Санадҳое, ки дар Кобул имзо карданд

Эъломияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар бораи густариш ва тақвияти муносибатҳои дуҷониба; Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои инкишоф ва идоракунии манбаъҳои об дар дарёи Панҷ Ому; Созишнома миёни ҲукуматиҶумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба тиҷорати транзитӣ; Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика миёни Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон ва Вазорати энержӣ ва оби Афғонистон; Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ; Ёддошти тафоҳум миёни Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Идораи миллии стандарти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон. Дар ин бора сомонаи president.tj хабар додааст.