RSF: "Ҷойгоҳи матбуот дар Тоҷикистон маҳдуд шудааст"

Созмони байналмилалии Хабарнигорони бидуни марз дар Индекси тозанашри озодии матбуот, Тоҷикистонро аз мавқеи 113-уме, ки соли гузашта доштааст, имсол дар мавқеи 115-ум ҷой дод.
Элза Видал, масъули умури Осиёи Марказӣ ва Аврупо дар созмони байналмилалии Хабарнигорони бидуни марз, дар шарҳи ду зина поин рафтани нишондодҳои Тоҷикистон дар индекси озодии матбуот дар соли ҷорӣ гуфт, расонаҳои мустақил имсол дучори фишорҳои мухталифи мақомоту намояндагони давлат шудаанд.

Фишор болои матбуоти мустақил афзудааст

Вай афзуд, ки матбуоти мустақили Тоҷикистон имсол аз ҷониби мақомот ва сохторҳои давлатӣ зиёд таҳдид шудааст, ки дар сурати идомаи чопи матолиби танқидӣ, мавриди пайгарди қонунӣ қарор хоҳад гирифт. Элза Видал гуфт:

“Манзури мо ин аст, ки мақомот ба таври ошкоро таҳдид мекарданд, ки матбуоти танқидкунандаро мебанданд ва ё дар нисбати онҳо парвандаҳои ҷиноӣ боз мекунанд. Дар ин муддат парвандаҳои ҷиноӣ дар нисбати ҳафтаномаҳои “Фараж”, “Пайкон”, “Миллат”, “Озодагон” ва дигарҳо боз шуд”.

Хонум Видал афзуд, ки гузориши имсола, вазъи матбуотро дар кишварҳои ҷаҳон ва аз ҷумла Тоҷикистон дар марҳилаи аз сентябри соли гузашта то сентябри имсол ба баррасӣ гирифтааст.

Ӯ гуфт, ки дар сурати вориди ин гузориш шудани даъвоҳои ахири миёни вазорати дифоъ ва дигар сохторҳои давлатии Тоҷикистон бо матбуоти мустақил дар пасманзари нооромиҳои водии Рашт, рейтинги ин кишвар боз ҳам поинтар мерафт. Элза Видал гуфт, рӯйдодҳои ахир атрофи матбуоти озоди Тоҷикистон, мавриди таҳқиқи ҷудогонаи ин созмон қарор хоҳад ёфт.

“Дар асл, вазъи куллии Тоҷикистон назар ба нишондодҳои индекси имрӯз нашршудаи озодии матбуот ба маротиб бадтар аст, чунки мақомот чунин имкониятҳои фишорро истифода мекунанд, ки намояндагони матбуот барои ҳимояи худ ҳатто дар хориҷа пуштибон намеёбанд."

Вай афзуд, таҳқиқи феълии вазъи матбуот аз он хотир душвор аст, ки масъалаи худсензура, ки матбуотро водор ба бастани даҳони худ мекунад, дар ниҳоят барои ошкор кардани ҳақиқати ҳол монеъ мешавад.

Нигаронӣ аз вазъи матбуот

Вай мегӯяд, дар Тоҷикистон чанд мақомдори бонуфуз аст, ки на фақат ба ҷомеа ва шароити сиёсии ин кишвар, инчунин ба кори матбуот ҳам таъсиргузор ҳастанду тавони фишороварӣ ба расонаҳои мустақилро доранд. Ӯ мегӯяд аслан, ҳоло фаҳмидани равобити миёни мақомот ва расонаҳои мустақили Тоҷикистон хеле сахт аст. Чунки матбуот мутмаин нест, ки чопи ин ё он матлаби танқидӣ боиси боз шудани парвандаи ҷиноӣ нисбаташ намешавад, ба он хотир, ки сохторҳои ҳифзи қонуни ин кишвар ҳамоно мустақил нестанд.

Хонум Видал мегӯяд дар ҳамин ҳол, як тамоюли мусбате дар фаъолияти матбуоти Тоҷикистон ба мушоҳида мерасад:

“Матбуоти мустақил дар Тоҷикистон ҳатто агар донанд, ки бо мушкил рӯбарӯ мешавад, аммо ҳангоми пеш омадани масъалае муттаҳид шуда аз мақомот музокираву гуфтугӯро талаб мекунанд. Онҳо дигар хомӯш нестанд ва муттаҳид шуда бо садои баланд мавқеи худро баён мекунанд”.

Вазъ дар кишварҳои минтақа шабеҳи Тоҷикистон аст


Созмони Хабарнигорони бидуни марз мегӯяд, ки дар як соли охир вазъи матбуот на танҳо дар қаламрави Тоҷикистон, балки дар қаламрави тамоми ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ хеле бад шудааст.

Туркманистон бо мавқеи 176-умаш дар индекси озодии матбуот чун яке аз бадтарин давлатҳо аз лиҳози озодиҳои баён арзёбӣ мешавад. Қазоқистон ҳатто дар мавқеи раҳбарикунандаи САҲА, имсол ҳамоно таъқиби журналистони танқидгар ва ҳам зиндоникунии бархеро идома додааст.

Вазъи сиёсии Қирғизистон бо сабаби хушунатҳои имсолаи моҳҳои апрел ва июн, ба матбуоти озод ҳам таъсир гузошта мавқеи ин кишварро назар ба солҳои пеш поинтар бурдааст. Хонум Видал гуфт, ҳоло аз ҳукумати нав бисёриҳо интизоранд, ки дар амри ҳимояи матбуоти озод кори бештаре анҷом хоҳад дод.

Ба гуфтаи вай, Ӯзбакистон ба сабаби бидуни тағйир мондани системаи сиёсии танзимкунандаи кори матбуот, ҳамоно дар як ҳолати хеле бад боқӣ мемонад. Вай ботаассуф гуфт, ки давлатҳои аврупоӣ барои кӯмак ва пуштибонии матбуоти мустақил ва журналистон дар Ӯзбакистон. иқдом намекунанд.