Маҷрои Вахшро барои "Сангтӯда-2" мебанданд

Гул Шералӣ-вазири энержӣ ва саноати Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба хабарнигорон гуфт, барои идомаи корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда-2", маҷрои рӯдхонаи Вахш моҳи ноябр баста мешавад. Маҷрои об тағир меёбад ва об аз ду нақби обгузар ҷорӣ хоҳад шуд.
Вай санаи диқиқи бастани маҷрои обро ном набурдааст, вале гуфтааст, ки дар он рӯзҳо, маҳдудияти шадиди барқ дар назар гирифта нашудааст. Нерӯгоҳи "Сангтӯда-2"-ро ширкати "Сангоб"-и Эрон месозад.

Қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон хостори роҳандозии нахустин чархаи нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-2» то оғози фасли сармо шуда буд. Ин нерӯгоҳ тавассути ширкатҳои эронӣ сохта мешавад ва раиси ҷумҳури Тоҷикистондар авоили ҳамин моҳ аз вазири энержии ЭронМаҷиди Номҷӯ хоста буд то дар ин амр мусоидат кунад.

Шералӣ Гул, вазири энержии ва саноъати Тоҷикистон низ гуфта буд, мавзӯи пеш аз мӯҳлат, то 20 солагии ҷашни Истиқлоли Тоҷикистон ба истифода додани нерӯгоҳи «Сангтуда-2» аз масъалаҳои меҳварии иҷлоси ин комиссиюни муштараки Тоҷикистону Эрон дар авоили ҳамин моҳ будааст.

Нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» бо сармоягузории Эрон сохта мешавад ва тибқи қарордоди имзошуда миёни ду ҷониб, пас аз 12 соли истифода ба нафъи Эрон, ин нерӯгоҳ дар ихтиёри Тоҷикистон қарор хоҳад гирифт.

Ба иловаи ин, ширкатҳои эронӣ дар сохтмони туннелу ҷодаҳои Тоҷикистон саҳм доранд.

Ахиран ширкати «Собир»-и Эрон, ки сохтмони тунели "Истиқлол"-ро низ анҷом додааст, дар музоида дар сохтмони роҳи Шоҳон-Зиғар дар минтақаи Дарвоз баранда шуд. Ин сохтмон аз сӯи ниҳодҳои молии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ сармоягузорӣ мешавад.

Табодули мол миёни Эрон ва Тоҷикистон дар 8 моҳи соли равон беш аз 112 миллион долларро ташкил медиҳад, ки нисбат ба Чин ва Русия беш аз даҳ баробар камтар аст.

Дар тӯли 8 моҳ аз Тоҷикистон ба Эрон дар ҳудуди 30 миллион доллар коло содир шуда, дар ҳудуди 81 миллион доллар коло аз Эрон ба Тоҷикистон ворид шудааст