Дирӯз Камолиддин, як ҷавони маълул, ки баданаш қисман фалаҷ аст, бо як духтари камбизоат ва мариз оила бунёд кард. Дар оилаи арӯс низ, бародараш ба мисли Камолиддин аз фалаҷи кӯдаконаи ҳароммағз азият мекашад.
Камолиддин бо арӯси худ Марҷона дар бунёди атфоли маълул «Некӣ» вохӯрда дил бастааст. Қурбон Саидов, омӯзгори донишгоҳи омӯзгории кишвар ва падари Камолиддин, мегӯяд бовар надошт, ки ба ин рӯзи нек хоҳанд расид:
«Арӯс оварда истодаем, ки ҳамин хурсанд шавад. Ҳаракат карда истодаем. Ҳамеша дар хизмати ҳамин писар ҳастем».
Писари ягонаи хонавода
Камолиддин дар оила як писар аст. Волидон бовар доштанд, ки писари ягонаашон дар оянда асои пириашон хоҳад шуд. Бехабар аз он, ки бо амри тақдир худашон бояд тамоми умр ӯро парасторӣ кунанд.
Тошбибӣ Саидова, модари соҳибҷашн, аз хурсандӣ наметавонист, ашки чашмонашро боз дорад. Ӯ мегӯяд, ба хотири хурсандию хушбахтии фарзанд, омода аст табобат ва нигоҳубини арӯси маризашро низ ба ӯҳда бигирад:
«Келинам маъюб. Мо ду маъюбро якҷо кардем, ки савоб шавад. Ман як писар дорам, тақдир ҳамин будаст, чунин бемор шуд. Маъюбҳо хурсанд шаванд мо хушбахтем. Ман орзу дорам, ки наберадор шавам, ман дигар ҳеҷ кас надорам.»
Хушҳолии пайвандони домоду арӯс
Дар ин рӯз, тӯйхона пур аз хешу табор ва дӯстону ҳамсояҳо буд. Ҳама кӯшиш мекарданд, ки дар тӯйи арӯсиву домодии ин ду ҷавон саҳме гузоранд. Камолиддин барои овардани арӯс бо мошини сафеди оро дода шуда, рафт. Ӯро корвони мошинҳо, наворбардору аксбардор ва доиранавозон ҳамроҳӣ мекарданд.
Камолиддин аз дохили мошин рақсу бозии пайвандонашро тамошо мекарду аз шодиву ҳаяҷон, худ низ мерақсид. Пайвандонаш мегӯянд, ӯ дар интизори ин лаҳзаҳо то субҳ мижа таҳ накардааст:
«Ман хурсандам, арӯсро чанд бор дидаам, номаш Марҷона, ба ман писанд аст. Ман ба ӯ гуфтам, ки туро ҳамеша эҳтиёт мекунам. Аммо ҳоло бо ӯ гап намезам, чун, ки моро ҳоло никоҳ накардаанд, убол аст. Мулло омада аст, бегоҳ никоҳ мекунанд».
Арӯсу домодро дар хонаводаи Саидовҳо бо риояи ҳама суннатҳои мардумӣ, бо пошидани ширинӣ ва густурдани пояндози сафед истиқбол гирифтанд. Ҳама дасти дуо мебардоштанд, ки ин ду ҷавон хушбахт ва аз шаҳди хонадорӣ ком ширин кунанд.