон Нусратулло Давлатов дар мавриди санҷиши молии нашрияҳоро суол кардааст. Ба гуфтаи раиси Кумитаи андоз, санҷиши кормандони ӯ ошкор кардааст, ки чопхона ва бархе аз нашрияҳо ба маблағи 110 ҳазор сомонӣ пули молиётро насупоридаанд. Раиси Кумитаи андоз афзудааст, ки ин санҷиш бидуни кадом ғараз сурат гирифтааст вагарна изофа мекунад ӯ, агар ғаразе дар миён мебуд, ба истиснои нашрияҳои «Нури зиндагӣ», « Миллат», «Озодагон», «Чархи гардун» ва «Бизнес и политика» бақия нашрияҳо аз қайди андоз нагузаштаанд ва мо метавонистем ба додгоҳ муроҷиат карда фаъолияти онҳоро ғайриқонунӣ ҳисобем вале ин корро накарда барояшон мӯҳлат додем.
Зимнан раиси Кумитаи андоз фаъолияи ширкати IRS дар роҳи Душанбе Хуҷандро қонунӣ шуморида аз супоридани молиёт раҳо кардани ӯро амали ҳукумат номидааст. Агар ҳукумат ин қарори худро бознигарӣ кунад мо тибқи супориши он амал мекунем.
Ҳафтаномаи «Наҷот» аз ҲНИТ сӯхтор дар бинои Маркази фарҳангии ин ҳизб дар ҳафтаи гузаштаро амали тасодуфӣ наҳисобидааст. Ба навиштаи нашрия, дар ин бино ҳеҷ гуна ангезаҳое вуҷуд надошт, ки он худ аз худ бисӯзад. Зеро дар ин бино газ ва нерӯи барқ мавҷуд набуд.
Дар ин миён ҳафтаномаи «Озодагон» назарпурсиеро таҳти унвони «Оё шумо имкони эътироз доред» миёни коршиносон доир кардааст.
Абдуғанӣ Мамадазимов -сиёсатшиноси тоҷик гуфтааст, ки имкони эътироз карданро дорад вале вазъияти миллат ва кишвар чунин аст, ки мо ба таври озод эътироз карда наметавонем. Зеро дар мо фарҳанги сиёсии шаффоф вуҷуд надорад.
Аммо Шокирҷони Ҳаким- муовини раиси ҲСДТ мегӯяд, ки дар раҳбарияти Тоҷикистон иродаи сиёсӣ вуҷуд надорад ва чанд боре ҳам, ки гурӯҳҳои сиёсӣ талош карданд гирдиҳамоӣ ва ё роҳпаймоиҳоеро ба нишони эътироз барпо кунанд, шаҳрдорӣ иҷозат надод. Ба назарам гуфтааст оқои Ҳаким, ҳукумати феълӣ аз он дар ташвиш аст, ки агар як маротиба иҷоза диҳад, пас ин шакли эътироз ба як навъ фарҳанги сиёсӣ табдил мешавад.
Нашрияи фарҳангиву иҷтимоии «Чархи гардун» зери унвони «Сарфи беҳуда аз ҷониби сармоягузорон зиёд аст» аз сӯҳбатҳои матбуотии вазири кишоварзӣ Қосимҷон Қосимов иқтибосҳо овардааст. Вазири кишоварзӣ аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки сармоягузорон то нисфи маблағҳои худро барои нигаҳдории дафтарҳо ва коршиносони аз берун харҷ мекунанд. Дар ҳоле, ки дар дигар соҳаҳо хароҷоти мазкур баробар ба 10 дар сад аст аммо дар арсаи кишоварзӣ нисфи ин маблағҳо ба чунин корҳо сарф мешавад. Ин ҳам дар ҳоле, ки гуфтааст оқои Қосимов, дар худи Тоҷикистон мутахассисон ва донишманди ин ришта хеле зиёданд.
Нашрияи «Нури зиндагӣ» муҳтавои нишасти ахири хабарии вазири умури хориҷии Тоҷикистонро ба дасти чоп додааст. Ҳамрохон Зарифӣ иддаои мақомоти Ӯзбакистон дар мавриди зиёни обанбори неругоҳҳои Тоҷикистонро, ки сабаби хушкшавии баҳри Арал шудаанд такзиб кардааст. Вазири хориҷӣ мегӯяд, ки баръакс тӯли солҳои зиёд дар қаламрави Ӯзбакистон 50 обанбори бузург сохта шудааст, ки монеаи рехтани об ба ин баҳр ва сабаби хушкидани он шудааст.
Ва дар охир аз ҳафтаномаи «Азия плюс». Ин ҳафтанома мусоҳибаеро бо ректори Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов мунташир карда ва аз ӯ далели ифтитоҳи филиали он дар Тоҷикистонро пурсидааст. Виктор Садовничий гуфтааст, ки дар ҳоли ҳозир дар кишварҳои шӯравии пешин даҳ филиали ин донишгоҳ амал мекунад. Ва ҳадафи аслӣ омода кардани кадр яъне мутахассисон бо савия ва саводӣ олӣ дар тамоми паҳнои шӯравии пешин аст.