Суратҳисоби нави бонкӣ барои саҳмияҳои Роғун

Давлати Тоҷикистон тасмим дорад барои пулҳои ҷамъшуда аз фурӯши саҳмияҳои давлат дар робита ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун як суратҳисоби алоҳидаи бонкӣ ташкил кунад. Ин дар ҳолест, ки ахиран вазорати молия, 300 миллион сомонии ин пулҳои ҷамъшударо барои гардиш дар ихтиёри 5 бонки тиҷоратӣ қарор дода буд.
Вале сарнавишти боқимонда беш аз 500 миллион сомони пулҳои ҷамъшуда аз фуруши саҳмияҳо то ҳол норӯшан боқӣ мемонад.

Шариф Раҳимзода, раиси бонки милли Тоҷикистон дар як нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли радиои Озодӣ, ки ин пулҳо дар ихтиёри кадом ниҳоди давлатӣ қарор дорад, гуфт пулҳои ҷамъшуда аз фурӯши саҳмияҳои нирӯгоҳи Роғун дар ихтиёри вазорати молия дар ҳисоби будҷаи давлатанд.

«Будҷа маблағҳои худро дорад. Ва ҳамин маблағҳои боқимонда низ дар ҳамин ҳисоб ҳастанд ва интизоранд, ки кай ин пулҳо хароҷот мешавад. Ва ҳоло қарор аст ин маблағҳоро дар ҳисоби алоҳида ҷой бидиҳанд ва баробари равиши сохтмон, хариди таҷҳизоту дастгоҳҳо масраф шаванд.»

Давлати Тоҷикистон ба хотири мустақилона шурӯъ кардани сохтмони нирӯгоҳи барояш хеле муҳими Роғун, дар аввали сол саҳмияҳои ин нирӯгоҳро ба маблағи 6 миллиард сомонӣ, муодили 1 миллиарду 350 миллион доллар ба фурӯш баровард ва тайи 3 моҳи маъракаи густардаи фурӯши ин саҳмияҳо беш аз 800 миллион сомонӣ, ё чизе дар ҳудуди 186 миллион доллар аз аҳолӣ ва корхонаҳову ширкатҳо барои ин сохтмон ҷамъ овард.

Вале Душанбе баъдан маҷбур шуд, бо дархости ниҳодҳои байналмилалии молӣ ва кӯмакрасонҳои Тоҷикистон то замони анҷоми ташхиси фанниву иқтисодӣ ва зистмуҳитии тарҳи нирӯгоҳ, ки Бонки ҷаҳонӣ бар ӯҳда гирифтааст, маъракаи фурӯши саҳмияҳои Роғунро муттаваққиф кунад.

Ва аммо нишасти хабарии раиси Бонки миллӣ маҳдуди танҳо мавзӯъи Роғун набуд. Шариф Раҳимзода дар ин нишаст гуфтъ, новобаста аз тағйиротҳо дар бозори ҷаҳонӣ, вазъи макроиқтисодии Тоҷикистон мӯътадил боқӣ мемонад. Вай гуфт, ки қиммати гандум дар бозорҳои ҷаҳонӣ аз болорави мондааст ва имкон дорад дар оянда рӯ ба поин биёрад.

Ҷаноби Раҳимзода гуфт, ҳаҷми интиқоли пул аз сӯи муҳоҷирон имсол ҳудуди 1миллиарду 700 миллион долларо ташкил кардааст, ки нисбат ба соли гузашта қариб 28 фоиз зиёд аст.

Раиси Бонки миллӣ дар посух ба суоли хабарнигорон дар бораи амнияти пасандозҳои мардум, ки дар замони феъли имкон дорад аз сӯи хаккерҳо рабуда шавад гуфт:

«Дар сурате, ки агар касе барои шикасти системаи бонкӣ талош кунад низ масъулияти ҳифзи пасандозҳо бар дӯши бонк аст на балки муштарӣ. Ахиран буданд амалҳое, ки талош карданд пулҳои интиқолии муҳоҷирон ба Тоҷикистонро ба бонкҳои Украина баргардонанд. Вале аз ин амалҳо ҷилавгирӣ шуд. Дар ҳар сурат, бонк муваззаф аст пули муштариро баргардонад.»

Раиси бонки миллӣ ҳамчунин дар бораи тадбирҳои ҷилавгирӣ аз гардиши пулҳои ҷаълӣ изҳори назар кард ва гуфт, ки дар ин бора бо раиси бонки милли Афғонистон дар бораи ҳифзи қаламрави дар ду кишвар аз чопу гардиши пулҳои қалбакӣ дар тамос ҳастанд. Ба гуфтаи Шариф Раҳимзода, ахиран дар марзи Афғонистон сомониҳои қалбакӣ кашфу мусодира шудааст.

«Дар сарҳад ин пулҳо мусодира шуд. Дар муомилот низ як то нимто пайдо шуда буд. Аслан маблағҳои калоне ба муомилот ворид нашуда буд. Пулҳои мусодирашуда ҳоло дар бонк маҳфуз ҳастанд. Ин хел ҳодисаҳо мешавад . Мардум, ки диққат надиҳад пули қалбакӣ ворид шудан мегирад»

Шариф Раҳимзода ҳамчунин зарурати роҳандозии як шабакаи алоҳидаи телевизионӣ дар Тоҷикистонро, ки мардумро аз вазъи бозори молу коло ва сиёсати бонкиву ҳипотека, хариду фурӯши саҳмияҳо ва умуман ҳама масоили иқтисодӣ ва иҷтимоӣ тули 24 соат огоҳ кунад, амре лозим хонд. Оянда, гуфт раиси Бонки миллӣ, ҳаминро тақозо мекунад.