Қиссаи "Зафар"-и Зоҳири Самарқандӣ

“Зафар” нахустин қиссаи калонҳаҷми журналист ва нависандаи тоҷики муқими Самарқанд Зоҳир Ҳасанзода аст, ки дар чопхонаи “Янги аср авдолӣ”-и Тошканд ба табъ расид.
Ин китоби шарҳиҳолӣ саргузашти писари хонадони серфарзандеро дар маҳалли Хоҷа Аҳрори Валии Самарқанд тасвир мекунад, ки пайваста дучори ҳодисаҳои хандадору моҷароҳои мухталиф мешавад.

Саргузашти як ҷавони шӯравӣ

Хонанда бо зиндагии Зафар аз овони кӯдакӣ то давраи сарбозиаш шинос мешавад, ки дар пойгоҳҳои низомии шӯравӣ дар Маҷористон гузаштааст. Қаҳрамони қисса писари шӯхтабиату бебок, моҷароҷӯю адолатхоҳ, гоҳо ҳилагару аммо хайрхоҳ, доништалабу зирак мебошад. Ӯ дар миёни ҳамсолон аз нуфузу обурӯи хос бархӯрдор буда ҳамеша мақоми пешво ва шахси мавриди эътимодро доштааст.

Бояд гуфт, дар тарбияву ташаккули ҷаҳонбинии Зафар нақши хеле муҳимро модаркалонҳо бозидаанд, ки яке меҳри ӯро ба адабиёту шеър ва китоб бедор карда, дигаре ба одамдӯстиву накӯкорӣ ҳидоят кардааст. Ҳардуи онҳо ҳам дар лаҳзаҳои ҳассостарину хатарнок пуштибони аслии набераашон будаанд. Мавқеи хосро дар ин қисса сарвари хонадон - Ҳусейн Наҷмӣ касб кардааст, ки намунаи падарҳои хеле зиёди хонаводаҳои суннатӣ мебошад.

Корманди масъули ҳизби коммунист як марди сермеҳмону “ҷӯрабоз” дар хона бо фарзандон хеле сахтгиру босиёсат буда, аз ғазаби ӯ Зафар зиёд меҳаросид. Дар бархе ҳолатҳо, падар аз лату кӯби писари шӯхаш ор намекард. Аз ҳамин сабаб ҳам, Зафар дар ҳузури падар ба гуфтани ҳарфи дили худ, самимона изҳор кардани андешаву назараш, тавре бо модар ё бибиҳову дӯстон ва бархе омӯзгорони боэътимодаш даст медод, ҷуръат намекард.

Писари шӯху ноором, бачаи кунҷкобу зиндадил, ошкорбаёну шаккок афтодаву хеста ниҳоят ба обурӯву эҳтироми падар сарфароз мешавад.

Қаҳрамони қисса дар бораи нақши муҳими бархе омӯзгорону мураббиҳояш дар рушди шахсии ӯву дидгоҳҳояш ба зиндагӣ, тавони дарки воқеиятҳову фарқгузорӣ дар атвору рисолати онҳо таъкид ва бархе омӯзгорони худхоҳу ҷоҳил, тангназару бадсиририштро “тарбия” кардааст. Ҳамаи ин зиндагии Зафару шариконашро хеле рангаву шод, гоҳо пурғам ва дар аксар ҳолатҳо омӯзанда мегардонад.

Зоҳир Ҳасанзода бо устод Лоиқ
Баҳои адибон ба асари Зоҳир


Нависандаи тоҷик Адаш Истад, ки яке аз аввалин хонандаҳои ин қисса аст, мегӯяд, Зоҳир Ҳасанзода муносибати як кӯдакро бо низоми бисёр харобшудаи маорифи солҳои шӯравӣ намоиш додааст:

“Яъне ӯ кӯдакест, ки дар мактаб хонда, вале ба тарзи дигар фикр мекунад. Ҳама медонанд, ки педагогикаи замони шӯравӣ педагогикаи маҷбуркунӣ буд. Ҳадаф бедор кардани шавқи талаба ба фанҳо неву вайро ба ҳама кор маҷбур кардан буд. Давлат диктотурӣ, тоталитарӣ, ки буд, педагогикааш ҳам ҳамин хел буд. Ҳоло ҳам ингуна низом дар баъзе ҷумҳуриҳои шӯравии собиқ боқӣ мондааст. Ҳамин кӯдак, ки ба ҳама чиз муносибати эҷодкорона дорад, дар мактаб мехонад, ба ҳама ноадолатиҳое, ки аз пеши чашмаш мегузарад, ба тарзи худаш, яъне бо шӯхию, гоҳо авбошӣ ҷавоб мегардонад”.

Адаш Истад афзуд, ки баъди таҷрибаи нахустини эҷоди қисса умед дорад, ки Зоҳир Ҳасанзода боз қиссаҳои зиёди хондании дигар иншо хоҳад кард.

Зоҳир Ҳасанзода, ки дар шастсолагиаш нахустин қиссаи худро аз чоп баровард, то ҳанӯз бештар ба унвони хабарнигори вижаи нашрияи маъруфи “Овози тоҷик”шинохта шуда буд. Ӯ қиссанависиро як “санҷиши қалам» медонад ва мегӯяд, “ба нависандагӣ нобоварона ва беҷуръатона қадам гузоштааст”.

“Зафар” идомадиҳандаи он сабки эҷодиест, ки хоси нависандаҳои даврони шӯравӣ буд, вале тафовути замонии эҷоди ин қисса ба Зоҳир Ҳасанзода имкон медиҳад ошкору бепарда роҷеъ ба табуҳои солҳои шӯравӣ лаб кушояд. Нодориву ниёзмандиҳои падари Зафар - корманди баланди ҳизбӣ, ниқоргирии писар аз ходимони милиса ва ба сатили оби онҳо шошиданаш, дуздии ғизои мактаббачаҳо дар саҳрои пахта аз ҷониби омӯзгорон, сӯсистифодаи директор аз шогирдони мактаб дар хиштрезиву хонасозӣ, кӯшиши бо роҳи шиносбозӣ дохил шудани Зафар ба донишгоҳ ва мардикории ӯ дар ҳавлии омӯзгори бонуфузи ҳамсоя ва ниҳоят масъалагузории ӯ дар бораи ҳузури нирӯҳои шӯравӣ дар Маҷористону афзоиши рӯҳияи зиддирусӣ дар ин кишвари аврупоӣ аз масоилест, ки нависанда барои боз кардани воқеиятҳои нохуши давр истифода кардааст.

Зоҳир Ҳасанзода дар Самарқанди бостонӣ
Ифтихори тоҷикии ҷавони самарқандӣ


Нависандаи тоҷики ӯзбакистонӣ Акбар Усмонов қиссаи “Зафар”-ро бо қаҳрамонҳои маъруфи “Субҳи ҷавонии мо” (Сотим Улуғзода), “Бачаи шум” (Ғафур Ғулом), “Тобистон” (Пӯлод Толис) шабоҳат додааст. Зоҳир Ҳасанзода ҳам мегӯяд, ин асарҳо дар кӯдакӣ ба зеҳни ӯ таъсири амиқ гузошта баъдан дар гуфтани саргузаштҳои худ кӯмакҳо кардааст. Зоҳир Ҳасанзода дар сӯҳбат бо Озодӣ мегӯяд:

“Ман солҳои мактабхонӣ дафтани хотира надоштам. Ҳар чи ба ёдам омад, қисса кардам. Аз як қисса қиссаи дигар баромад ва ман паи ҳам қисм-қисм навиштам. Вақте менависам, рӯйдодҳои бачагӣ беихтиёр чун навори кино пеши назарам меояд”.

Қаҳрамони қисса писари тоҷикест, ки дар Самарқанд ба воя расида ҳамеша аз тоҷик будани худ ифтихор кардааст. Дар хизмати артиш ҳам дар Маҷористон ӯ худро чун сарбози тоҷики самарқандӣ муаррифӣ карда ҳамхизматон ва афсаронро аз роҳи ғазалҳои Ҳофизу Саъдӣ ба эҳтироми фарҳанги ин мардум ва омӯзиши шеъри тоҷикӣ моил кардааст. Вай мегӯяд:

“Ман шири модари тоҷикро хӯрда ба камол расидам. Ман фахр дорам, ифтихор дорам, ки фарзанди тоҷик ҳастам”.

Нависандаҳои тоҷики муқими Самарқанд мегӯянд, алорағми маҳдуд шудани доираи истеъмоли забони тоҷикӣ дар қаламрави Ӯзбакистон аммо чопу нашри китобу асарҳо ба ин забон ба шарти пардохти маблағи он аз ҳисоби худ кори душвор нест. “Омилҳои дигар ба маҳдудияти истифодаи забони тоҷикӣ сабаб мешавад”, гуфт Адаш Истад.

Зоҳир Ҳасанзода, ки қиссаи “Зафар”-ро аз ҳисоби худ дар Тошканд чоп кардааст, ботаассуф гуфт, ӯ бештар аз набуди имкони ба хонандаи тоҷикистонӣ дастрас кардани ин китоб нороҳат шудааст. Вай мегӯяд, бо айби баъзе “курсинишинони кӯтоҳандеш” баъди ҷорӣ шудани низоми раводид дар миёни Тоҷикистон ва Ӯзбакистон ҳоло гумрук аз интиқоли ҳама гуна адабиёту маҷалла ва маводи чопӣ ба хоки ҳамдигар ҷилавгирӣ мекунанд.

“Ман мехостам, ки ройгон китобамро фиристам, аммо афсӯс, ки баъзе мақомдорони кӯтоҳандеш намехоҳанд, ки китобҳои мо ба Тоҷикистон раванд ва аз Тоҷикистон ба ин ҷо китобҳо биёяд. Чанде пеш ҳамсари ман азми сафари Душанбешаҳр кард ва гуфтам, ки ба ман маҷалла, рӯзнома ва китобҳо биёр. Лекин дар сарҳад ходимони гумрук иҷозат надоданд. Онҳо рӯзномаву маҷаллаву китобҳоро гирифта монданд. Дар он ҷо ҳеҷ сиёсат нест, китобҳои бадеӣ буд”.


Вале бо ин вуҷуд, оқои Ҳасанзода аз он шод аст, ки китоби ӯро дар мактабҳои тоҷикии Самарқанд хонда бархе аз рӯи сужаи он намоишҳои ҳунарӣ ҳам гузоштаанд. Ӯ мегӯяд, вақте инро бо чашми худ мебинад, дарк мекунад, ки саҳми худро дар амри пойдориву рушди забони тоҷикӣ дар миёни насли ҷавони тоҷиктаборҳои Ӯзбакистон мегузорад. Ахиран муаллиф тарҷумаи ӯзбакии ин қиссаро аз дасти чоп баровард.