Ҳаҷми ҳамлу нақли бор дар роҳи оҳани Тоҷикистон дар 9 моҳи соли ҷорӣ, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 миллиону 23 ҳазор тонна ё ҳудуди 30 дарсад кам шудааст. Усмон Қаландаров, муовини раиси идораи Роҳи оҳани Тоҷикистон далели инро, маҳдудиятҳои дар марз эҷод кардаи Узбакистон ном бурд.
Таҷҳизоти Роғун ҳанӯз раҳо нашудаанд
Аммо оқои Қаландаров ҳамзамон хабарҳои ахири нашршуда аз номи ширкаташро, ки гӯё ҷониби Узбакистон қаторҳои ҳомили масолеҳу таҷҳизот барои нерӯгоҳи Роғунро иҷозати вуруд ба Тоҷикистон додааст, рад кард:
Вай гуфт: «Як корманди мо, ки ба иллати беморӣ, мураххасӣ буд, рӯзи ба кор омадан аз касе шунидааст, ки қатораҳои ҳомили қатрон(битум) ворид шудаанд. Вай фикр кардааст, ки ин қатораҳои ҳомили қатрон барои нерӯгоҳи Роғун аст. Ва ин иттилоро ба расонаҳои хабарӣ додааст ва қаторҳои ҳомили коло барои Роғун то ба ҳол дар банди масъулони роҳи оҳани Узбакистон ҳастанд.»
Ин дар ҳолест, ки дар поёни ҳафтаи гузашта, мақомоти ширкати роҳи оҳан ва вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар доданд, ки дастикам 6 вагони ҳомили колоҳо барои нирӯгоҳи Роғун аз марзи Узбакистон убур карда ва дастикам 4 вагони дигар дар садади убури ин марз аст. Ҷаноби Қаландаров ба ин суоли радиои Озодӣ, ки дар ҳоли ҳозир чанд вагони ҳомили коло барои нерӯгоҳи Роғун дар марзи Узбакистон банд мондааст, посухи рӯшан надод:
«То замоне, ки вагонҳо вориди Тоҷикистон нашавад, мо дақиқ намедонем, ки он ба кадом ширкат ва ё сохтмон ихтисос дорад. Ба ин далел, ман дақиқ гуфта наметавонад, ки чанд вагон барои Роғун дар марзи Узбакистон банд мондааст.»
Усмон Қаландаров гуфт, ки масъалаи мушкили транзит миёни Тоҷикистон ва Узбакистон дар ҷаласаи хадамоти роҳи оҳани кишварҳои ҳамсуд ва Балтик, ки рӯзи чоршанбе дар Вилнюс шурӯъ ба кор кард, низ баррасӣ хоҳад шуд.
Дархости Тоҷикистон аз САҲА
Ахиран сафири Тоҷикистон дар САҲА Нуриддин Шамсов ба истинод ба омори расмии идораи роҳи оҳани Тоҷикистон гуфта буд, ки вагонҳои бандмонда ҳудуди 900 буда, 4 вагони ҳомили таҷҳизоти муҳим барои сохтмони нерӯгоҳи Роғун аз ин ҷумла аст, ки дар марзи Узбакистон банд мондааст. Душанбе аз ин созмон хостааст, то тавассути эъзоми як гурӯҳи корӣ, ин мушкилро таҳқиқ кунад
Таниши байни Тоҷикистону Узбакистон бар сари вагонҳои бандшуда аз моҳи феврал ба ин сӯ идома дошта, бештар ба вагонҳои роҳии вилояти Хатлон дар ҷануби Тоҷикистон таъсир кардааст. Ҷониби Узбакистон тахриб шудани як қисмати роҳи оҳан дар минтақаи Амӯзанг бар асари селу боришот ва иҷрои корҳои тармимӣ дар ин қисмати роҳи оҳанро, ки аз ноҳияи Шаҳритӯс бо вилояти Хатлон пайванд мегирад, далели аслии пеш омадани таъхир дар транзити вагонҳои Тоҷикистон ном мебарад.
Аммо ҷониби Душанбе асли қазияро ҳомили ангезаҳои сиёсӣ хонда, ба мухолифати Тошканд ба барномаҳои энержии Тоҷикистон, аз ҷумла тарҳи нирӯгоҳи Роғун, ки Узбакистон ба он шадидан мухолиф аст, бастагӣ медиҳад. Душанбе ҳатто шеваи бархӯрди Тошканд ба қазияи вагонҳои бандшударо талоши муҳосираи иқтисодии Тоҷикистон ба қалам дода буд.
Ангезаи сиёсии масъала
Шокир Ҳакимов таҳлилгари умури сиёси ба ин назар аст, ки шояд вагонҳои ихтисос дошта ба нерӯгоҳи Роғун ба Тоҷикистон расида бошад, аммо мақомоти Тоҷикистон, ки дар идомаи кор дар нерӯгоҳи Роғун мушахассотро эҳсос намекунанд, ҳамоно дар бораи манъи вагонҳо дар марзи Узбакистон пофишорӣ мекунанд.
Ҷаноби Ҳакимов афзуд: «Ин масъала ангезаи сиёсӣ дорад. Имкон дорад Узбакистон қабл аз ҷаласаи Вилнюс вагонҳоро сар дода бошад. Ҷиҳати дигари масъала ин аст, ки то ҳол дар идомаи корҳои сохтмонӣ дар Роғун, мушаххасот вуҷуд надорад.»
Масъалаи манъи вагонҳои ихтисосшуда барои «Сангтӯда-2» дар миёни ширкатҳои роҳи оҳани Эрон ва Узбакистон баррасӣ шуд ва ин иқдом то ҳадде барои коҳиши маҳдудиятҳо кӯмак кард . Муовини раиси идораи роҳи оҳан дар мавриди гумшудани колоҳо аз қатораҳои Тоҷикистон дар марз гуфт, ки аз сӯи тоҷирон беш аз 300 шикоят дарёфт кардаанд ки дар мавриди ғайри қонунӣ ғасб шудани ин колоҳо аз сӯи кормандони марзобони ва хадамоти гумрукии Узбакистон аст.
Усмон Қаландаров афзуд, ки ин мушкил дар ҷаласаи масъулони ширкатҳои роҳиоҳани кишварҳои ҳамсуд дар Ереван баррасӣ хоҳад шуд.