Дар Афғонистон як корманди имдоди хориҷӣ рабуда шуд

Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ки имрӯз як корманди созмони имдоди ғайридавлатии Ҳолланд дар шимоли Афғонистон рабуда шудааст. Шоҳ Ҷаҳон Нурӣ-фармондеҳи пулиси вилояти Тахор гуфт, ин корманди имдод ба вулусволии Бангӣ рафтааст ва вайро афроди мусаллаҳи номаълум аз мошинаш рабудаанд. Абдулҷаббор Тақво-волии вилоят гуфтааст, ронандаи вай низ рабуда шудааст. Масъулияти ин одамрубоиро касе ё гурӯҳе бар ӯҳда нагирифтааст.