Президенти пешини Аргентина аз сактаи қалбӣ даргузашт

Бино ба гузоришҳои расида аз Аргентина, Нестор Кирчнер-раиси ҷумҳури собиқи ин кишвар дар натиҷаи сактаи қалбӣ дар шаҳри Калафате даргузашт. Вай шавҳари Кристина Фернандес-раиси ҷумҳури кунунии Аргентина буд. Интизор мерафт, ки Кирчнер дар инхоботи ояндаи раёсати ҷумҳурӣ номзадии худро пешбарӣ кунад. Қабл аз хонум Фернандес вай раиси ҷумҳури Аргентина буд.