Оҷонси назорати молиявӣ ва мубориза бо фасод мегӯяд, Далер Амонов, мудири кулли ширкати радио ва телевизионии «Ватан» ва ширкати «Арзон-мобайл» - бо ҷурми қаллобӣ боздошт шудааст.
Ҳусейн Оқилов, муовини сарраёсати мубориза бар фасод ва ҷароими молиявии Оҷонсӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, боздошти ҷаноби Амонов бар пояи шикояти чанд муассиса ва шаҳрвандони алоҳида сурат гирифт:
«Бо мақсади тасарруфи амволи ғайр бо роҳи фиреб ва сӯйистифода аз боварӣ маблағҳои шаҳрвандон ва муасисаҳоро аз худ кардааст. Шаҳрвандон ва муассисаҳои тиҷоратӣ ба мо шикоят карданд, ки ӯ ба боварии мо даромада, моро фиреб дод».
Иттиҳомоти Далер Амонов
Тибқи иттилои Оҷонсӣ, Далер Амонов бо шаҳрванди Русия Иззатулло Тошмуҳаммадов ба хотири ворид кардани телефонҳои дастии «Нокиа» ва пуштибонии радиои «Ватан» созишномаи шифоҳӣ баста, ба ҳисоби бонкии ширкати «Арзон мобайл» ва «ТРК Ватан» 805 ҳазор доллар ворид намудааст. Аммо шартҳои ҳамкориро иҷро накардааст ва ин маблағҳоро барои ширкатҳояш харҷ намудааст.
Як муомилаи дигари оқои Амонов бо муассисаи “Маркази ҳамсолони Турсунзода” будааст, ки ҳудуди 1 миллиону 100 ҳазор сомонӣ ва 150 ҳазор доллари амрикоиро ба соҳибони маблағ барнагардондааст. Далели дигар муомилаи пулӣ бо як шаҳрванд бо исми рамзии “К” аст, ки оқои Амонов аз ӯ гӯё 21,500 евро пули нақд гирифта, “ба манфиати худ” истифода кардааст.
Ҳусейн Оқилов гуфт, маблағи то ба ҳол маълуми даъвоӣ ҳудуди 1 миллиону 600 ҳазор доллари амрикоиро ташкил мекунад ва эҳтимоли пеш омадани далоили дигар низ вуҷуд дорад.
Боздошти ғайричашмдошт
Дар ҳамин ҳол, наздикон ва вакили дифоъи Далер Амонов аз далоили боздошти ӯ изҳори беиттилоӣ мекунанд.
Диловар Амонов, бародари ӯ мегӯяд, боздошти бародараш ғайричашмдошт ба вуқӯъ пайваста, ҳоло барои ӯ рӯшан нест, ки то куҷо иттиҳомот алайҳи ӯ воқеӣ мебошанд: «То ду-се рӯзи дигар аввал омӯзем, баъд мегӯем, ки асли матлаб чист».
Баҳодур Исматзода, вакили дифоъи Далер Амонов мегӯяд, танҳо як маротиба бо нафари таҳти ҳимояташ мулоқот дошта, то ба ҳол бо ҳамаи маводи парвандаи ошно нашудааст: «Пурра, ки шинос шудам, албатта, хулосаҳои худро хоҳам гуфт».
Далер Амонов аз соҳибкорони тоҷик ба шумор мерафт, ки соли 2003 ширкати радиотелевизионии «Ватан» ва баъдтар ширкати хадамоти мобилии «Арзон-мобайл»-ро таъсис дод. Ба қавли вакили дифои ӯ, боздоши оғои Амонов дар таърихи 15 октябри соли равон бо қарори додгоҳ иттифоқ афтодааст.
Сарнавишти норушани «Ватан»
Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон мегӯяд, боздошти Далер Амонов ба фаъолияти радиои муваффақи «Ватан» бетаъсир нахоҳад буд:
«Ватан» аз радиоҳои мустақил аст, ки бо тавозуни назар иттилоъ пешниҳод мекунад ва аз радиоҳои беҳтарин дар Тоҷикистон ҳам ҳаст. Аммо қазияи Далер ба радиои «Ватан» ва фаъолиятҳои рӯзноманигорӣ рабте надорад. Шояд ин мушкили моливу соҳибкории ӯ бошад, зеро Далер Амонов ҳамчун соҳибкор ошност».
Дар ҳамин ҳол, Ваҳҳоб Фазлиддинов, як масъули «Агроинвестбонк» мегӯяд, барои пардохти қарзҳои радиои «Ватан» дар баробари ин бонк масъулият дорад: «Муносибатҳои қарзии «Агроинвестбонк» бо радиои «Ватан» вуҷуд дорад. То тамом шудани ин муносибатҳо ман омадаам бо ҳамроҳии онҳо ҳамкорӣ кунам».
Оқои Фазлиддинов аз ироаи тафсилоти бештар ба далели сиррӣ будани маълумоти бонки худдорӣ кард.
Як корманди радиои «Ватан», ки аз гуфтани номаш худдорӣ кард, гуфт, дар давоми чандин соли фаъолият муассиси радио аз бонку «одамони бонуфуз» маблағҳои зиёдро ба қарз гирифта, пардохта натавонистааст. Ба гуфтаи ӯ кормандони радиои “Ватан” чанд моҳ ба ин сӯ дар гирифтани маоши худ мушкилӣ мекашанд ва марҳилаи феълиро “бӯҳронӣ» унвон мекунанд.