Додситонии низомии минтақаи Қӯрғонтеппа алайҳи 6 ҷавони даъватшуда ба аскарӣ, ки аз адои хизмати низомӣ сарпечӣ карданд, парвандаҳои ҷиноӣ боз карда, барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол намудааст. Додгоҳ дар навбати худ, онҳоро ба ҷазои шартӣ маҳкум карда, дубора ба Артиш фиристодааст.
Мақомоти комиссариати ҳарбии вилояти Хатлон мегӯянд, маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи артиши кишвар, ба фарқ аз солҳои қаблӣ бо мушкил анҷом мешавад. Бисёре аз ҷавонони хатлонӣ аз адои хизмати низомӣ парҳез мекунанд, шуморе аз онҳо ба муҳоҷирати корӣ, хориҷ аз Ватан, рафтаанд.
Абдуқодир Нуров, додситони ҳарбии минтақа, мегӯяд, ҷавонон ба хотири сафарбар нашудан ба артиш аз ҳама имконот истифода мекунанд, ҳатто мавриде ҳам шуда, ки ҷавоне барои аскарӣ нарафтан қасди худкушӣ кардааст: «Ин ҳодиса дар Шаҳритус сар задааст, ки як ҷавон пораи шишаро гирифта, дасти худашро бурид, то ки ӯро ба хизмати ҳарбӣ набаранд…»
Ва аммо чаро ҷавонони қобили аскарӣ ба он ҳад аз адои хизмати сарбозӣ парҳез мекунанд, ки қодиранд ҳатто сӯйиқасд ба ҷони худ кунанд?
Ҳарос аз хизмати аскарӣ
Коршиносон мегӯянд, бавижа пас аз ҳаводиси шарқи Тоҷикистон ва фирори 25 зиндонӣ аз маҳкамаи муваққатии Кумитаи амнияти миллӣ, ки мунҷар ба қатли даҳҳо сарбоз шудааст, бисёре аз ҷавонони синну соли қобили хизмати низомӣ ва волидони онҳо ба таҳлука афтода, ба ҷустуҷӯи роҳҳои гурез аз хизмати аскарӣ пардохтаанд.
Муҳаббат Мирзораҳимова, коршиноси маҳаллӣ, мегӯяд, сабаби дигари фирори ҷавонон ҳам ин аст, ки дар ин авохир ба истилоҳ «облава»-ҳо, ё боздошти ҷавонони қобили хизмати сарбозӣ дар кӯчаву хиёбонҳо аз ҷониби кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ шиддат гирифтааст:
«Ҳамин хел мавридҳо ҳам ҳастанд, ки ҷавононро баъди бозгашт аз кишвари муҳоҷират, ё ҳангоми сафарашон ба хориҷа, дар фурудгоҳ доштаанд, то ба хизмат низомӣ сафарбар кунанд. Худам шоҳид будам, ки дар пеши бинои комиссариати ҳарбӣ беш аз 100 падару модар, онҳое, ки фарзандашонро дар кӯчаву хиёбонҳо боздошта, оварда ба хизмати ҳарбӣ сарфарбар карданианд, дида мешуданд ва ин ҳол қариб ҳар рӯз дар ҳамин мавсими даъвати ҷавонон ба артиш мушоҳида мешавад. Пӯшида нест, ки ҷавононро ҳатто дар кӯчаҳои шаҳру деҳот, баъзан аз хонаҳояшон ба тариқи маҷбурӣ, гоҳе «облава» карда, ба артиш мефиристанд. Ва имрӯз ҳама метарсанд, ки писаронашонро ба аскарӣ фиристанд, хусусан баъди ҳодисаҳое, ки дар Рашт ба вуқӯъ пайваст, баъди он ки мурдаҳо оварда шуданд аз он ҷо…»
"Облава"-и ҷавонон
Дар ҳамин ҳол, Саидакбар ном як ҷавони 19-сола, мегӯяд, ҳарчанд то ҳанӯз даъватномаи комиссариати ҳарбиро дарёфт накардааст, бими онро дорад, ки дар кӯчаҳо метавонад ба дасти афсарони комисариати ҳарбии ноҳия қарор бигирад: «Чанд ҷӯраи маро ҳамин хел қапиданд, напурсиданд, ки шумо кӣ ҳастед, аз куҷо ҳастед, оё дар донишгоҳ мехонед ё бекорагардед. Боз дағалона рафтор мекунанд. Як бачаи ҳамсояамонро дар шаҳр дастгир карданд, вай гуфт, ки дар донишгоҳ мехонад, бовар накарда ба комиссариат бурданд, то соҳибош хабар ёфтанд, ки аллакай вайро ба хизмат сафарбар карданд. Барои ҳамин ман ба кӯча қариб ки намебароям…»
Вуҷуди мавориди «иҳотагирӣ» ё ба истилоҳ «облава»-и ҷавонон бо ҳадафи сарфарбарии иҷборӣ ба Артиши миллиро мақомоти додситонии ҳарбии минтақа иқрор мекунанд. Абдуқодир Нуров, додситони ҳарбии минтақа, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки ахиран се мавриди ҷалби иҷбории ҷавонон ба хизмати сарбозиро ошкор ва дар ин робита кормандони масъули комиссариатҳои ҳарбиро ба муҷозоти интизомӣ кашидааст.
Ва аммо оид ба ифтитоҳи парвандаҳои ҷиноӣ дар робита ба сарпечии 6 наваскар аз хизмати ҳарбӣ додситони ҳарбии минтақа гуфт:
«Аз нӯҳ ҳодисаи фирор, 6 ҳолаташ ба он вобаста аст, ки ҷавонон ҳоло то ба қисми ҳарбӣ норасида, яъне ки ягон душвории хизматро дар худ ҳис накарда, баъди гузаштан аз комиссияи даъватӣ ва сафарбар шудан ба қисми низомӣ, аз роҳ то ба маҳалли адои хизмати ҳарбӣ норасида, аллакай фирор намуданд ва аз хизмат саркашӣ карданд…»
Додситони ҳарбии минтақа афзуд, ҳама 6 наваскари фирорӣ аз сӯйи додгоҳи низомӣ муттаҳам шинохта шуда, барояшон ҷазои шартӣ таъин шудааст. Вале шояд ҷазои сангинтар барои 6 ҷавони фирорӣ ҳам ин бошад, ки баъди муҳокимаҳои додгоҳӣ, онҳо дубора ба воҳидҳои низомии кишвар барои адои хизмати аскарӣ сафарбар гардиданд.