Оташсӯзӣ дар намозгоҳи Ҳизби наҳзат

Маркази фарҳангии ҲНИТ ва ҳамзамон ибодатгоҳи занони эътиқодманд дар дохили ҳавлии қароргоҳи ҳизб ҷойгир аст. Ҳоло бинои дутабақаии он вайрону валангор аст ва аз оташ танҳо дару деворҳояш раҳидаанд. Занони намозгузор ва кормандони марказ китобҳои Қуръони олуда ба дуду сиёҳиро пок мекарданд ва ҳамзамон ашк мерехтанд.
Кормандону намояндгони Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон мутмаинанд, ки ин оташсузӣ тасодуфӣ ва ё аз беэҳтиётӣ рух надодааст. Яке аз кормандони марказ, ки худро хонум Парвин муаррифӣ кард, гуфт:



«Инро намешавад масҷид гуфт. Ин як маркази фарҳании мо буд, ки мо барои худамон ҷои намозхонӣ дуруст карда будем, лекин занҳо худашон меоянд, ки намоз хонанд. Мо чӣ кор кунем? аз дасташон гирифта беруни дар кунем, намешавад. Онҳо мегӯянд шумо чи хел мусалмонед, ки моро аз хонаи Худо берун мекунед ?Мо борҳо ба онҳо гуфтем, ки хоҳарон, набиёед, ҳукумат манъ кардааст намозхониро дар инҷо, вале боз ҳам меомаданд»

«Оташсузӣ тасодуфӣ набудааст»

Маҳмадалии Ҳайит, муовини раиси Ҳизби Наҳзат ҳам мегӯяд, ин ҳодиса тасодуфӣ нест ва баҳам хӯрдани ноқилҳои барқ дар бинои марказ имконнопазир аст, чунки мегӯяд оташ аз паси боми бино аланга гирифтааст, ки аз онҷо сими барқ намегузарад:



“Ман фикр мекунам, ки ин оташсузӣ аст. Бо ягон маводи сузишворӣ оташ задаанд. Чунки аз пушти бино, ҷое, ки оташ дар гирифтааст, ягон хел сими барқ намегузарад, ниҳоят огоҳкуниҳову ангуштгузориҳо бо ҳамин натиҷа анҷом ёфт.»

Дар саҳни ҳавлӣ, ки чанде палосу ашёи нимсӯхтаи биноро берун кашида буданд, намояндагони вазорати умури дохила кормандони ин марказро даъват карда аз онҳо баёнот мегирифтанд. Кормандони милиса аз шарҳи ҳодиса ва омилҳои сар задани ин сӯхтор худдорӣ варзиданд.

Вале яке аз кормандони вазорати корҳои дохила гуфт, то вақте, ки экспертиза сабаби сар задани сӯхторро муайан накунад, чизе гуфта наметавонанд: «Не, ҳоло ҳеҷ чиз маълум нест, экспертиза ,ки маълум кард, баъд гап мезанем».

Вазири дохила аз ҷои ҳодиса дидан намуд

Шоҳидони айнӣ гуфтанд, Абдурраҳим Қаҳҳоров, вазири умури дохилаи Тоҷикистон дар соатҳои аввали сӯхтор ба ҷои ҳодиса омада, бо вазъ ошно шудааст.

Ҷаноби Қаҳҳоров пас аз ошноӣ бо вазъ, бо Саидумар Ҳусайнӣ, муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва намояндаи ин ҳизб дар парлумон сӯҳбат кардааст.

Сӯхтор ба ҳодисаи дирӯз рабте дорад?

Мақомоти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон оташсӯзии маркази фарҳангии худро ба руйдоди 22-уми октябр рабт медиҳанд. Дар он рӯз пас аз намози ҷумъа, гурӯҳе аз маъмурони амниятӣ ба қароргоҳи ин ҳизб ворид шуда ва аз ҳозиронаш хостаанд, ки дар ин маҳал намоз нагузоранд.

Ҳикматулло Сайфуллозода, сухангӯи ҳизб ба Радиои Озодӣ гуфт, мақомоти расмӣ ба онҳо гуфтаанд, ки намозгузорӣ дар қароргоҳи ҳизби сиёсӣ хилофи қонун аст:

«Пешакӣ ба мо аз Кумитаи дин як мактуб омада буд ва мо намегӯем, ки тамоман камбудӣ набудааст, будааст вале мо бо роҳи маслиҳату машварат мехостем ҳал кунем. Ҳеҷ мушкил миёни мову Кумтитаи дин набуд. Вале ногаҳон рӯзи ҷумъа кормандони мақомот омадаву таҳдид карданд ва ҳатто эмомхатиби моро протокол кардаву гуфтанд ин протокол ба суд фиристода мешавад. Мо дар ин бораи ба президент ҳам муроҷиат карда будем»

Наҳзат мушкилро сулҳомез ҳал карданӣ буд

Саидумар Ҳусейнӣ, ноиби раиси ҳизби наҳзати Исломии Тоҷикистон гуфт, онҳо чанде қабл аз Кумитаи дини назди ҳукумат номае гирифтанд ва гуфтугӯҳо доир ба фаъолияти марказ ва масъалаи намозгузорӣ дар он идома доштааст:



«Мо ба онҳо гуфтем, ки ҳоло камтар сабр кунед, ҳоло гапи мо бо Кумитаи дин ба охир нарасидаст, худо хоҳад ҳал мекунем мушкили ҷойдоштаро бо роҳи нармӣ ва муътадил, аммо чӣ кунем, ки роҳи фишору таҳдидро пеш гирифтанд ва эмомхатиби моро ба додгоҳ кашиданд ва рӯзи душанбе қарор аст ӯро ба додгоҳ баранд, намедонам тақдираш чӣ мешуда бошад»

Мақомот : «Амали хилофи қонун»

Маҳмадулло Асадулоев, сухангӯи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ба РО гуфт, гузаронидани чунин рейдҳо аз ҷониби мақомоти интизомӣ набояд барои ҲНИ ғайричашмдошт бошад, зеро борҳо онҳоро огаҳ кардаанд, ки намозгузорӣ дар бинои ҳизб ва ба таври қочоқӣ фурухтани диску наворҳо дар он ҷо манъ аст:



«Ин рейдҳо ду сол аст, ки давом доранд, лекин ҳоло пурзӯр карда шудааст. Борҳо ба онҳо гуфта буданд, ки диску наворҳоро аз роҳи қочоқӣ нафурушанд, медонистанд инро».

Чанде пеш мақомоти расмӣ аз Ҳизби Наҳзат хоста буданд, ки қароргоҳи ҳизбро ба ҳайси масҷид истифода накунанд, зеро ин кор хилофи қонун аст. Маркази фарҳангии Ҳизби Наҳзат шояд ягона ибодатгоҳе бошад, ки занон намози ҷамоа мегузоштанд