Афзоиши сармояи хориҷӣ дар минтақаи озоди иқтисодии "Панҷ"

Дар зарфи чанд моҳи ахир, ба минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ», воқеъ дар ноҳияи Қумсангир, беш аз 10 миллион доллар сармоя ҷалб шудааст. Файзулло Расулов, раиси ин минтақаи озоди иқтисодӣ мегӯяд, ахиран ду ширкати хориҷӣ лоиҳаҳои худро барои сармоягузорӣ омода намуда ва барои татбиқи он мувофиқа ҳосил шудааст.
Муаллифи яке аз тарҳҳои сармоягузорӣ, ширкати тавлидотию сохтмонӣ ва тиҷории мавсум ба «Pioneer»-и Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мебошад. Ширкати мазкур мехоҳад, бо сармояи наздик ба ду миллиону 700 ҳазор доллари амрикоӣ, дар ин минтақаи озоди иқтисодӣ, корхонаи саноатии истеҳсоли лӯлаҳои плостикӣ барои бунёди дару деворҳо бино кунад.

Алоқаманди ширкатҳои хориҷӣ

Ширкати амрикоӣ дорои сертификати минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» шудааст, яъне соҳиби қитъаи замини худ дар ин минтақа буда, барои сохтмони зербинои он корро шурӯъ кардааст. Ба ҷуз ин, ҳамчунин як ширкати олмонӣ барои сохтмони терминали логистикӣ бо лоиҳаи «Трасека» дар минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» алоқамандӣ нишон додааст.

Ахиран дар мавриди ихтисос додани 100 ҳазор метри мукааб пораи замин дар ин минтақа гуфтушунид анҷом ёфтааст. Барои бунёди терминали мазкур, ширкати олмонӣ 7,5 миллион доллари амрикоӣ масраф хоҳад кард. Феълан арзёбиҳои фаннию иқтисодии қитъаи сохтмони терминал ва тадқиқот барои тарҳи бозсозӣ ё «генплан» дар арафаи анҷомёбӣ будааст.

Ин дар ҳолест, ки бархе аз коршиносон ва тоҷирони ватанӣ ба вуҷуди мушкилоту монеаҳои сунъӣ барои бақайдгирӣ ва фаъолияти корхонаҳои хусусӣ дар минтақаи озоди иқтисодии “Панҷ” таъкид мекунанд. Гузашта аз ин, ба иддаои таҳлилгари маҳаллӣ Азимҷон Ваҳҳобов, мушкилоти зербиноӣ, шабакаҳои мухобиротӣ ва норасоии барқу газ аз монеаҳои аслӣ дар роҳи рушди минтақаи озоди иқтисодии “Панҷ” мебошад:

“Шароити ногувори мавҷуда дар маҳалли минтақаи озоди иқтисодӣ, ба гумони ғолиб, барои бисёре аз сармоягузорони потенсиалӣ мусоид нест. Ин минтақаи озоди иқтисодӣ аз оддитарин шароитҳо барои гардиш додани тиҷорату иқтисод бархурдор намебошад. Аз тарафи дигар, шароити бақайдгирӣ ва дарёфти иҷоза барои кор дар ин минтақа бояд содда карда шавад. Бояд маркази ягонае таъсис биёбад, ки ба сабтиноми соҳибкорон ё ширкатҳое, ки мехоҳанд бо сармоягузорӣ дар ин минтақаи озоди иқтисодӣ кор баранд, на ин ки мисли имрӯз бо садҳо мушкил идора ба идора бираванд барои бақайдгирӣ...”

Давлатшоҳ Мақсудов, муовини раиси ноҳияи Қумсангир
Хушбинии мақомот аз ояндаи минтақаи озоди тиҷоратӣ


Ва аммо Давлатшоҳ Мақсудов, муовини раиси ноҳияи Қумсангир, мегӯяд, давлати Тоҷикистон барои ҳалли мушкилоти марбут ба зербинои минтақаи озоди иқтисодии “Панҷ” беш аз 50 миллион сомонӣ ихтисос дода, то чанд соли оянда масъалаи мазкур роҳҳал пайдо хоҳад кард. Ба гуфтаи ҷаноби Мақсудов, тибқи барнома, барои рушди зербино ва фаъолияти комили минтақаи озоди иқтисодӣ, ҳафт сол пешбинӣ шудааст:

“Ман мутмаинам, ки дар ояндаи наздик минтақаи озоди иқтисодии “Панҷ” ба яке аз судмандтарин воситаи даромад ва рушди иқтисоди кишвар табдил хоҳад ёфт. Зеро мавқеи ҷуғрофии ин минтақа барои анҷоми ҳама намудҳои соҳибкориву тиҷорат мувофиқ аст. Агар ҳоло дар ин минтақаи озоди иқтисодӣ ҳамагӣ то 30 нафар кор мекунанд, дар оянда дар ин минтақа барои беш аз се ҳазор нафар ҷойи кори доимӣ таъсис дода хоҳад шуд. Бунёди роҳи оҳан аз Ёвон-Қӯрғонтеппа-Колхозобод то Панҷи поён ва аз ин ҷо то ба шимоли Афғонистон, ки дар назар аст ва низ беҳсозии вазъи роҳҳо то ба вилоятҳои Қундузу Мазори Шариф ва шаҳри Кобули Афғонистон, ки ҷараён дорад, имкони ҳамлу нақли молу коло аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупо аз тариқи Тоҷикистон ба Афғонистону Осиёи Ҷанубиро фароҳам хоҳад кард”.

Файзулло Расулов, раиси минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» мегӯяд, дар соли ҷорӣ ширкатҳо ва соҳибкорон аз Ҷопон, Русия, Амрико, Амороти Мутаҳидаи Араб, Арабистони Саудӣ, Малайзия, Сингапур ва бархе аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Қазоқистону Узбакистон алоқамандии худро ба ин минтақаи озоди иқтисодӣ зоҳир кардаанд.

Имтиёзҳо ҷиҳати ҷалби бештари сармоя

Ҷаноби Расулов афзуд, бо мақсади ҷалби сармоя ба минтақаи озоди иқтисодӣ, тибқи қонун, як идда имтиёзҳо аз молиёт ва гумрук пешбинӣ шудааст. Масалан, қимати истифода аз ҳар як метри мукааб замини минтақаи озоди иқтисодӣ як доллари амрикоӣ муқаррар гардидааст. Аммо шарти аслии минтақаи озоди иқтисодӣ барои лоиҳаҳои сармоягузорӣ ин аст, ки сармоягузор бояд корхонаи истеҳсолӣ бунёд карда, ҳаҷми сармояи аввалияаш на кам аз ним миллион доллари амрикоӣ бошад.

Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» моҳи майи соли 2008 дар ҳудуди мавзеи Қарадуми ноҳияи Қумсангир, маҳалли наздик ба марзи Афғонистон, дар масоҳати беш аз 400 ҳектор бунёд гардидааст.

Минтақаи мазкур бо мақсади рушди тиҷорату иқтисоди Тоҷикистон, ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ, татбиқи таҷрибаи намунавии идора ва менеҷмент, афзоиши содирот, рушди шаҳрсозӣ дар қаламрави минтақаи озоди иқтисодӣ, бунёди инфрасохтори истеҳсолию мухобиротӣ, ҷодаҳо ва ташкили ҷойҳои нави корӣ, дар мӯҳлати 25 соли оянда таъсис дода шудааст.