Дар интихоботи ояндаи порлумонии Тоҷикистон, ки баъди бештар аз чор соли дигар фаро мерасад, раъйдиҳӣ ба таври электронӣ сурат хоҳад гирифт. Дар ин бора Мирзоалӣ Болтуев, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, хабар дод.
Вай гуфт, гузаштан ба чунин шеваи раъйдиҳӣ ҳоло дар шаҳрҳои марказии кишвар имконпазир аст, ки сокинонаш дастрасӣ ба компютер ва интернет доранд.
Намояндагони аҳзоби мухолиф дар Тоҷикистон роҳандозии интихоботи электронӣ дар кишварро “теша бар решаи” тақаллуб намедонанд.
Айб дар ош ё мош ?
Онҳо мегӯянд, низоми интихоботи электронӣ наметавонад ба манфиати намояндагони аҳзоби мухолиф анҷом гирад, ки дар интихоботҳои гузашта низ ноком будаанд.
Ҷалолуддини Маҳмуд, як масъули Ҳизби наҳзати исломӣ, ки дар интихоботи порлумонии моҳи феврал тавонист ҳамагӣ ду намояндаашро вориди порлумон кунад, мегӯяд, мушкил дар низоми баргузории интихобот нест.
Балки ба гуфтаи вай, мушкили интихоботи Тоҷикистон аз номнавис кардани номзадҳову ворид кардани нозирон ба қитъаҳои раъйдиҳӣ об мехӯрад.
“Ягон хел тақаллубу мушкилотро аз байн бурда наметавонад. Зеро мардум барои қабули ин низом омода нестанд. Ҳатто дар шаҳрҳое, ки ба ин шакл интихобот гузашт, дидем, ки мардум намедонистанд, кадом тугмаро пахш кунанд ва чӣ гуна раъй диҳанд. Маҷбур аз мутасаддиён мепурсиданд, ки онҳо манфиати худро доштанд ва мегуфтанд, ки бояд кадом тугма пахш карда шавад”,-афзуд ӯ.
Интихоботи электронӣ
Мирзоалӣ Болтуев, раиси Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Тоҷикистон, рӯзи сешанбеи 26-уми октябр хабар дод, ки дар интихоботи порлумонии оянда интихобот на аз роҳи пур кардани варақаҳо, балки ба таври электронӣ сурат мегирад.
Яъне, сокинони кишвар бидуни рафтан ба қитъаҳои раъйдиҳӣ аз манзили худ метавонанд ба номзади мавриди назари худ райъ диҳанд. Онҳо метавонанд тавассути шабакаи интернет ва телефонҳои мобил дар интихобот ширкат кунанд.
Оқои Болтуев афзуд, низоми интихоботи электронӣ натанҳо мушкили онҳоро барои чопу тавзеъи варақаҳои интихоботӣ осон мекунад, балки имкон медиҳад, ки ҳар шаҳрванди Тоҷикистон аз ҳар гӯшаи ҷаҳон раъйи худро низ бидиҳад.
“Онҳо метавонанд дар ҷои истодаи худ овозашонро ба шахсони мавриди назарашон диҳанд. Вақте ба ин система мегузарем, дар вилояти Бадахшон бошем ё дар Хуҷанд бидуни мамониат метавонем раъйи худро бидиҳем. Албатта, барои ин фурсат лозим аст”,-илова кард Болтуев.
Аммо дар Тоҷикистон гузаштан ба низоми интихоботи электронӣ дар шаҳрҳои марказии кишвар имконпазир будааст, ки ҳамакнун сокинонаш ба компутару интернет дастрасӣ доранд.
То кунун Русия ва Қазоқистон - ду кишвари пасошӯравӣ қисман ба низоми раъйдиҳии электронӣ гузаштаанд.
Шафофият дар интихобот
Дар ҳамин ҳол, Давлаталӣ Давлатзода, намояндаи мардумӣ дар порлумон аз ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ, ба ин назар аст, ки низоми овоздиҳии электронӣ то ҳадде шакку гумонҳо дар бораи вуҷуди мавридҳои тақаллуб дар интихоботи Тоҷикистонро аз миён хоҳад бурд.
Вай гуфт, “фикр мекунам, системаи электронии интихобот шаффофиятро таъмин мекунад. Гуфтан мумкин аст, ки ояндаи системаи интихоботии ҷаҳонӣ ҳамин аст. Ва мо хоҳему нахоҳем бояд ба ин система ворид шавем.”
Мушкили таҷҳизот
Аммо ҳам ҷонибдорон ва ҳам мухолифони низоми овоздиҳии электронӣ дар кишвар ба ин фикаранд, ки дар чор соли оянда роҳандозии ин низом ба Тоҷикистон даст нахоҳад дод.
Давлаталӣ Давлатзода ҳам мегӯяд, ин низом дар кишваре, ки фақат як қисми кӯчаки мардумаш дастрасӣ ба интернет доранд, ба ин ҳадди осоние, ки Комиссияи марказии интихобот пешбинӣ кардааст, роҳандозӣ нахоҳад шуд.
Гузашта аз ин, ба гуфтаи Амнияти Абдулназар, коршинос ва раҳбари созмони «Демократия», интихоботи порлумонии Тоҷикистон дар моҳи феврал, дар фасли зимистон мегузарад, ки дар аксари манотиқи кишвар реҷаи барқ ҷорист ва ҳар лаҳза метавонад барқ хомӯш шаваду интихоботро ба ҳам занад.
Ҳадиси 500 000$ доллар
Бо ин вуҷуд, Комиссияи марказии интихобот ва ҳамапурсӣ мегуяд, остин барзадааст, то тарҳи интихоботи электронӣ дар кишварро ба ҳукумат пешниҳод кунад.
Вале мегӯяд Мирзоалӣ Болтуев, барои расидан ба ин ҳадаф, бояд ба камияш ним милион доллар пайдо кунанд ва пеш аз ҳама баргузоркунандагони интихобот ва сокинонро низ омӯзиш диҳанд.